Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҲАВЗИ ШИНОВАРӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР


ҲАВЗИ ШИНОВАРӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР




Имрӯз 28 уми июл, дар маракази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар ҳавзи шиноварӣ бо иштироки Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ ва раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Ҳавзи шиноварӣ бо сатҳу сифати баланд сохта шуда, дар назар аст, ки мусобиқаҳои варзишӣ минбаъд дар ин ҷо гузаронида шавад.


Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ва Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ ва раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ ҳозиринро табрик намуда, ин иқдомро барои рушди варзиши шиноварӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода