Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Баррасии масъалаҳои муҳим дар иҷлосияи навбатии вакилони халқ


Баррасии масъалаҳои муҳим дар иҷлосияи навбатии вакилони халқ


23 июн дар шаҳри Бохтар иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон (даъвати шашум) баргузор гардид.

Иҷлосияро раиси маҷлиси вакилони халқ, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, вакилонро бо рӯзномаи он шинос кард. Қайд гардид, ки ба баррасии Маҷлиси вакилони халқи вилоят пешниҳод шудани раванди иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2020-2022», ки бо қарори раиси вилоят тасдиқ гардидааст, аз он шаҳодат медиҳад, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир карда мешавад. 

Аз рӯйи ин масъала муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода баромад намуд. Зикр шуд, ки Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2020-2022 самтҳои асосии талаботи давлатиро дар соҳаи иҷтимоию меҳнатӣ, ташкил намудани системаи босамари мусоидат ба шуғли аҳолӣ, танзими ҷойҳои кории холӣ, касбомӯзии шаҳрвандон, нигоҳ доштани захираҳои кадрӣ ва дар якҷоягӣ бо тадбирҳои пешакӣ оид ба бартараф намудани афзоиши бекориро дар бар мегирад. Дар вилоят шумораи аҳолӣ ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ 3,4 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 1,9 миллион нафар захираҳои меҳнатӣ буда, шумораи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол 909,5 ҳазор нафар аст. Шуғлнокии аҳолӣ ба 45,2 фоиз расида, сатҳи расмии бекорӣ бошад, 1,6 фоизро ташкил медиҳад. Омӯзишҳои гузаронидашуда нишон доданд, ки нишондиҳандаҳои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2020- 2022» дар соли 2020 ва панҷ моҳи соли ҷорӣ барзиёд ва босифат иҷро гардидаанд ва бо дарназардошти корҳои дарпешистода бо боварии пурра гуфтан мумкин аст, ки то охири сол ҳамаи нишондиҳандаҳои Барнома пурра таъмин мегарданд. Дар панҷ моҳи соли 2021 ба раёсат ва шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 17342 нафари бекор муроҷиат намуд, ки аз ин шумора 14441 нафараш ба қайд гирифташуда, ба 8402 нафар мақоми бекорӣ дода шудаст. Дар ин давра мутобиқи дархости кордиҳандагон 9368 нафар бекорон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд, ки 39,9 фоизи иҷрои нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар давраи ҳисоботӣ 584 нафар шахсони эҳтиёҷманд, ки дар бозори меҳнат бо дигарон рақобат карда наметавонанд, бо воситаи ҷойбандкунӣ (квота) соҳиби кор гардиданд, ки 23,9 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни баррасии мавзӯъ таъкид намуд, ки агар имконияти пурраи истифодабарии ҷойҳои нави корӣ ва ҷойҳои кории холии мавҷуда ба мақомотҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ фароҳам оварда шавад, он гоҳ ҳамасола ба ҳисоби миёна зиёда аз 40 ҳазор нафар бекорон аз ҳисоби ҷойҳои нави корӣ ва зиёда аз 8 ҳазор бекорон аз ҳисоби ҷойҳои кории холӣ метавонанд бо ҷойи кор таъмин гарданд. Ин, дар маҷмӯъ, имконият медиҳад, ки сатҳи шуғлнокии аҳолӣ то ба 65 фоиз расонида шавад. Раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо вазифадор карда шуданд, ки барои дуруст таҳлил намудани бозори меҳнат дар шаҳру ноҳияҳо ҷойҳои нави корӣ ва ҷойҳои кории холии худро ба мақомотҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маҳалли ҷойгиршуда пешниҳод намоянд. Иттилоъ дода шуд, ки дар панҷ моҳи соли равон аз ҷониби мақомотҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 179 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид. Дар рафти баргузории онҳо 1430 корхонаю ташкилот ва муассисаю хоҷагиҳои гуногуни вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ иштирок намуда, аз ин ҳисоб 2298 нафар ба кор роҳхат гирифта, 2008 нафар ба ҷойи кори доимӣ, 1186 нафар ба касбомӯзӣ ва 137 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб гардиданд. Раиси маҷлиси вакилони халқи вилоят Қурбон Ҳакимзода маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки рафти иҷрои ҳатмии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №205 аз 2 апрели соли 2009 «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои аз ҷониби корфармоён пешниҳод намудани маълумот дар бораи мавҷуд будани ҷойҳои кори ишғолнагардида ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ»-ро иҷлосияҳои худ мавриди баррасӣ қарор дода, диққати вакилони халқ, роҳбарони корхона ва муассисаҳо ба иҷрои бе чуну чарои қарори мазкур равона намоянд. Дар иҷлосия ҳамчунин ҳисоботи Фирӯза Шарифӣ - раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, тандурустӣ, муҳофизати оила ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ шунида шуд. Қайд гардид, ки беҳтар шудани сатҳу сифати таълиму тарбия, 11 адад афзудани шумораи муассисаҳои таълимӣ, 2 кӯдакистон ва 14 маркази инкишофи кӯдак, дохилшавии муҳассилин тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид намудани технологияи муосири таълимӣ ва дастболо шудан дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз дастовардҳои чашмраси соҳаи маорифи вилояти Хатлон мебошад. Вакилони Маҷлис ҳисоботи сардорони Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаҳои Бохтар ва Кӯлобро низ оид ба амалӣ гардонидани қарори раиси вилояти Хатлон аз 19 марти соли 2020, №93 “Оид ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ” мавриди баррасӣ қарор доданд. Бо дарназардошти пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии Кӯшониён №15 Маҷлиси вакилони халқи вилоят дар бораи ташкили Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Кӯшониён №15 қарори дахлдорро қабул намуд. 

Н. Маъмурзода, “Хатлон”, нашри №37-и рӯзнома

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода