«Ваҳдат - бақои миллат» конференсия ва рӯнамоии китобҳои рӯзномаи «Хатлон»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 166
Дар китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин конференсияи илмӣ-адабии муштараки рӯзномаи “Хатлон” бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони “Ваҳдат – бақои миллат” ва маросими рӯнамоии китобҳои тозанашри рӯзномаи “Хатлон” доир гардид.
Сараввал, сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон» Носирҷон Маъмурзода конференсияро ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфта, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрику таҳният гуфт.
Изҳор дошт, ки воқеан, вожаи “ваҳдат” барои миллати мо баробар бо арзишҳои Истиқлоли давлатӣ ва забон модарӣ муътабару муқаддас аст. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд: “Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯйи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст”. Яъне кафолати мавҷудияту пойдорӣ ва бақои ҳар як миллат дар ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ аст.
Дар ҳамоиши мазкур муовини раиси Шурои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Амиршоҳи Хатлонӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Саидҷаъфар Баёзӣ, директори китобхонаи вилоятии ба номи Ш. Шоҳин Тӯтинисо Юсуфзода, собиқадорони матбуоти тоҷик ва аҳли зиё ширкат варзиданд.
Амиршоҳи Хатлонӣ зимни баромад дар бораи Ваҳдат ва сарҷамъии миллату давлат суханронӣ намуда, аз рӯзҳои сахту вазнини кишвар ёдовар шуда, даъват намуд, ки ба қадри сулҳу субот бирасем. «Мактаби рӯзномаи «Хатлон» мактаби бузург аст. Ҳайати эҷодии он ҳамеша кӯшиш мекунад беҳтарин шогирдонро тарбия ва ба роҳи рост ҳидоят намояд», - гуфт Амиршоҳи Хатлонӣ.
Дар ҳошияи ин конфронс китобҳои тозанашри рӯзнома бо номи «Садоқат ба Пешвои миллат - садоқат ба Ватан», «Рисолати муҳаррир», «Панҷоҳ варақ ханда», «Асосҳои таҳрири матни журналистӣ» муаррифӣ гардиданд.
Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, муаллифи китоби “Панҷоҳ варақ ханда” Саидҷаъфар Баёзӣ ба рӯзномаи “Хатлон” арзи сипос кард. Иброз кард, ки мо аз таърихи начандон дури миллатамон медонем, ки дар натиҷаи ҷанги таҳмилшудаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон даҳҳо ҳазор нафар куштаву садҳо ҳазор нафар гурезаи иҷборӣ шуданд ва хиради волои мардуми тоҷик бо раҳбарии Пешвои муаззами миллат буд, ки Тоҷикистон аз вартаи ҳалокат раҳо ёфт ва миллатамон дубора ба саодат расид. Дар охири суҳбаташ, ҳамчунин як-ду латифаеро аз китоби навиштааш ва ёддоштҳои кардаи худ ба ҳозирин нақл карда, руҳияи онҳоро боло бардошт, то шукри замони тинҷию амонӣ кунанд ва шукргузор аз он бошанд, ки дар даврони сулҳу ваҳдат умр ба сар мебаранд.
Директори китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин Тӯтинисо Юсуфзода андешаҳои худ-ро дар ин мавзуъҳо баён намуда, солҳои аввали кориашро дар китобхонаи вилоятӣ ёдрас шуд. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ дар партави дӯстию ҳамбастагӣ бинои китобхона бо ҳама шароитҳои он барои насли наврас ба хотири хониш ва баланд бардоштани савияи дониши онҳо сохта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки китоби “Садоқат ба Пешвои миллат – садоқат ба Ватан” яке аз китобҳои тозанашри рӯзномаи “Хатлон” буда, дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят рӯи чоп омадааст. Дар ин маҷмуа беҳтарин маводҳои озмуни эҷодии “Садоқат ба Пешвои миллат – садоқат ба Ватан”, ки аз ҷониби идораи рӯзномаи вилоятии “Хатлон” ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бо мақсади гиромидошти хизматҳои мондагор ва тарғиби сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд, инчунин мақолаҳое, ки ба Артиши миллӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бахшида шудаанд, гирд оварда шудаанд.
“Панҷоҳ варақ ханда” - маҷмуаи тозанашри собиқадори матбуоти тоҷик, собиқ котиби масъули рӯзномаи “Хатлон” Саидҷаъфар Баёзӣ дар ҳаҷми 160 саҳифа бо теъдоди 200 нусха аз чоп баромадааст. Китоби мазкур бо ибтикори рӯзномаи “Хатлон” ба нашр расид ва пешкаши хонанда гардид. “Панҷоҳ варақ ханда” фарогири 50 памфлету ҳикояҳои ҳаҷвии Саидҷаъфар Баёзӣ буда, барои доираи васеи хонандагон пешкаш гардидааст. Бояд изҳор дошт, ки Саидҷаъфар Баёзӣ солҳои зиёд дар рӯзномаи вилоятии “Хатлон” аз соли 1979 то соли 1992 ба ҳайси хабарнигор, котиби масъул фаъолият намуда, матлабҳои ҷолибу хондании худро пешкаши хонанда гардонидааст.
“Рисолати муҳаррир” бо саҳми идораи рӯзномаи “Хатлон” ба қалами Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” ва Саттор Қарахонов, котиби масъули рӯзнома, аз чоп баромад.
Тавре ки Саттор Қарахонов дар маросими рӯнамоӣ иттилоъ дод, китоби мазкур аз 118 саҳифа иборат мебошад, ба фаъ-олияти бисёрсола ва самарабахши муҳаррирони номдори нашрияи вилоятии “Хатлон” бахшида шудааст, ки ҳар яке аз онҳо дар ташаккули мактаби эҷодӣ саҳми арзандаи худро гузоштаанд. Китоби мазкур аз очерку мусоҳибаҳо иборат буда, ҳаёту фаъолияти муҳарриронро бозгӯ мекунад.
Ба рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба заҳмати муҳаррирони рӯзнома ва шогирдони мактабҳои ташаккулёфтаи эҷодии онҳо, маҷмуаи мазкур рӯи чоп омад.
Ин китоб барои мутолиа ва баҳрабардорӣ ба рӯзноманигорон, донишҷӯёни ихтисосҳои рӯзноманигорӣ ва алоқамандони публитсистика пешниҳод кардаанд.
“Асосҳои таҳрири матни журналистӣ” ҷиҳати иҷрои дастури раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид оид ба муаррифӣ ва омӯзиши таҷрибаи рӯзномаи “Хатлон” ба нашрияҳои дигари маҳаллӣ, бо мақсади гиромидошти забон ва таъмини риояи қоидаҳои имло дар нашрияҳои даврӣ ва маводи журналистӣ китоби нави омӯзиширо зери унвони “Асосҳои таҳрири матни журналистӣ” омода ва рӯи чоп омад. Китоб аз 144 саҳифа иборат буда, дар ҳаммуаллифӣ бо Дилором Маҳкамова, омӯзгори кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, таҳия гардидаст.
Дастури таълимии мазкур асосҳои таҳрири матни адабии журналистиро фаро гирифта, донишҷӯён ва рӯзноманигорони ҷавонро бо вазифаҳои муҳаррир, таҳриру тасҳеҳи матн, махсусиятҳои таҳрири маводи журналистӣ бо дарназардошти қолабҳои жанрӣ ва вижагиҳои кори матбуоти даврӣ шинос мекунад. Китоб барои ходимони матбуоти даврӣ, донишҷӯёни ихтисосҳои рӯзноманигорӣ ва унвонҷӯён тавсия дода шудааст.
дар поёни конференсияи имлӣ-адабӣ туҳфаҳои идораи рӯзномаи «Хатлон» ба як қатор собиқадорони матбуот тақдим карда шуд. Ҳамчунин, ба Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин 50 нусха аз китобҳои тозанашри идораи рӯзномаи «Хатлон» эҳдо гардид, то шумораи бештари алоқамандони мутолиа ба он дастрасӣ дошта бошанд.
Шаҳодат ХОЛОВА,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00