ДУОИ МОДАР
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 245
Писари бузурги модар!
Писари сутурги модар!
Зи саҳар дуо бигӯям, ки шавӣ наҷоти миллат,
Бишавӣ суботи миллат, фараҳу нишоти миллат!
Ба ту ман ҳаёт додам, ки шавӣ ҳаёти миллат!
Писари азизи модар!
Туӣ хуштамизи модар!
Ҳама умри ман ту ҳастӣ шарафи сари музаффар!
Ба дилам чу офтобӣ, ба шабам чу моҳтобӣ!
Бикунам дуо, ки чун шамс бар ин ҷаҳон битобӣ!
Писари заминкушоям!
Ба ғами дилам давоям!
Биравӣ ба сӯи мардум, ба дили ҷавон тавон шав!
Зи раҳи гарон гузашта, ба тани ҳама равон шав!
Ба замин бикор гандум, ба вуҷуди халқ ҷон шав!
Писарам, вакили халқам!
Ту ба ҷон кафили халқам!
Ба ҳама вакил раҳбар, ба ҳама кафил сарвар,
Чу дилат раҳат мунаввар, ба садоқатат муқаррар,
Ҳама меҳр ҷавшани ту, ҳама ҷодаат музаффар!
Писарам, ту раҳкушо шав,
Ба ҷавонӣ раҳнамо шав!
Ба вафо дилат кушода, ба канор душманат гир!
Бикушо ба сулҳ ҷода, ҳама бор бар танат гир!
Ту, ки паҳлавони халқӣ, ғаму дарди Меҳанат гир!
Писарам, ту машъали ман!
Писарам, ту ҳайкали ман!
Бинамо ба роҳгумҳо тарафи мубораки бахт,
Бинамо ту нарм дилҳо, ки хун аст синаи лахт!
Агарам шараф набошад, нарасӣ ба тоҷу бар тахт!
Писари диловари ман!
Писари навовари ман!
Ту ҷаҳони тоҷиконро бинамо ҷаҳони дигар!
Ба замони нав қадам зан, ки шавад замони дигар!
Ки сипас Ватан шиносад, ки ту қаҳрамони дигар!
Писари басабру тамкин,
Ба халоиқ астӣ таскин!
Зи Худо талаб намудам, ки шавӣ чу нангу орам,
Бишикан яхи зимистону биёр навбаҳорам!
Ба раҳат ду чашми чорам, ки ту ҳастӣ ҷонсупорам!
Писарам, сафои умрам!
Писарам, бақои умрам!
Зи қудуми ту бирӯяд гули ормони Ваҳдат,
Зи халаф ту дӯст кардӣ, ки бишуд тавони Ваҳдат,
Ба вуҷуди бебаҳоят ту шудастӣ ҷони Ваҳдат!
Писарам, ҷаҳонқаринам!
Писарам, фари заминам!
Зи фарози даҳрминбар ба милал расид ҳарфат,
Зи мисоли Тоҷикистон ба масал расид ҳарфат,
Ба шарофати бузургон чу асал расид ҳарфат!
Ба дуо кушодаам даст,
Ба Худо кушодаам даст,
Ки дусад замони дигар ту даҳои халқ монӣ!
Чу замонате ба фардо ту сахои халқ донӣ!
Абадияти ман астӣ, ки бақои халқ монӣ!
Писари бузурги модар!
Писари бузурги миллат!
Ту ба бахт озмун шав, ки расӣ ба тахтҷояш!
Бифирӯз тоҷи тоҷику бирас ба муддаояш,
Ту ба пеш раҳнамун шав, ки бимонӣ Пешвояш!
Писарам, ҳазор солат
Рақам аст дар камолат!
Ту бимонӣ паҳлавоне ба сари замони тоҷик,
Ту бимонӣ қаҳрамоне ба фару нишони тоҷик!
Бирасӣ ба ҷовидона ту ба ному ҷони тоҷик!
Аҳмадҷон Раҳмат зод,
Шоири халқии Тоҷикистон
-
4-08-2023, 06:01
Чанд гуфтание дар поварақи шеъри «Ба таънагарони миллат»-и Шоири халқии Тоҷикистон устод...
-
29-08-2023, 09:44
Зуҳури инсон дар табиат падидаи фавқулода ва истисноист. Зеро он ягона мавҷудоти соҳибшуур мебошад,...
-
19-01-2023, 07:48
Муқаддима Дар таърихи навтарини миллати тоҷик Паёми Роҳбари давлат – маҷмуи таҳлил, арзёбӣ, як навъ...
-
20-01-2023, 13:07
(андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат)...
-
26-01-2023, 14:36
Илм ва адабиёт ҳамеша гирҳекушои инсон буд, яъне аз оғоз барои раҳоӣ аз мушкилот, асорати динӣ,...