БОЗ ЯК СОҲИБДИЛЕ МОРО ТАРК ГУФТ...
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 109
![]()
Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст,
Шамъ чун хомӯш гардад, доғи маҳфил мешавад.
Чанд рӯз пеш рӯзноманигори варзида, собиқадори матбуот, узви ИЖТ, Аълочии матбуоти Тоҷикистон Ғайбулло Ҳалимов аз олам даргузашт.
Инсони шарифу некном, фарзанди асили миллат, фидоии меҳнату хизмат ба халқу Ватан Ғайбулло Ҳалимов 10-уми сентябри соли1948 дар ноҳияи Восеъ чашм ба дунёи ҳастӣ боз намудааст. Соли1971 факултаи филологияи тоҷики ДДК ба номи А. Рӯдакиро бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тоҷик хатм намуд. Ӯ ки ба қаламкашӣ шавқу завқи зиёд дошт, рӯ ба рӯзноманигорӣ овард. Соли1981 дар рӯзномаи вилоятии “Роҳи ленинӣ” ба кор омад. Баъдан ба рӯзномаи ноҳиявии “Мубориз”-и ноҳияи Восеъ ба ҳайси ҷонишини муҳаррир ва мухбири махсуси рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар минтақаи Кӯлоб кор кард. Баъди таъсиси рӯзномаи вилоятии “Хатлон” ба ҳайати ин нашрия пайвас-та, мухбири махсуси нашрия дар минтақаи Кӯлоб таъин гардид.
Аз рӯзи нахустини ба ин вазифа таъин гардидан Ғайбулло Ҳалимов тамоми ҷидду ҷаҳди худро ба навиштани мақолаҳои танқидию таҳлилӣ равона карда, камбудиҳои ҷойдоштаи корхонаву муассисаҳо ва дарди ҷомеаро ба қалам медоду пайваста дар хизмати мардум буд.
Собиқадори матбуот Ғайбулло Ҳалимов бо хислатҳои ҳамидаи худ, бо инсондӯстиву ширингуфторӣ, бо ҳама бародару баробар будан дар дилу дидаи мардум ҷой гирифта буд. Ӯ ҳамчун падари ҳалиму сахтгир фарзандони некро ба камол расонда, онҳоро хононду соҳибилму соҳибҳунар гардонд. Ҳоло онҳо ба меҳнати ҳалол дар касбу корҳои гуногун кор карда, номбардори падар шуданд.
Бале, ӯ ҳамеша серташвишу сертарадуд буд, эҷод мекарду корҳои оғознамудаашро нотамом намемонд, то охири умр ба касби рӯзноманигорӣ содиқ монд.
Дӯстону пайвандон бо инсони соҳибдил, рӯзноманигори шинохта Ғайбулло Ҳалимов видоъ карданд. Устод барҳақ инсони нек буданд. Қалбаш ҳамеша софу ботинаш пуршуру қиём, ишқи диёру ёр буд. Аз реҳлати Ғайбулло Ҳалимов пайвандону наздикон ашк мерезанд ва дуо мекунанд, ки Худованд охирати ӯро пурнур ва гӯрашро мунаввар созад. Аминем, ки номи ин рӯзноманигори асил абадан зинда хоҳад монд.
Зиндаву ҷовид монд, он, ки накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
P.S. Аҳли кормандони рӯзномаи вилоятии“Хатлон” аз мар-ги журналисти варзида, устоди сухан, собиқадори матбуоти Тоҷикистон Ғайбулло ҲАЛИМОВ андуҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум аз даргоҳи Эзиди пок сабри ҷамил хоҳонанд.
С. АТТОР, «Хатлон»
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...