Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » СЕ СУТУНИ ЯК БОРГОҲ СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ АМНИЯТИ БОЗОРИ ИСТЕЪМОЛӢ Ёдҳои муқаддас ва роҳнамои зиндагии ман


СЕ СУТУНИ ЯК БОРГОҲ СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ АМНИЯТИ БОЗОРИ ИСТЕЪМОЛӢ Ёдҳои муқаддас ва роҳнамои зиндагии ман




Дар зиндагии ҳар инсон лаҳзаҳое ҳастанд, ки дар хотир абадан нақш мебанданд ва сарнавиштсоз мешаванд. Барои ман чунин лаҳзаҳо ба давраи таҳсил дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва солҳои фаъолияти муштарак бо устодонам дар ҳамин боргоҳи илму маърифат рост меоянд. Ман худро хушбахт мешуморам, ки роҳи касбии худро дар канори шахсиятҳое оғоз намудам, ки на танҳо дониш, балки роҳи зиндагиро ба мо омӯхта буданд.

Вақте ба сифати омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ба фаъолият оғоз намудам, дар паҳлуи худ се сутуни устувори маърифатро дидам, ки барои садҳо шогирд мактаби ҳақиқии инсонсозиро бунёд карда буданд.

Ин Қулов Аҳрор, омӯзгори фанни риёзӣ ва директори муассиса. Ӯ на танҳо роҳбари сахтгир, балки мураббии дурандеш буд. Бо ташаббусҳои ӯ сатҳи таълим баланд гардида, муҳити мактаб ба як фазои созандаи дониш табдил ёфта буд. 


Шогирдон аз ӯ дақиқфикрӣ,  масъулият ва иродаи қавӣ меомӯхтанд. Чиноров Нарзиқул, омӯзгори фанни география, ки бо услуби ҷолиби таълим дунёро ба синфхона меовард. Дарсҳои ӯ ҷаҳонбинии хонандагонро васеъ намуда, ҳисси кунҷковӣ ва муҳаббат ба омӯзишро дар қалби онҳо бедор месохт ва Саъдуллоев Сафаралӣ, омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ, ки танҳо ба машқҳои варзишӣ маҳдуд намешуд. Ӯ дар баробари тарбияи ҷисм, рӯҳи шогирдонро қавӣ мегардонд, дар онҳо ҳисси интизом, матонат ва ватандӯстиро парвариш менамуд.

Ин се шахсияти барҷаста бо ҳамдигар як низоми мукаммали таълиму тарбияро ташкил медоданд, ки дар он дониш, ахлоқ ва тарбияи
шахсият ба таври ҳамоҳанг рушд меёфт.

Зери таъсири осори гаронбаҳои Садриддин Айнӣ ман одат кар-да будам, ки ҳар субҳ барвақт ба мактаб омада, барои такмили дониш ва омодагӣ ба дарсҳо вақт ҷудо намоям. Рӯзе устод Саъдуллоев Сафаралӣ ба ман гуфтанд: «Кӯшиш кунед, ба касби худ содиқ бимонед ва одати сари вақт ба кор ҳозир шуданро ҳаргиз тарк накунед».

Ин суханҳои одӣ, вале пурмазмун, дар якҷоягӣ бо роҳбарии хирадмандонаи Қулов Аҳрор, барои ман дарси бузурги масъулиятшиносӣ
гардиданд.

Маҳз ҳамин устодон буданд, ки дар қалби ман ҳанӯз аз овони мактабхонӣ муҳаббат ба касби омӯзгориро ҷой доданд. Бозгашт ба ҳамин мактаб баъд аз хатми донишгоҳ барои ман на танҳо интихоби касб, балки идомаи роҳи маънавие буд, ки онҳо оғоз намуда буданд.

Имрӯз, гарчанде устодон Қулов Аҳрор, Чиноров Нарзиқул ва Саъдуллоев Сафаралӣ дар қайди ҳаёт нестанд, мактаби онҳо зинда аст. 
Он дар дониш, ахлоқ ва муваффақиятҳои садҳо шогирдоне, ки тарбия кардаанд, идома дорад. Ҳар як дарси ман идомаи ҳамон анъанаи неки онҳост. Бо эътимоди роҳбарият ва натиҷаи заҳмати пайваста, ман аз омӯзгори одӣ то ба вазифаи директори ҳамин муассиса расидам. Дар ин роҳ дарк намудам, ки роҳбарӣ танҳо вазифа нест, балки рисолати бузург аст - рисолати тарбияи инсон.

Ман ҳар боре, ки ба синфхона медароям, эҳсос мекунам, ки танҳо нестам. Онҳо бо мананд  дар ҳар сухан, дар ҳар дарс. Ва имрӯз,  ҳар қадаре, ки ба зиндагӣ назар меандозам, ҳамон қадар бештар мефаҳмам: омӯзгор рисолат аст. Рисолати фурӯзон кардани чароғе,  ки солҳо баъд ҳам роҳи дигаронро равшан мекунад.

Ёдашон ба хайр ва номи некашон ҷовидон бод!

Мурод ИСМАТУЛЛОЗОДА, 
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода