Конститутсия, озодии сухан ва масъулияти журналист
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 68
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахборро кафолат дода, сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқидро манъ кардааст, аз ҷумлаи беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф шудааст.
Сарфи назар аз он ки соли 1994 дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт, Конститутсия бо пуштибонии аксари кулли мардуми кишвар тариқи раъйпурсии умумихалқӣ (94,4%-и шаҳрвандон, яъне 2 миллиону 685 ҳазору 724 нафар дар он ширкат варзиданд) қабул карда шуд. Қонуни асосии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва муайянкунандаи тақдири имрӯзу фардои миллати куҳанбунёд дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, он асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар гирифта, танзим мекунад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии мамлакат зикр карда буданд: «Мо дар як замони начандон тӯлонӣ тавонистем, ки аз тариқи Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузорӣ меъёрҳои бунёдии фаъолияти давлати демократӣ - асосҳои сохти давлатдории демократӣ, аз ҷумла моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии он, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсӣ, таъсиси парламенти касбӣ, кафолати адолати судӣ ва баробар бу-дани ҳамаро дар назди қонун, инчунин озодии виҷдонро эълон ва таъмин намоем».
Тавре ки медонем, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Тибқи муқаррароти Конститутсия, давлат ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор, ҳуқуқи муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат медиҳад.
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Франклин Рузвелт дар суханронии маъруфи худ оид ба «чаҳор озодӣ» озодии сухан ва изҳори ақидаро аз ҷумлаи ҳуқуқҳои бунёдии инсон номида, онро дар баробари озодии эътиқод, озодӣ аз ҳарос ва озодӣ аз эҳтиёҷ муҳимтарин рукни ҷомеаи мардумсолорӣ хондааст.
Ҳуқуқдон ва коршиноси байналмилалӣ дар соҳаи озодии воситаҳои ахбори омма Ҷ. Ибодов доир ба таърифи ҳуқуқи инсон ба дарёфти иттилоъ андеша ронда, онро ба чаҳор қисм ҷудо кардааст: «озодии иттилоот», «озодии фикру ақида», «озодии
сухан» ва «озодии матбуот».
Дар ҳақиқат, озодии иттилоот, озодии сухану андеша ва озодии матбуот рукнҳои асосии озодии воситаҳои ахбори умум аст. Кафолати муҳимтарини озодии иттилоъ манъи сензура асту ҳуқуқ ба озодии афкор ва баён. Ба андешаи мо, ҳар сеи ин муҳимтарин рукнҳои озодии ВАО ва ҷомеаи демократӣ дар моддаи 30-и Конститутсияи Тоҷикистон, ки «ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад», возеҳ ифода ёфтааст.
Давлат риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии воситаҳои ахбори оммаро таъмин менамояд. Ба хотири таҳкими озодии сухан ва фаъолияти бемонеаи воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон сил-силаи қонунҳо қабул шудаанд, ки ин ҳуқуқи консти-тутсионии шаҳрвандонро таъмину танзим мекунанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи табъу нашр», ҷамъан наздики даҳ қонун, инчунин консепсия ва барномаҳои давлатӣ (Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ барои солҳои 2010-2025, Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015, 2020-2024), амру фармонҳои Президенти кишвар, аз ҷумла «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма», ҷиҳати таъмини муқаррароти Қонуни асосии кишвар, ки озодии сухан ва дастрасӣ ба иттилоотро кафолат медиҳад, қабул шудаанд. Дар моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» (аз 19 марти соли 2013, №961) зикр шудааст, ки матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон озоданд. Ҳар шахс ҳуқуқи озодона ҷустуҷӯ, дастрас ва паҳн намудани ахбор, изҳори ақида ва дар шаклҳои бо ҳамин Қонун муқарраршуда паҳн намудани онҳоро дар матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дорад.
Дар банди сеюми ҳамин моддаи қонун таъкид шудааст: «Ҳама гуна поймол кардани озодии матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма аз ҷониби шахс, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ, аз ҷумла дахолат кардан ба фаъолияти касбии редаксияи воситаи ахбори омма, ғайриқонунӣ боздоштан ва ё қатъ намудани фаъолияти он тибқи қонунгузорӣ боиси ба ҷавобгарӣ кашидан мегарданд». Қонуни матбуот ҳамзамон сензура ва таъқиб барои танқид, ҳамчунин инҳисори матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори оммаро мамнӯъ медонад, ки ин нукта аз Конститутсияи кишвар маншаъ мегирад.
Озодии матбуоту гуногунандешӣ низ танҳо дар чаҳорчӯб ва бо риояи қонун бояд сурат бигирад ва набояд аз он сӯйистифода шавад, то суботи ҷомеа халалдор нагардад. Тавре ки дар банди дуюми моддаи 30-и Конститутсия зикр шудааст: «Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст».
Дар баробари ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ» аз 10 майи соли 2002, рӯйхати маълумотеро, ки дорои муҳри махфияти «Фавқулода муҳим», «Комилан махфӣ» ва «Махфӣ» мебошанд ва ба соҳаҳои мудофиа, иқтисод, робитаҳои берунӣ, амнияти давлатӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ мансуб буда, ошкорсозии он ба амнияти кишвар зарар расонида метавонанд, муайян кардааст. Аммо тибқи қонун, маълумот оид ба офатҳои табиӣ, фалокатҳо ва дигар ҳодисаҳои фавқулода, ки ба бехатарии шаҳрвандон таҳдид мекунанд, оид ба вазъи муҳити зист ва саломатии аҳолӣ, сатҳи зиндагии он бо шумули ғизо, либос, манзил, хизматрасонии тиббӣ ва таъминоти иҷтимоӣ, инчунин нишондиҳандаҳои иҷтимоию демографӣ, ҳолати тартиботи ҳуқуқӣ, маърифат ва фарҳанги аҳолӣ, инчунин маълумот оид ба амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ба сирри давлатӣ мансуб дониста намешавад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО», ки 19 марти соли 2013 аз ҷониби Президенти кишвар ба имзо расидааст,воситаҳои ахбори оммаро барои объективӣ будан ва саҳеҳии ахбори аз ҷониби онҳо паҳншаванда масъ-ул медонад. Бар асоси моддаи 6-уми қонуни мазкур, интишори маълумоти дорои сирри давлатӣ ё ах-бори дигари бо қонун ҳифзшаванда, ахборе, ки барои бо зӯрӣ сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ, ба содир намудани ҷиноят, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ, забонӣ, ташвиқоти ҷанг, зулму зӯроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, халалдор кардани тамомияти арзӣ ва мустақилияти давлат даъват мекунад, инчунин мавод ё предметҳои порнографиро таблиғ ва ташвиқ мекунад, манъ аст.
Ба ҳамин мазмун, мутобиқи моддаи 28-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии кишвар ҳақ надоранд, ки маълумоти до-рои сири давлатӣ ё асрори дигари қонунан маҳфуз, ахбору маводе, ки зӯран ба сарнагун сохтан ё тағйир додани сохтори конститутсионӣ, ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват мекунад, шаъну шарафи давлат, Президент ва шаҳрвандонро паст мезанад, ҷанг, зулму зӯроварӣ, терроризм ва экстремизмро дар ҳама гуна зуҳуроташон, хусумати нажодию миллӣ, маҳалгароӣ, бартарият ва оштинопазирии динӣ ё мазҳабӣ, фаҳшу фуҷурро таблиғ мекунад, ахлоқи ҷомеаро мекоҳонад, ба содир намудани дигар кирдори ҷиноятӣ мусоидат мекунад, пахш намоянд.
Қобили зикр аст, ки ба хотири таъмини ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба гирифтани иттилоот тариқи воситаҳои ахбори омма, қонуни амалкунандаи матбуоти даврӣ (моддаи 28) ба журналистон ҳаққи ҷустуҷӯ, дастрас, таҳрир ва интишори ахборро додааст. Журналист ҳамчунин ҳуқуқ дорад, ки вобаста ба иҷрои вазифаи журналистӣ бо шахсони мансабдор ҳамсуҳбат шавад, ҳама гуна далелро, аз ҷумла бо истифода аз воситаҳои техникии аудиовизуалӣ, асбобҳои кино ва аксбардор сабт намояд, бо нишон додани шаҳодатномаи журналистӣ дар маҳалҳои махсус муҳофизатшавандаи офатҳои табиӣ, садама, маҳалҳои бетартибӣ ва ҷойҳои ҷамъшавии шаҳрвандон, инчунин дар маҳалҳое, ки дар онҳо вазъи фавқулода эълон шудааст, дар гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоиҳо ҳузур дошта бошад, барои ройгон дастрас намудани иттилоот тавассути дархости журналистӣ вобаста ба иҷрои вазифаҳои касбӣ ба ҳуҷҷатҳои расмӣ дастрасӣ дошта бошад. Журналист аз ҳуқуқҳои дигаре ҳам истифода мебарад, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
Давлат, ҳамчунин фаъолияти қонунии касбии журналистонро таъмин мекунад. Барои монеъ шудан ба ин фаъолият Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 162) ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол пешбинӣ кардааст. Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналист, яъне чӣ? Агар ба Кодекси ҷиноятӣ бингарем, зери ин мафҳум «маҷбур намудани журналист барои паҳн кардан ё рад намудани пахши иттилоот, ки бо таҳдиди зӯроварӣ, нобуд сохтан ё вайрон кардани амвол, паҳн кардани дурӯғи бофтае ё фош намудани дигар таҳсилоте, ки ҷабрдида меҳоҳад онҳоро ниҳон дорад, алоқаманд аст, ҳамчунин бо роҳи таҳдиди поймол намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии журналист» фаҳмида мешавад.
Ҳарчанд озодии суханро Конститутсия кафолат додааст, дар баъзе маврид мебинем, ки аз ин ҳуқуқ сӯйистифода мешавад. Набояд фаромӯш кард, ки озодии баён ҳамчунин масъулият низ ҳаст. Озодии сухан, гуногунандешӣ ва фаъолияти озоди ВАО, ки рукнҳои асосии давлати демократӣ мебошанд, бояд дар доираи қонун сурат гиранд ва ба ҳеҷ ваҷҳ суботи ҷомеаро халалдор насозанд. Биноан, қонун воситаҳои иттилоърасонӣ ва журналистонро уҳдадор кардааст, ки саҳеҳияти ахбори гирифтаашонро санҷанд, ҳуқуқу озодиҳо, манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқ ва манфиати қонунии ташкилотҳоро эҳтиром кунанд, ҳангоми иҷрои вазифаи касбӣ шаҳодатнома ва ё дигар ҳуҷҷате, ки мансубияти ӯро ба воситаи ахбори омма тасдиқ менамояд, пешниҳод кунанд, ВАО-ро бо мақсади дахолат кардан ба ҳаёти шахсӣ, дидаву дониста нашр кардани хабару маводи бардурӯғ, маълумотҳои туҳмату таҳқиромез, ки шаъну шараф ва эътибори кории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро паст мезананд, истифода набаранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияшон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик, 10 марти соли 2012, фаъолияти озоди воситаҳои ахбори умумро яке аз нишонаҳои асосӣ ва рушди ҷомеаи демократӣ унвон карда, гуфтанд: «Озодии андеша ва назари интиқодӣ ба рӯйдодҳо бисёр камбудиҳоро ошкор менамоянд ва боиси пешравӣ мегарданд». Ба андешаи Пешвои миллат, танқид ҳамчун падидаи созанда яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа мебошад, зеро озодии андеша, назари интиқодӣ ва таҳлилӣ ба далелу рӯйдодҳои ҷомеа боиси ошкор шудани нуқсу камбудиҳо ва ислоҳу пешрафти фаъолияти ин ё он соҳа мегардад. Гузашта аз ин, танқид ҳатто худи инсонҳоро дигар меку-над ва ба рушду камоли онҳо сабаб мешавад. Аммо Роҳбари давлат дар идомаи сухан таъкид карданд, ки расонаҳои хабарӣ набояд тамоюли низоъангезӣ, маҳалгароӣ, тафриқаандозӣ, таҳқири шахсиятҳои хизматнишондодаро пеш гиранд ва даъват намуд, ки ВАО аз чопи маводҳое худдорӣ намоянд, ки боиси руҳафтодагӣ ва навмедии мардум гардида, вазъи
ҷомеаро ноором месозанд.
Мутаассифона, имрӯз дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ, сомонаҳои интернетӣ ва саҳифаҳои иҷтимоии ВАО-и маҳаллӣ ва хориҷие, ки дар Тоҷикистон намояндагӣ доранд, матлабҳоеро дучор омадан мумкин аст, ки дар он қонунҳои ҷории кишвар поймол ме-шаванд. Зикри ному насаб ва маҳалли истиқомати афроди гумонбар дар ҷиноят, нишон додани чеҳраи одамони ҷабрдидаи хушунату бадрафторӣ (ҳатто ноболиғон), маҳкумнамоии нафари гумонбар дар ҷинояте аз сӯйи ВАО, муқоисаи ноҷо ва баҳодиҳии яктарафаи журналист ба вазъият, додани минбар ба афроде, ки ошкоро таҳдид ба амнияти шаҳрвандон ва давлат мекунанд (дар мисоли оростани мусоҳиба бо намояндагони ташкилотҳои экстремистию террористии “Ҳизби наҳзати ислом” ва “Гурӯҳи 24” аз ҷониби як радиои хориҷӣ), пахш намудани саҳнаҳои қатли ваҳшиёна, паст задани шаъну шарафи шаҳрванд (аз ҷумла мансабдорон), бидуни иҷоза истифода кардани акси шаҳрвандон, плагиат (асардуздӣ) аз ҷумлаи амалҳои хилофи қонун мебошанд, ки баъзе намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар фаъолияти худ содир мекунанд.
Журналист ва муҳаққиқ, собиқ сардабири рӯзномаи «Ҷумҳурият» К. Абдураҳимов менависад, ки озодии баён, мисли озодии демократия, бояд идорашаванда ё худ ҳидоятшаванда бошад. «Сиёсати иттилоотӣ, мусалламан, раҳнамоии равандҳои иттилоотиро аз сӯйи давлат дар назар дорад…
Мо аз хусуси фишор ба озодии матбуот зиёд мегӯем ва чун одат фикр мекунем, ки ин фишор танҳо аз «боло» - аз сӯйи ҳукумат сурат мегирад. Вале хатарҳоеро, ки бевосита дар аъмоқи худи воситаҳои ахбори омма месабзанд ва ба озодии баён таҳдид мекунанд, нодида мегирем». К. Абдураҳимов тамоюли возеҳи баъ-зе ВАО ба сӯйи ҳама чизи манфӣ, саддгузориҳо дар роҳи эҳёи руҳияи оптимизми миллӣ, ки чун обу ҳаво барои рушди Тоҷикистон зарур аст, инчунин ба хотири «ҳалол кардан»-и грант ва дигар маблағҳои созмонҳои хориҷиро – он гуна ки дар Гурҷистон, Украина ва Қирғизистон мушоҳида шудааст – поймолсозии озодии баён, ба иштибоҳ андохтани ҷомеа ва беэҳтиромӣ ба касбу ба худу ба миллат мехонад.
Ба инобат гирифтани арзишҳои бунёдӣ, бо шумули эҳтиром ба ҳаёти инсон ва ҳамбастагии инсонӣ, дурӯғ нагуфтан ва он чиро, ки ба мо тааллуқ надорад, аз худ накардан, инчунин татбиқи аслҳои журналистӣ, махсусан саҳеҳият, айният ва мустақилӣ (ба таъбири профессори риштаи матбуоти Донишгоҳи Париж Клод Бертран) аз ҷумлаи муҳимтарин унсурҳои журналистикаи замони муосир мебошад.
Ба андешаи инҷониб, агар се омили таъмингари озодии баён, яъне ҷасорат, касбият ва риояи одобу ахлоқи касбӣ шиори кори журналистон ва ВАО-и тоҷик шавад, онҳо ҳеҷ мушкиле бо қонун нахоҳанд дошт.
Қобили таъкид аст, ки тавре дар сархати Конститутсияи кишвар омадааст, журналистони тоҷик низ, чун тамоми халқи Тоҷикистон, «худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва руш-ду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, …бунёди ҷомеаи адолатпарвар»-ро вазифаи худ қарор додаанд.
Дар воқеъ, Конститутсияи Тоҷикистон инсон, ҳуқуқу озодиҳои онро арзиши олӣ медонад. Дар сатҳи Конститутсия тамоми ҳуқуқу озодиҳои асосӣ танзими ҳамаҷониба пайдо кардаанд. Шояд аз ин ҷост, ки Қонуни асосии Тоҷикистон дар даҳгонаи беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон қарор дорад.
Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...