Мунаққиди воқеъбину соҳибмактаб
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 142
Соҳиб Табаров (1924-2015) ҳамагӣ понздаҳ сол дошт, ки баъди таълиму тарбия дар ятимхонаҳои Муъминободу Тебалай ва омӯзишгоҳҳои Самарқанд ва Панҷакенту Кӯлоб сокини шаҳри Душанбе шуд ва солиёни зиёд баробари шаҳри дӯстдоштаи худ сабзид, камол ёфт ва дар роҳи таълиму тарбияи ҷавонон ва илми суханшиносии тоҷик нақш гузошт ва умри азизи хешро сарфи хома намуд.
Соҳиб Табаровро хонандагони тоҷик, пеш аз ҳама ва бештар аз ҳама, ҳамчун мунаққид мешиносанд.
Осори қисми кулли адибони тоҷик, ки солҳои 40-80-уми садаи ХХ фаъолият намудаанд, аз мулоҳизаҳои интиқодии ин мунаққиди пуркору воқеъбин дур намондаанд.
Дигар хусусиятҳои нақди Соҳиб Табаров дар он аст, ки устод зиёдтар асарҳои истеъдодҳои ҷавонро мавриди таҳлилу тадқиқ қарор дода, онҳоро ба роҳи мақбул ва самараноки эҷодӣ ҳидоят менамояд.
Асарҳои устод Соҳиб Табаров «Материалҳо оид ба омӯхтани ада-биёти советии тоҷик» (1948), «Сад-риддин Айнӣ – асосгузори адабиё-ти советии тоҷик» (1954), «Пайрав Сулаймонӣ» (1962), «Мирсаид Миршакар» (1962), «Адабиёти муосири советӣ» (1984), «Адиби сухандон ва муборизи майдон» (1986) ва ғайраҳо пай дар пай ба табъ мерасанд. Ҳар кадоми онҳо, хоҳ ба эҷодиёти ади-бони алоҳида бахшида шуда бошанд ва хоҳ масъалаҳои умумии адабиётшиносиро фаро гиранд, бо дақиқӣ, ҳуҷҷатнокӣ ва услуби таҳлили воқеъбинонаву асоснок фарқ карда меистанд.
Дар ҳақиқат, мактаби адабиётшиносии устод Табаров тавассути ҷаҳду талош ва сахтгирию масъулиятшиносии беҳамто, чунонки шарқшиносони барҷастаи чех Ян Рипка ва Иржи Бечка низ таъкид кардаанд, ба яке аз мактабҳои пурқувват ва бонуфузи замони пеш аз соҳибистиқлолӣ ва Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил гардид ва баъдҳо ба ҷумҳуриҳои исломии Эрону Афғонистон низ доман паҳн кард.
Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, доктор ва профессори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Соҳиб Табаров дар замони соҳибистиқлолӣ бо фаъолияти пурсамар ва омӯзанда бо унвони Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, ордени Дӯстӣ сазовор гардид. Ҳамчунин, устод барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) ба номи Муҳаммад Осимӣ мебошад. Ёди устоди гиромиқадр Соҳиб Табаров бахайр бошад.
Аламхон КӮЧАРЗОДА, профессор
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...