Баёнгари соҳибихтиёрии халқ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 120
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои асосии миллии халқи тоҷик мебошад ва он ҳамасола 6 ноябр таҷлил мегардад. Аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, мурури замон нишон дод, ки роҳи интихобнамудаи халқи Тоҷикистон дуруст аст.
Конститутсияи Ҷумҳури Тоҷикистон, ки Конститутсияи насли нав ба ҳисоб меравад, муносибати либералӣ - иҷтимоиро ба таҳкими ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ки дар таҳкими ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар сатҳи баробар ифода ёфтааст, инъикос менамояд.
Бартарӣ ва хусусияти хоси ин Конститутсия аз он иборат аст, ки ин Консти-тутсияи давлати соҳибистиқлол арзёбӣ гардида, он шакли идораи ҷумҳуриявии президентиро муқаррар намуд, ки ин шакл имконият дод низоми ягонаи мақомоти давлатӣ, сулҳу салоҳ, ваҳдату оромӣ ва қонунияту тартибот таъмин гардида, ба инкишофи ҷомеа ва рушди ҳуқуқи инсон мусоидат карда шавад.
Бартарии дигари Конститутсияи Ҷумҳури Тоҷикистон (соли 1994) назар ба конститутсияҳои ҶШС Тоҷикистон ин аст, ки он аввалин бор дар таърихи сиёсии кишвар, таҷзияи ҳокимиятро дар сатҳи Конститутсияи мамлакат эътироф намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи он худро давлати иҷтимоӣ эълон намуд ва барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҷавҳари асосии сиёсати давлатро ташкил дода, забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ, муқаддасоти миллӣ - Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ифодаи қонунии худро ёфтаанд.
Муҳимтарин талаботи Конститутсия ин буд, ки тибқи он дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи яго-наи ҳокимияти давлатӣ, ки онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад, эътироф карда мешавад. Конс-титутсия пешбинӣ менамояд, ки риоя ва таъмину кафолати мақомоти қонунгузор, иҷроия ва худидоракунии маҳаллӣ буда, ҳифзи онҳо ба воситаи ҳокимияти судӣ ба амал бароварда мешавад. Хусусияти хоси ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандие, ки дар Конститутсия пешбинӣ шудаанд, ба ҳар кас аз рӯзи таваллуд тааллуқ дошта, дахлонапизарнд.
Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раводониста мешавад.
Дар партави ин санади тақдирсоз ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ таҳким бахшида шуда, барои меҳнати озодонаи ҳар сокини кишвар, таълиму тарбия дар мактаб ва оила шароити кофӣ муҳайё карда шуд.
Ҳамзамон, ба озодии муоширати намояндагони халқу миллатҳои гуногуни кишвар, истифодаи забони модарӣ, рафтуомади бемамониат, озодии виҷдон, матбуот, афкору андешаи ҳар сокини мамлакат шаро-ити васеъ фароҳам оварда шуд.
Сафаралӣ БОБОЕВ,
омӯзгор аз ноҳияи Ёвон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...