Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Русзане, ки чакандӯзӣ мекунад


Русзане, ки чакандӯзӣ мекунад




Надяхола ҳар боре, ки аз ноҳияи Муъминобод берун меравад, вақти бозгашт ба ронанда мегӯяд, ки ӯро дар болои пули назди дарвозаи шаҳраки Муъминобод пиёда кунад. Мехоҳад то ба хона расидан дилаш аз ҳавои Ватан тар шавад. Хастагии роҳро рафъ созад. Муъминободро акнун Ватан хондааст. Инҷо фарзандону наберагонаш умр ба сар мебаранд. Ӯ 50 сол боз дар ин макон ҳаёт ба сар мебарад ва аз ин хурсанд аст. Надежда Саидова, русзанест, ки ба Тоҷикистон келин шуда, имрӯз ба духтарону бонувони маҳаллӣ гулдӯзӣ меомӯзад.

- Ҳар вақте ба Россия, барои дидорбинии хешовандонам меравам, онҳо мегӯянд, ки ба Тоҷикистон дигар нарав. Аммо ман ба онҳо посух медиҳам: «19 сол дар Россия зиндагӣ кардам ва дар Тоҷикистон бошад, 50 сол мешавад, ҳаёт ба сар бурда истодаам».

Холаи Надя дар шаҳраки Муъминобод зиндагӣ мекунад. Ӯ дар ин макон об-рую эътибори хос дорад. Зеро мардуми таҳҷоӣ аз офаридаҳои дастони ӯ истифода мебаранд. Занону гулдухтарони маҳаллӣ аз Надяхола нозукиҳои ҳунари гулдӯзиро меомӯзанд.

Гурӯҳи эҷодии рӯзномаи «Хатлон» дар меҳмонии ин зани чирадасти русзабони муъминободӣ буд ва қиссаҳои ҷолиби зиндагии ӯро бо дурбини рӯзнома ба навор гирифта, манзури Шумо-хонандагон мегардонад. Рамзи QR-ро скан карда, суҳбати ширину ҷолибро бо лаҳни ноби тоҷикӣ аз забони ин зани  рус бишнавед.

Н. САИДАБРОР, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода