Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Аз нақлиёти мусофирбар, ки ҷониби ноҳияи Данғара равон буд, пиёда шудем ва то деҳаи Меҳрвар тасмим гирифтем, бидуни нақлиёт равем. Аз шоҳроҳ то деҳ тақрибан як километр масофа аст. Талу теппаҳои зебо, насими форами ин мавзеъ аҷаб дилпазиранд, ки руҳияи ҳар нафар беихтиёр болида мешавад. Дар роҳи деҳа ҳар замон нақлиёти сабукрав рафтуо доштанд, ки ин бозгӯ аз зиндагии хуби сокинони ин маҳал аст.
СУҲБАТ БО РАИСИ МАҲАЛЛА
Дар айвони раиси маҳалла – акаи Шамсиддин Раҳимов соате нишаста, суҳбати гарме аз гузаштаю имрӯзи деҳа доштем. – Бунёди деҳаи Меҳрвар ба солҳои 50-ум рост меояд. Сокинони аввалини он 5-6 оила аз Кангурт омада, дар ин мавзеъ сукунат доштаанд ва рустои кӯчакро “Ҳайҳайдашт” ном мегузоранд. Болотар аз ин деҳ рустои дигаре бо номи “Қайнама” ҳастӣ доштааст, ки дар он аслан ӯзбектаборон зиндагӣ мекардаанд ва баъдан номи он деҳаро ба ин деҳа мегузоранд, яъне деҳа номи “Қайнама”-ро ба худ мегирад.
Зимнан, деҳаро “Меҳрвар” ном гузоштем. Имрӯз русто обод аст, хатти об кашида шудааст ва мардум аз об мушкилӣ надоранд ва деҳа рӯз то рӯз сабзу хуррам мешавад. Маркази саломатии замонавӣ дар хизмати мардум аст. Муассисаи таълимӣ ҳам дорем, аммо ният ҳаст, ки ояндаи наздик мактаби замонавӣ бунёд намоем. Роҳи деҳаамон сангфарш аст ва оянда онро мумфарш хоҳем кард. Дар деҳа 140 оила ва беш аз 700 нафар сукунат доранд. Имрӯз сокинон аз ҳисоби коргоҳу корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” соҳиби ҷойҳои кори муносибанд. Сатҳи зиндагии мардум пайваста боло меравад. Дар хориҷ муҳоҷирони меҳнатӣ ҳам дорем, аммо муҳоҷирати онҳоро аз рӯи одат ҳам гӯем, хато намекунем. Зеро ҷойи кор ва маоши хуб дар деҳа кам нест.
Аз рӯзе, ки Минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд шуд, шароити таъмини об дар деҳа хуб гашт. Ҳамчунин, дар ин баробар бо саҳми шарикони рушд ба наздикӣ ба деҳа об овардем, – қисса кард Шамсиддин Раҳимов.
Шоир Амиршоҳи Хатлонӣ, ки зодаи ин деҳ аст, ин ҳама ободкориҳоро дида, бо забони назм гуфтааст:
Деҳи ман, эй пораи хоки Ватан,
Номи некат дар забонҳо Меҳрвар.
Об омад, домани ту сабз гашт,
Хоки хушкат шуд баҳори гулбасар.
Чун ба зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатии раиси маҳалла Шамсиддин Раҳимов ошно гаштем, марди бовиқор, ватандӯст ва ободгаре буда. Дар ин соат ӯ бо ифтихор пайваста аз ободкорӣ гуфт, аз соҳибистиқлолӣ шукргузорӣ кард, мушкилоти гузаштаи сокинони ин деҳаро ба пешрафти имрӯзаашон муқоиса намуд.
АЗ САРГУЗАШТИ БОБОИ ПИРМАҲМАД
Ӯ аз кӯҳистони Балҷувон ба Данғара кӯч баст. Солҳои 50-ум дар заминҳои мавзеи Қайнама (имрӯза Меҳрвар)-и ноҳияи Данғара чарогоҳҳои зимистонгузаронӣ барои парвариши чорво ба ноҳияҳои Ғарм вобаста шуда буд, ки ӯро барои кор даъват карданд. Он замон тақрибан 25 сол дошт. Симои модараш дар ёдаш нест. Дар 7-8-солагӣ аз падар низ ятим мемонад. Ба нақли ӯ, рӯзе падарашро аз хона мебаранду дигар бенишон мешавад...
– Он замон бо Сайфиддин Раҳматуллоев, Муродалӣ Ашӯров, Сафар Раҳимов, Насриддин Лақаев, Саид Валиев, Таваралӣ Шовалиев, Усмонқул Сатторов, Зубайдулло Зайнуллоев, Эмом Солеҳов, Давлат Сафаров, Гурезалӣ Солиҳев, Бобои Нурмуҳаммад, Асо-миддин, ки аввалин бошандагони деҳа буданд, дар
ин мавзеъ зиндагӣ оғоз кардем. Коргари одӣ будам, чӯпонӣ ва дигар корҳои саҳроӣ мекардам, – ёд овард Бобои Пирмаҳмад Абдуллоев.
Дар деҳаи Меҳрвар мӯйсафедон роҳнамову роҳбалад ва маслиҳатчии аҳли деҳ ҳастанд. Бо дуо ва маслиҳати онҳо корҳо оғоз мешаванд. Бобои Пирмаҳмад аз ҷумлаи шахсиятҳои куҳансолтарин ва соҳибэҳтироми деҳа аст. Дар ин маврид ба эҳтироми пирони рӯзгордидаи Меҳрвар Амиршоҳи Хатлонӣ чунин гуфтааст:
Ман ба пеши пои халқам сар ба поин оварам,
Ҳам муҳаббатномае аз қалби бекин оварам.
Хӯрдаам нону намак, панди фузун бишнидаам,
Эҳтиромшонро ба ҷо чун расму оин оварам.
Ӯ даҳ фарзандро тарбия намудааст. Фарзандон эҳтироми падарро ба ҷо меоранд. Пайваста аз аҳволаш бохабаранд. Наберагону аберагони зиёд дорад. Онҳо соҳибкасбу ҷойҳои кору зиндагии хуб ва эҳтироми хос доранд. Ӯ шахси бадавлат аст, аз ин ҳама пайваста шукргузорӣ мекунад.
Бобои Пирмаҳмад дар наврасию ҷавонӣ азобҳои зиёде кашидааст. Аз солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва солҳои баъдиҷангӣ ёд овард, ки чи гуна мушкилиҳо доштанд.
– Зиндагии беҳтарин аз давраи роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон сар шуд. Дар даврони Шуравӣ ҳам мардум қашшоқ буданд. Ҳозир тамоми нӯшу неъмати дунё ҳаст. Ин гуна шароит ҳеҷ гоҳ муяссар нашудааст. Ба ин ҳама бояд шукрона намоем, – гуфт Бобои Пирмаҳмад.
ПАЙВАСТА НЕКӢ КУНЕД!
– Падарам чорводорию зироатпарварӣ мекард ва новобаста аз мушкили кори худ вақт ёфта, моро тар-бия менамуд. Мо, фарзандонро соҳибкасб намуд, наберагону аберагон ҳама соҳиби касбу коранд. Мо аз падар тарбияи хуб гирифтем. Банда муассисаи касбиро бо ихтисоси хоҷагии қишлоқ хатм кардам.
-“Пайваста некӣ кунед, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол бошед, ба мардум кумак кунед”, - ин насиҳатҳои пада-рам ҳастанд, ки мо амалӣ намуда истодаем, – мегӯяд Гулмурод Абдуллоев, писари бобои Пирмаҳмад.
НЕКИЯТОН РАСАДУ БАДИЯТОН НЕ
Шариф Абдуллоев дар тарбияи фарзандон муваффақ аст, ки инро аз баракати насиҳатҳои падар медонад. Ӯ мегӯяд: “Падарам дар тарбия хеле ҷиддӣ буданд. Агар камбуде мекардем, ҳатто бо нигоҳаш тарбия мекарданд. Мо то ҳол худро пеши падар кӯдак эҳсос мекунем ва бо маслиҳатҳою роҳнамоиҳояшон пайи корем. Бисёр таъкид мекунанд, ки ҳаққи мардум нахӯред, аз дастатон ояд, кумак расонед. “Некиятон расаду бадиятон не” – ин шиори падарамон аст. Мо ҳам ба фарзандон ин шиорро талқин мекунему тарбия менамоем.
ТАКАББУР НАВАРЗЕД
Раҷабалӣ Абдуллоев мегӯяд: “Бисёр нақлҳо ва суҳбатҳои аҷиб доранд падарам. Имрӯз ҳам хотираашон қавӣ ва фикрҳояшон ҷолиб аст. Назди мо эҳтироми хеле бузург доранд. Эҳтиромамон ба падар аз он хотир аст, ки нисбати тарбияи мо-фарзандон
саҳми бузург гузоштаанд.
Пайваста таъкид мекунанд, ки “Ҳеҷ гоҳ такаббур наварзед, ба гузаштаатон нигоҳ кунед”. Мо аз па-дар бисёр розием, ҳоло ҳам кумакашон мерасад. Ҳар саҳар бо дуои падар ба кор меравем.
АЗ МУСОҲИБА БО ГУЛМУРОД
Ӯ шоҳиди се ҷабҳаи мушкили зиндагӣ – ташкилшавии Тоҷикистони Шуравӣ, даврони тох-тутози босмачигарӣ, оғозу анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва даврони рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
Писараш Гулмурод Абдуллоев ба хотири ошноӣ ба таърихи зиндагии падари хеш мусоҳибаеро рӯйи коғаз овардааст, ки ба хонандаи азизи худ лозим донистем қисмате аз онро оварда бошем:
- Падарҷон, аз саргузаштатон қисса мекардед?
– Аз Ҷорӯбалӣ Лақаев суроғаи момаи Чуҳригулро пурсед, рафта хабар мегирем. Ман рӯзҳои кӯдакиамро дар хонаи онҳо гуза-ронидаам.
– Хуб шудааст, падарҷон, ҳоло бо телефон аз акаи Ҷорӯбалӣ мепурсам.
Писар аз акаи Ҷорӯбалӣ суроғаи момаи Чуҳригулро пайдо мекунад, ки дар ноҳияи Кӯшониён, хоҷагии Куйбишев сукунат доштааст. Ҳангоми ба ҳавлиаш ворид шудан замон пиразани 107-сола:
“Оҳ-ҳо, Пирмаҳмадайе, аз куҷо пайдо шудӣ, сағера?” – гӯён бо лаҳни хос, ки аз қадрдониашон гувоҳӣ медод, якдигарро истиқбол намуданд ва дар чашмони ҳарду ашк ҳалқа зад...
– Чуҳригул, дар давраи кӯдакиям некиҳои зиёде кардӣ, ман инро фаромӯш накардаам. Ҳамааш мисли оина пеши наза-ам намоён аст. Нону намак ва хизматҳоятро ба ман биҳил кун, бубахш.
– Пирмаҳмад, ҳамаи он рӯзҳои гузашта дар хотири ман ҳам ҳаст, туро ман кофта аз байни кӯдакон оварда, шикаматро сер мекардам”, – гуфту баъдан даст бардошта, дуои нек дод ва бо гулӯи гирифта ва чашмони намнок аз саргузашти сангини мӯйсафед қисса кард...
– Момаҷон, Шумо шаҳодатномаи таваллуд доред?
- Албатта дорам, шавҳари ман, Карим шахси босавод буд.
– Момаҷон, мақсади ман фаҳмидани синну соли падарам мебошад, ки давраҳои кӯдакӣ бепарастор буду соли таваллудаш аниқ нест.
– Пирмаҳмад 2-3 сол аз ман хурд аст, барои он, ки ман дар 17-солагиам соҳиби фарзанд шудам ва он вақтҳо ӯ бачаи навраси 13-14-сола буд, – фаҳмонд кампир.
Бобои Пирмаҳмад дар деҳаи Ғурунги ноҳияи Балҷувон таваллуд шудааст, ки инро худи ӯ нақл кард. Бо Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмат Шариф рафиқи кӯдакӣ будааст. – Аз рӯзе худам-ро мешиносам, гузаштаам мисли оина пеши чашмам равшан аст.
Модарам дар хотирам нест, мо чор фарзанд – ду духтар ва ду писар аз модар маҳрум шудем.
Шарифа, Давлатмоҳ, Пирмаҳмад ва Мирмаҳмад. Падарам Абдулло деҳқон буд. Парастории падар низ дер давом накард, ӯ низ моро тарк гуфт. Мо чор нафар фарзандон ятим мондем.
– Падарҷон, ман ба осорхонаи ноҳияи Данғара рафта, аз таърихи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Исмат Шариф бохабар шудам. Соли таваллуди ӯ 1915 буда, аз деҳаи Этарқаи ноҳияи Данғара ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта будааст.
– Дуруст, ӯ низ дар деҳаи Ғурунги Балҷувон таваллуд шуда, дар кӯдакӣ бо ҳам бозӣ мекардем. Нағз дар хотирам ҳаст, ки бародари калониаш Саъдулло ном дошт, паҳлавонҷусса буд.
Падару модарашон зиндагии миёнаҳол доштанд. Дар ҳамон солҳо муҳоҷират сар шуд, баъзе оилаҳое, ки имкон доштанд, кӯч баста, ба таҳдаштҳо рафтанд. Аз он ҷумла, падари Исмат Шариф бо фарзандон ба деҳаи Этарқаи ноҳияи Данғара рафтанд. Баъдан ман фаҳмидам, ки рафиқи кӯдакии ман ба ҷанг рафтаву дигар бар нагаштааст.
Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки синну соли падарам ба синну соли рафиқи кӯдакиаш, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Исмат Шариф, ба соли 1915 рост меояд.
– Падарҷон, дар он шабу рӯзҳо Шуморо ба ҷанг даъват накарданд?
– Ба ман якчанд маротиба аз тарафи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Қизилмазор (ҳозира Темурмалик) даъватнома оварданд. Ба комиссариат ҳозир шудам ва ягон намуд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи синну сол надоштам, ҳатто дар ҷойҳои махсус 40 рӯз омодагӣ барои ҷанг ҳам дидем, аммо аз тарафи комиссияи даъватӣ синну соли маро хурд муайян карданду насиби рафтан набудааст.
Меҳрвар, рустоест дар ноҳияи Данғара. Шуғли сокинон дар ин деҳа қаблан танҳо чорводорӣ ва зироаткорӣ буд. Шарофати соҳибистиқлолӣ ва бахти баланди онҳост, ки дар шафати ин деҳи нообод Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” таъсис ёфт. Акнун имконияти фаррохи фаъолият дар коргоҳу корхонаҳои саноатии ин мавзеъ барояшон фароҳам омад, ки дар гузашта барои сокинони як деҳи кӯҳистонӣ ин ҳама орзу ё хаёле беш набуд.
М. АКРАМОВ,
рӯзноманигор
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.