Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТАҲКИМИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ АҲОЛӢ ДАР ХАТЛОН


ТАҲКИМИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ АҲОЛӢ ДАР ХАТЛОН




Дар вилояти Хатлон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва таҳкими фарҳанги шаҳрнишинӣ иқдоми нав роҳандозӣ гардид. Ин тадбир дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 25 апрел зимни мулоқот бо фаъолони вилоят ироа шуданд, амалӣ мегардад.

Дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ҷаласа бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои қудратӣ ва масъулони бахшҳои иҷтимоӣ баргузор шуда, масъалаи таъсиси гурӯҳҳои корӣ барои тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ баррасӣ гардид.
Сардори Раёсати ВКД дар вилоят Шариф Назарзода таъкид намуд, ки ҳадафи асосӣ татбиқи амалии сиёсати давлатӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад. Зикр шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ бояд ба раванди пайваста табдил ёбанд.
Қайд гардид, ки гурӯҳҳои корӣ бо усули «хона ба хона» бо аҳолӣ суҳбатҳо баргузор намуда, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии ифротгароӣ ва ҳифзи муҳити зисту симои шаҳру маҳалҳо мусоидат хоҳанд кард.

Ҳамчунин, таваҷҷуҳи асосӣ ба тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ равона мешавад.
Муовини раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода ва сардори Раёсати КДАМ дар вилоят Нусратулло Мирзозода ба масъулон дастур доданд, ки ҳангоми корҳои фаҳмондадиҳӣ риояи қонунҳои миллӣ, аз ҷумла «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим»-ро таъмин намоянд ва бо шаҳрвандон муносибати эҳтиромона дошта бошанд.
Ин иқдом ба таҳкими арзишҳои миллӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа мусоидат хоҳад кард.
Рамазони МИРЗОМИДДИН, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода