Татбиқи қонун – асоси пешравӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 198
Чанде пеш ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикситон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак” тағйиру иловаҳо ворид гардид. 20 июни соли 2024 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонунҳои мазкур имзо гузошта шуд. Ҳадаф аз иловаву тағйир додани баъзе моддаҳои қонунҳои мазкур мувофиқ намудани вазъи иҷтимоӣ ба ҷомеа, татбиқи ҳадафҳои пешгирифта, талқини арзишҳои миллӣ, сарфаҷӯиву сарфакорӣ, ҳифзи фарҳанги қадима, пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарбияи дурусти фарзанд дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва амсоли инҳо мебошад, ки барои рушду пешрафти иҷтимоию иқтисодии кишвар мусоидат мекунанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (пеш-тар “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”) тартиби гузаронидани ҷашну маросимро муайян карда, барои ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст.
Дар моддаи 9 (Ҷашнҳои расмӣ)-и қонуни мазкур чунин омадааст:“Ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давла-тии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Иди байналмила-лии Наврӯз, Иди Меҳргон, Иди Сада, Иди Рамазон, Иди Қурбон ва идҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон дастархони камхарҷи идона ороста шуда, исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ аст”.
Ҳамин тариқ, қонуни мазкур доираи гузаронидани зодрӯзро ба таври ихтиёрӣ дар муҳити оила муқаррар намуда, маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл, маросими хатнасур чун таҷлили ҷашни зодрӯз дар муҳити оила, бе забҳи чорво гузаронида мешавад. Ҳамчунин, гузаронидани маросими ақиқа манъ аст.
Дар ин раванд, моддаи 12 (Тӯйи домодию арӯсӣ)-и қонуни мазкур ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, нон-шиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шоҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафҳо ва хешу табори домоду арӯс ва маъракаҳои дигари бо тӯйи домодию арӯсӣ алоқаманд, ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо, манъ мекунад.
Бояд ёдовар шуд, ки дар асоси ин банди қонун ташкили маъракаҳои ҳоҷиталбон, ҳоҷизиёрат, ҳоҷиошӣ, тақдими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва умра манъ мебошанд.
Оид ба маросими дафну азодорӣ дар моддаи 14-и қонуни мазкур чунин омадааст: “Дар маросими дафну азодорӣ забҳи чорво ва додани таом, ташкили оши сари тахта, душанбегӣ, ҷумъа, ҳафт, бист, шашмоҳагӣ, ҳамчунин додани пули нақд ва ашёи дигар, ба истиснои ҳаққи хизмати қабркан ва мурдашӯй, манъ мебошанд”.
Маврид ба ёдоварист, ки дар баробари ин ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” баъзе тағйиру иловаҳо ворид гардид.
Қонуни мазкур муносибатҳоро оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак бо мақсади таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ танзим намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона гар-дидааст.
Ҳамчунин, мувофиқи моддаи 164 (Монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои монеъ шудан ба таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазору дусад нишондиҳанда (аз 72 000 сомонӣ то 158 400 сомонӣ) барои ҳисобҳо ё корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо пешбинӣ шудааст.
Дар ин замина, мувофиқи моддаи 2101 (Машғул шудан ба сеҳру фолбинӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои шахсони ба сеҳру ҷодугарӣ машғулшуда (агар чунин кирдор давоми соли баъди татбитқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад) бо ҷарима ба андо-заи аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор нишондиҳанда (аз 111 000 сомонӣ то 144 000 сомонӣ) барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз як то ду сол ҷазо дода мешавад.
Инчунин, дар асо-си моддаи 3342 (Вай-рон кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим)-и Кодекси ҷиноятӣ аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ, муассис ё роҳбари ташкилоти тиҷоратӣ, сарха-тиб, имомхатиб, имоми масҷиди панҷвақта, ходими ғайрирасмии динӣ, раиси маҳалла ва дигар роҳбари мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, инчунин аз ҷониби шахсони дигар ба таври дағалона вайрон ё дар вазъияти фавқулода, пандемияи бемориҳои сироятӣ, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенидошта содир шудани ҳамин кирдорҳо дар давоми соли баъди татбиқи қонун ҷазои маъмурӣ бо ҷарима ба андозаи аз ду ҳазору дусад то ду ҳазору панҷсад (158 000 то 180 000 сомонӣ) барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то се сол бо маҳрум кардани ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин муҳлат ё бидуни он ҷазо пешбинӣ шудааст.
Татбиқи қонун асоси пешравӣ ва кам намудани сатҳи ҷинояткорӣ маҳсуб ёфта, дар доираи он фаъолият намудан барои ҳар як шахс салоҳ мебошад. Аз ин рӯ, риояи талаботи қонун барои ҳар як шаҳрванд ҳатмӣ буда, аз чаҳорчӯбаи он берун баромадан ҷавобгарӣ дорад.
Ҷасури ҚИЁМИДДиН,
«Хатлон»
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00