Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 22 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВӢ БАРҚАРОР ШУД


22 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВӢ БАРҚАРОР ШУД





Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар 154 ташкилоту муассиса тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида шуда, беш аз 22 миллион сомонӣ зарару камбудиҳои молиявӣ ошкор гардидааст. Аз ин маблағ 99,1 фоизаш ба давлат барқарор карда шудааст.

Дар ин давра 228 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор шуда, маблағи зарар беш аз 4 миллион сомониро ташкил додааст. Ҳамчунин, 135 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 146 нафар барои баррасӣ ба суд ирсол гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 ҳамчунин 398 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор гардида, ба маблағи 603 ҳазору 750 сомонӣ ҷарима таъин шудааст, ки 98 фоизи он ба буҷаи давлат ситонида шудааст.

Набиҷони Саидаброр,
"Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода