30 сол аст, ки ба мо хизмат мекунад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 78
Шукр аз он мекунем, ки мо-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 якдилона дар раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлолро қабул кардем ва дар он иброз намудем: «Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади тақдирсозу муътабар қабул гардидааст ва тӯли 30 сол мешавад, ки мавриди амал қарор дораду ба халқи Тоҷикистон асосҳои адолати ҳуқуқиро пешбинӣ намуда, хизмат менамояд.
Конститутсия собит сохт, ки халқи тамаддунсозу фарҳангӣ ва ободгари тоҷик тавонист санаде қабул намояд, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин намояд.
Аз вақти қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварамон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд.
Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми кишвар мебошад.
Аз ин ҷиҳат 6 ноябри соли 1994 барои тамоми мардуми тоҷик, яке аз рӯзҳои таърихию тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.
Конститутсияи айни замон амалкунанда дар тафовут аз қонунҳои асосии пешинаи Тоҷикистон нахустин конститутсияест, ки бевосита аз ҷониби халқ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст.
Яъне дар таърихи давлатдории тоҷикон аввалин мароти-ба ҳамраъйии халқ вобаста ба масъалаи асосҳои сохтори конститутсионӣ, хусусият, сохтор ва таркиби давлат, вазъи ҳуқуқии инсон, иттиҳодияҳои онҳо, асоси иқтисодии давлат, самтҳои асоси сиёсати хориҷӣ, ҳамзамон ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар ин санад ифода гардидааст.
Бояд қайд кард, ки ба Конститутсияе, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ, яъне 6 ноябри соли 1994 қабул гардидааст, то имсол ба он се маро-тиба: 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардидааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҳар даврае, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст, дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил меёбад, баланд бардошта мешавад ва барои руш-ди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунад, ки ин, пеш аз ҳама, самараи заҳматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи Тоҷикистон мебошад.
Волоияти қонун, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҷзияи ҳокимият, масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шахсият нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд мебошанд.
Мустақиман амал кардани меъёрҳои Конститутсия, ҷузъи таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ эътироф шудани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ташкили Суди конститутсионӣ як қатор шарту омилҳои дигари муҳими давлати ҳуқуқбунёд аз ҷумлаи ҳамин кафолатҳо мебошанд.
Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.
Таҷрибаи қабули Конститутсия дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистони мо баръало нишон медиҳад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати бисёр муҳими сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ бо Истиқлоли давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад.
Дар баробари ин, Конститутсияи мо аз таҷрибаи пешқадами конститутсионализми давлатҳои мутараққии дунё низ баҳраи фаровон гирифтааст. Беҳуда нест, ки он аз ҷониби созмонҳои бонуфуз ва коршиносони маъруфи ҷаҳон аз ҷумлаи конститутсияҳои беҳтарин ва демократӣ эътироф шудааст.
Пас вазифаи асосии мо-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиром ба ин санади тақдирсозу муқаддас мебошад. Зеро он ҳуқуқу озодиҳои ҳар кадоми моро ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, ҳифзи қонунии як силсила ҳуқуқҳои фитрии инсон, аз ҷумла дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус, инчунин озодии виҷдону эътиқод ва дигар ҳуқуқу озодиҳои моро кафолат медиҳад.
Аз ин лиҳоз, риояи Конститутсия ва таъмини волоияти қонун вазифаи ҳамаи мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди бонангу номус мебошад.
Хуршед ДАВЛАТОВ,
роҳбари намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...