БЕШ АЗ 150 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАРИ РАСОНИДА БАРТАРАФ ШУД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Муқовимат бо корупсия / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Зимни нишасти матбуотӣ дар прокуратураи минтақаи Кӯлоб, муоивини прокурори вилояти Хатлон оид ба минтақаи Кӯлоб, мушовири адлияи дараҷаи 3 Музофиров Ҳамзаалӣ иттилоъ дод, ки прокуратураи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб ва шаҳру ноҳияҳои он дар самти пешгирии қонунвайронкуниҳо ва назорати прокурорӣ аз қабили назорати умумӣ, риояи қонунгузории замин, нақлиёт ва гумрук, андоз, инчунин масъалаҳои вобаста ба ноболиғон ва ҷавонон як қатор корҳои мушаххасро ба анҷом расонидааст.
Ба иттилои номбурда, дар ин давра аз ҷониби прокуратураи вилоят дар минтақаи Кӯлоб ва шаҳру ноҳияҳои он ҷиҳати назорати умумии ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузорӣ санҷишҳо гузаронида шуда, танҳо дар соли 2025 – 687 маротиба (соли 2024 – 673) санҷиш анҷом дода шудааст. Дар натиҷа, соли 2025 – 13 045 (соли 2024 – 13 038) ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор гардида, вобаста ба онҳо 2 282 амр оид ба бартарафсозии қонунвайронкуниҳо (соли 2024 – 2 108), 1 782 эътироз (соли 2024 – 1 671), 1 046 пешниҳод (соли 2024 – 1 094) ва 1 803 истеҳсолоти интизомӣ (соли 2024 – 1 820) роҳандозӣ шудааст. Ҳамчунин, 3 614 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (соли 2024 – 3 524) ва 380 парвандаи ҷиноятӣ (соли 2024 – 353) оғоз гардида, маблағи умумии 150 млн. 140 ҳазору 046 сомонӣ зарарҳои расонидашуда (12 моҳи соли 2024 – 126 млн. 826 ҳазору 308 сомонӣ) барқарор карда шудааст.
Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ дар минтақа нишон дод, ки дар давоми соли 2025 сатҳи умумии ҷинояткорӣ тамоюли афзоиш дорад. Дар ин давра ҳамагӣ 1 872 ҷиноят (соли 2024 – 1 810) ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 62 адад ё 3,43 фоиз зиёд мебошад. Сатҳи ошкоркунии ҷиноятҳо 81,38 фоизро ташкил додааст (соли 2024 – 76,61 фоиз), ки нисбат ба соли гузашта 4 фоиз афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин, шумораи ҷиноятҳои вазнин ба 312 адад расидааст (моҳи соли 2024 – 302), ки 10 адад ё 3,31 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра бештар ҷиноятҳои авбошӣ – 124 адад (соли 2024 – 129), дуздӣ – 430 адад (соли 2024 – 414), қаллобӣ – 122 адад (соли 2024 – 166) ва қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ – 10 адад (соли 2024 – 7) ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла, тибқи маълумоти оморӣ, дар 12 моҳи соли 2025 дар ҳудуди шаҳр ва ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 124 ҷинояти авбошӣ сабт гардида, аз ин шумора 31 адад ба шаҳри Кӯлоб рост меояд (соли 2024 – 42), зикр намуд прокурор Музофиров Ҳ.Ғ.
Ҳамчунин, ба назорати иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» ва «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар ин самт аз ҷониби прокуратураи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб ва шаҳру ноҳияҳои он 282 ҳолати қонунвайронкунӣ (соли гузашта – 242) ошкор карда шудааст. Дар натиҷа, 251 санади таъсири прокурорӣ қабул гардида, 132 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Умарҷон Тошматов,
“ХАТЛОН”
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
28-12-2024, 14:23
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...