НАҚШИ ИЛМ ВА АДАБИЁТ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 январ, Бахш: Сиёсат, Боздид 1 137
Ҷамолиддин Саидзода,
адабиётшинос
Дар қиссаву таърих чу озода бихонед,
Мақсуд аз озода шумоед, шумоед.
Деҳхудо
Илм ва адабиёт ҳамеша гирҳекушои инсон буд, яъне аз оғоз барои раҳоӣ аз мушкилот, асорати динӣ, мазҳабӣ, тарғиби ахлоқи пок, одамият, худшиносӣ, инсоншиносӣ, диншиносӣ ва ғайра хидмат менамуд, по ба пои замон ва талаботҳои он амал мекард, пеш мерафт. Ба хотир биёред, талошҳои олимону адибони моро баъд аз истилои араб, муқовимат ва муборизаи онҳоро ба забони бегона, яъне арабӣ, баргардони осори илмиву адабӣ ба забони арабӣ, барои аз нобудӣ раҳонидан ва баъдан аз нав ба тоҷикӣ тарҷума намудан, хусусан кӯшишҳои Рӯдакӣ ва соири адибони замони Сомонӣ, ки хеле босамар буданд. Дар ин бора устод Саид Нафисӣ чунин гуфтааст: «Кореро, ки Амир Исмоили Сомонӣ бо шамшери буррандаи хеш огоз карда буд, Абдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад бо хомаи хеш ба поён расонид. Ин Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад роҳбаре тавоно буд, ки роҳро барои Дақиқӣ ва Кисоӣ ва Фирдавсӣ кушуд ва муҳандиси ҳунарманде буд, ки хонаи ҷовидонии Унсуриву Фаррухиву Асҷадиву Мунҷик ва Носири Хусравро пояе устувор ниҳод».[1] Ба қавли шоире:
Рӯдакӣ низ чун дури шаҳвор
Зеби дарбори оли Сомон буд.
Ҳамчу теғи амир Исмоил
Хомаи Рӯдакӣ ба ҷавлон буд…
Дар низоъи бақои миллият
Аввалин қаҳрамони майдон буд.
Миллати мо раҳини миннати ӯст,
Миннат ӯро сазад, ки маннон буд.[2]
Фирдавсӣ касе буд, ки, ба қавли худаш, бо ранҷҳояш, Аҷамро, ки баъди истилои араб мурда буд, зинда намуд:
Басо ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.[3]
Аммо қабл аз эшон Яъқуби Лайс, ба қавли Носири Хусрав, аз аввалин амирони Хуросон буд, ки барои истиқлолхоҳӣ то Басра рафт ва хидмати бузургро барои миллат анҷом дод. Ҳамзамон, ӯ назарияи «он чи ман андар наёбам, чаро бояд гуфт»-ро ба миён гузошт ва бад-ин тартиб истиқлоли адабии забон ва адабиёти миллати моро асос гузошт ва бунёнгузорӣ намуд. Воқеан, Носири Хусрав ба қавли муҳаққиқи фаронсавӣ Пол Омер, «баъд аз он ки ба синни рушд расид, қитъаоте аз ашъори Фирдавсии Тӯсиро ба даст оварда хонд ва мутаваҷҷеҳ шуд, ки эрониён дар қадим қавми барҷаста буданд ва султаи қавми араб онҳоро дучори инҳитот кард».[4] Ин абёти Носири Хусрав, ки аз худшиносии шоир ба мо мужда медиҳанд, на танҳо аҳамияти таърихӣ доранд, балки барои боло бурдани худогоҳии миллии миллати мо кӯмаки бешоиба менамоянд:
Хуросон з-оли Сомон чун тиҳӣ шуд,
Ҳама дигар шудаш аҳволу Сомон.[5]
***
Он, к-ӯ ба Ҳиндувон шуд, яъне, ки ғозиям,
Аз баҳри бардагон, на зи баҳри ғазо шудаст.[6]
***
Ман аз пок фарзанди озодагонам,
Нагуфтам, ки Шопур бани Ардашерам.[7]
Хоқонӣ агарчи дар даврони зафъи рӯҳи миллӣ зиндагӣ ва эҷод кардааст, аммо осораш саршор аз афкори миллӣ аст. Ӯ шоири шуубӣ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, осораш дар парвариши рӯҳи миллии шаҳрвандон нақши барозанада метавонад дошта бошад. Ашъоре аз ин даст:
Неъмате беҳтар аз озодӣ нест,
Бар чунин моида куфрон чӣ кунам?[8]
***
Чароғи Каён кушта шуд, кош ман
Ба маргаш чароғи сухан куштаме.[9]
***
Мулки Аҷам чу туъмаи туркони аъҷамист,
Оқил куҷо бисоти таманно барафканад?
Тан гарчи суву этмак аз эшон талаб кунад,
Кай меҳри шаҳ ба Отсизу Буғро барафканад. [10]
***
Чу ин ҷо маънии Қуръон надонам,
Равам он ҷо, ки Обисто бихонам.[11]
***
Магзор мулки Ораше дар дасти муште оташе,
Хуш нест гарди нохушӣ бар рӯйи зебо рехта.[12]
Мутаасифона, баъди ба адабиёт ворид шудани тасаввуф, алалхусус ҳуҷуми муғул ба кишвари мо, рӯҳи миллӣ заиф мешавад, яъне бозтоби он дар илму адабиёт камранг мегардад, қариб ба сифр мерасад. Аммо, мо ба ҳар ҳол, хол-хол дар осори адибон ва олимон ба афкор ва ашъоре рӯ ба рӯ мешавем, ки дар онҳо андеша ва рӯҳи миллӣ тарғиб мешаванд. Ба ин намунаҳо аз Мавлоно таваҷҷуҳ фармоед, ки онҳо имрӯз низ аҳамияти худро аз даст надодаанд ва дар тарбияи ифтихор ва худшиносии миллии мо метавонанд нақши муҳим бибозанд:
Форсӣ гӯ, гарчи тозӣ хуштар аст,
Ишқро худ сад забони дигар аст.
Бӯйи он дилбар чу паррон мешавад,
Он забонҳо ҷумла ҳайрон мешавад.[13]
* * *
Балхиям ман, балхиям ман, балхиям,
Шӯр орад оламе аз талхиям. [14]
***
Наъраи ҳою ҳӯйи ман, аз дари Рум то ба Балх,
Асл куҷо хато кунад, Шамси ману Худои ман. [15]
***
Дар сафар гар Рум бинӣ ё Хутан,
Аз дили ту кай равад ҳуббулватан.[16]
Албатта, мо дар осори Хоҷу, Ҳофиз, Соҳиби Шерозӣ, Биноӣ, Урфӣ, Толиби Омулӣ, Нозими Ҳиротӣ ва бархе аз дигарон низ ба андешаву афкори миллӣ, ватандӯстона рӯ ба рӯ мешавем, ки мутолиаи онҳо дар таҳкими рӯҳи миллии ҳамватанон нақши шоиста мебозанд. Ба сифати мисол шеъри поёни Хоҷуро мегирем, ки аз рӯҳи миллӣ бархӯрдор буда, бар зидди бартарияти қавмҷӯёнаи аъроб нигаронида шудааст:
Буд Ҳабиби Аҷамӣ дар намоз,
Шуд Ҳасани Басри-ш аз дар фароз.
Дид, ки ал-ҳамд ба ал-ҳамд хонд,
Рахши қироат ба иборат наронд.
Гуфт: «намоз аз паси ин чун тавон»,
К-ин аҷамӣ ҳаст шикастазабон?
Дур шуду кард ба танҳо намоз,
З-он ки кунад хос зи ом эътироз.
Дид ҳамон шаб чу фурӯ шуд ба хоб,
К-омадӣ аз ҳазрати иззат хитоб,
К-эй Ҳасан, ар ҳусни иборат турост,
Сиҳҳати ният зи иборат ҷудост.
Тири фазилат шудат акнун зи шаст,
Ёфта будиву бидодӣ зи даст.
Ғарра чӣ бошӣ ба ибороти хеш,
Ношуда кашшофи ишороти хеш.
Гар ту ҷудогона накардӣ намоз,
Кардаӣ тооти ту будӣ ба соз.
Дил чу дуруст аст, забонро биҳил,
Номи забон аз чӣ бари пеши дил.
Тӯтии хушхон, ки забон номи ӯст,
Шаккари ширини баён коми ӯст.
Айб макун, гар шиканад дар сухан,
Бад набувад, тӯтии шаккаршикан…[17]
Аммо олимону адибони мо асосан аз аввали асри гузашта имкон ёфтанд, ки дар бораи миллати хеш сухан бигӯянд, рӯ ба худогоҳии миллӣ биёранд. Устод Айни қаҳрамони ин майдон аст. Нахустин асарҳои назмиву насрии устод, аз ҷумла «Марши ҳуррият» ва қиссаи «Одина», дар ташвиқу тарғиби рӯҳи миллӣ, бедорӣ, худогоҳии мардум нақши бузург бозидаанд:
Эй ситамдидагон, эй асирон!
Вақти озодии мо расид,
Муждагонӣ диҳед, эй асирон!
Дар ҷаҳон субҳи шодӣ дамид.[18]
Дигар, маҳз устод Айнӣ аввалин бор тоҷикситоиро дар шеър бунёд гузошт ва ҷаҳониёнро аз сирру асрору фарҳангу тамаддуни воло, зеҳни софу дарроки тоҷикон воқиф сохт ва барои адибони дигар ҳамчун намунаи ибрат хидмат кард:
Ба парда то ба чандин рози тоҷик?
Биё, биншин, шунав овози тоҷик.
Ба зеҳни софу истеъдоди фитрӣ
Набошад дар ҷаҳон анбози тоҷик.
Суханро чун арӯсон зеб дода,
Забони маърифатпардози тоҷик.[19]
Маҳз дар ҳамин давра илм ва адабиёти соф миллии мо поягузорӣ шуд. Бинобар ин, олимону адабони ҳамзабони мо, ки ҳанӯз дар асорати бегонагон қарор доштанд, илму адабиёти моро на танҳо ба сифати сармашқ пазируфтанд, балки ба ташвиқу тарғиби он пардохтанд. Аз ҷумла, донишманди эронӣ Саид Нафисӣ дар ин боб гуфта: «Барои мо махсусан роҳи республикаҳои Осиёи Миёна, ки таърихан ба мо наздиканд ва дар як муддати кӯтоҳ ба шукуфоии маданияти худ ноил гардидаанд, ибратомӯзанд. Асарҳои нависандагони намоёни тоҷик С. Айнӣ, М. Турсунзода, Миршакар, Улуғзода, Икромӣ… барои ҷавонони мо, дар роҳи ба вуҷуд овардани адабиёти миллӣ ва ҳақиқатан халқии худ, намунаи сазоворест».[20] Бинобар ин, метавон гуфт, ки тамоми осори олимону адибони мо, аз ҷумла устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Деҳотӣ, Улуғзода, Икромӣ, Раҳим Ҳошим, Муҳаммад Осимӣ, Носирҷон Маъсумӣ, Боқӣ Раҳимзода, Муъмин Қаноат, Убайд Раҷаб ва дигарон намунаи олии хидмат ба миллату кишвар ва мавқеи дурусти онҳо маҳсуб мешавад. Дар ин замина асарҳое чун «Намунаи адабиёти тоҷик», «Ёддоштҳо», «Исёни Муқаннаъ», «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик»-и устод Айнӣ, «Тоҷикон», «Тоҷикон ва талошҳои таърихии онҳо барои озодии Ватан»-и Бобоҷон Ғафуров, «Сарои тамаддун», «Тоҷикистон шуд мунаввар», «Коваи оҳангар», «Кремл», «Меҳан, эй меҳан», «Бандагӣ даркор нест»-и Лоҳутӣ, «Писари Ватан», «Ҷони ширин», «Асри ман», «Ватан», «Дӯстонро гум макун»-и Турсунзода, «Субҳи ҷавонии мо», «Ривояти суғдӣ», «Восеъ», «Фирдавсӣ»-и Улуғзода, «Духтари оташ», «Зоғҳои бадмур»-и Икромӣ, «Одамони ҷовид»-и Раҳим Ҷалил, «Вафо»-и Фотеҳ Ниёзӣ, «Дар он дунё»-и Ф. Муҳаммадиев, «Фикрҳои зиддидинӣ дар адабиёти тоҷик»-и Холиқ Мирзозода, «Қишлоқи тиллоӣ»-и Миршакар, «Ишқи Ватан»-и Ҳабиб Юсуфӣ, «Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик»-и Абдулғанӣ Мирзоев, «Одам-уш-шуарро Рӯдакӣ»-и Афсаҳзод, «Суруши Сталинград»-и Муъмин Қаноат, «Дар орзуи падар»-и Кароматулло Мирзоев, «366-паҳлу»-и Ғаффор Мирзо, «Каримбой дар хонаи Худо»-и Аҳмадҷони Ҳамдӣ, «Ситорае дар тирашаб»-и Расул Ҳодизода ва ғайра аз шоҳкориҳои илму адаби мо маҳсуб мешаванд, ки дар асри гузашта эҷод шудаанд. Мо дар ҳамаи ин асарҳо ба ин ё он навъ дахолати адибонро ба ҳаёти халқ ва тақдири кишвар бармало боздид менамоем. Ҳамаи ин осор дар рӯҳияи баланди ватандӯстона, хидмат ба миллат, тарғиби арзишҳои миллӣ, ваҳдату якпорчагии шаҳрвандони кишвар, таъмини амнияту сулҳу осоиш навишта шудаанд. Бинобар ин, дар парвариши рӯҳи миллии шаҳрвандон, ба вижа ҷавонон, ки ояндаи миллат ва кишваранд, нақши муҳим мебозанд. Ногуфта намонад, ки имрӯз низ олимону адибони мо дар эҷоди осоре, ки рӯҳ ва андешаи миллиро тарғиб мекунанд, муваффақиятҳои назаррас доранд. Аммо, мутаассифона, на ҳамаи аҳли илму адаб дар ин самт кӯшо мебошанд. Бисёре аз онҳо як навъ бетарафӣ ва бетафовутӣ нисбат ба тақдири миллат ва кишвар зоҳир менамоянд. Ба сифати як навъ тамошобин ба ҳаводиси рӯзгор назар меандозанд. Аз имкониятҳои истиқлол самаранок ва ба фоидаи миллату кишвар истифода наменамоянд, кор намегиранд, баръакс, аз озодиҳои истиқлол сӯистифода мекунанд. Осоре эҷод менамоянд, ки бар зарари манфиатҳои миллат ва кишвар мебошанд. Албатта, ин амали онҳо як навъ аз гумроҳӣ ва мавқеи нодурусти онҳо ба ҳаёт ва тақдири миллату кишвар хабар медиҳанд. Эшон як навъ масъулиятгурезӣ менамоянд. Ҳол он ки вазифаи аҳли қалам дахолат ба зиндагӣ, хизмат ба халқ ва кишвар ба ҳисоб меравад. Шоир беҳуда нагуфтааст, ки:
Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ,
К-имрӯз чӣ хидмате ба мардум кардӣ. [21]
Зеро:
Дар халқ, буруни халқ будан ғалат аст,
Суҳбат бо зиндагист, бо мурдан нест.[22]
Ҳамин аст, ки бархе аз аҳли қалам ҳануз ҳам саргарми истифода аз образу устураҳои динӣ, мазҳабӣ, арабӣ, мисли Сулаймон, Ҳоруту Морут, Юсуфу Зулайхо ва ғайра мебошанд. Ирфону тасаввуф, шӯру ваҷду ҳолу бехудию тақдирпарастӣ ва фарҳанги бегонаро тарғиб месозанд. Гурӯҳи дигар ба шаҷараноманависӣ, олимону адибонро муллою эшону сайидзода сохтан ва муаррифӣ кардан машғуланд. Саввум, аз босмачиҳо қаҳрамон месозанд, чаҳорум, осори олимону адибони асри гузашта ва дастовардҳои миллати моро дар он замон, яъне асри ХХ инкор менамоянд, як навъ эпидемияи (вабои) гузаштаситезӣ, нигилизм (инкор), таҳрифи воқеиятро дар фазои илм ва адаби мо паҳн ва эҷод менамоянд, ки натанҳо боиси нигаронии аҳли илму адаб, балки давлат ҳам шудаанд. Онҳо гӯё намедонанд, ки мо маҳз дар натиҷаи заҳмату ҷонфидоии пешиниён, ба вижа фарзандони бузурги миллат, ба ин рӯзи фирӯз, яъне истиқлол расидем. Беҳуда шоир ба мо ҳушдор надодааст:
Ҳама аз кӯшиши пешиниён аст,
Агар осоише акнун ту дорӣ.[23]
Бадбахтона, бархе аз нависандагон, ба ҷойи «Маҳмуди торобинома», «Мавлавинома», «Биноинома», «Яъқубилайснома», «Сосоннома», «Сомоннома», «Картнома», «Сарбадорнома», «Соҳибишерозинома», «Каюмарснома», «Ҳушангнома», «Урфинома», «Айнинома», «Лоҳутинома», «Турсунзоданома» ва ғайра навиштан имрӯз низ «Искандарнома» менависанд. Масалан, Сорбон «Достони писари Худо» («Искандарнома»)-ро менависад. Ҷумъа Одина низ дар поёни асри гузашта романи «Искандари Мақдунӣ»-ро эҷод менамояд, ки нотамом мемонад. Воқеан, Карим Мусо дар ин бора, яъне орзуи навиштани эпопеяи «Искандари Макдунӣ»-ро аз ҷониби Ҷумъа Одина чунин ба қалам медиҳад: «Китоби нотамоми Ҷумъа Одина «Искандари Мақдунӣ» баъди падруди муаллифаш бо зиндагӣ дар шумораҳои маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп шуд, ки маро дар ҳайрат гузошт. Зеро ба гуфти худаш, ки доир ба ин ҷаҳонгир асаре навиштан дар майнааш мечархидааст, фурсати зиёде нагузашта буд. Вай ин корро бо ҳама моҷароҳҳои вобаста ба романи «Гузашти айём» мутародиф пеш мебурдааст. Вале сар карду ба поён расонида натавонист. Ҳол он ки, ба гуфти Убайд Раҷаб, дар ҳамон китоби ёддоштии «Дӯш будам ҳамнишин», Ҷума Одина «Эпопеяи Искандари Макдуниро» нияти дар панч китоб ба поён расонидан доштааст…».[24] Ба қавли устод Лоиқ:
Ситамгарро Сикандар кардаӣ ту,
Музахрафро музаффар кардаӣ ту!
Валекин бузрукони нобиғатро
Гадоёни паси дар кардаӣ ту.[25]
Гузашта аз ин, Саттор Турсун дар романи «Се рӯзи як баҳор», Мирзо Насриддин (Саидзода) дар романи «Оташ дар хонаи қадим» (дар ду ҷилд), Урун Куҳзод дар романҳои «Бандии озод», «Тақвими роҳгум», Аброри Зоҳир дар романҳои «Муқовимат», «Бозгашт», Баҳром Фирӯз дар романи «Ғафлатзадагон» босмачиёнро ба сифати қаҳрамон интихоб намуда онҳоро ватандӯст муаррифӣ менамоянд. Мо дар китобҳои «таҳқиқӣ»-и «Ҷонпайванд»-и Мирзо Шукурзода, «Ҷусторҳо ва ибтикорот дар наср»-и Абдухолиқи Набавӣ, «Адабиёт ва фарҳанги миллӣ»-и Рустами Ваҳҳобзода, «Тоҷикони Мовароуннаҳр»-и Абдуқодир Холиқзода, «Истиқлол ва худшиносии иҷтимоию маънавӣ»-и Шакурӣ, «Андешаҳои адабӣ-эстетикии Садриддин Айнӣ»-и Наргис Аслонзода ва дар даҳҳо асарҳои дигар ба нақди носолим, нигилизм (инкор), сиёҳкунӣ, таҳрифкорӣ, босмачиситоӣ, динситоӣ, амирситоӣ, айниситезӣ, турсунзодаситезӣ, худситезӣ, паст задани забони тоҷикӣ ва ғайра низ рӯ ба рӯ мешавем. Ба қавли Калими Кошонӣ:
Раҳнамоёни замони мо ҳама раҳ мезананд,
З-он миён гар росте дидем, асои кӯр буд.[26]
Дар ҳақиқат, ин олимон ва адибон ба ҷойи раҳнамоӣ, нишон додани хатарҳо, таҳдидҳо, ки имрӯз кишвару миллати мо ба онҳо рӯ ба рӯянд, ба ин гуна мавзӯъҳои барои миллат ва кишвар зиёнрасон даст зада ва мезананд, яъне як навъ раҳзанӣ менамоянд. Ҳол он ки мо дар як вазъияти ҳассос, нозук ва хатарнок барои миллату кишвар қарор дорем. Вазифаи олимону адибон нишон додан ва муҷассам сохтани ҳамин хатарҳо ва таҳдидҳо мебошад. Воқеан, хатаршиносӣ, таҳдидшиносӣ чист? Хатаршиносӣ илм аст, мисли адабиётшиносӣ, инсоншиносӣ, диншиносӣ, китобшиносӣ, ҷомеашиносӣ, мактабшиносӣ, руҳшиносӣ, рӯзномашиносӣ ва ғайра. Албатта ин мафҳумҳо, ба вижа мафҳуми хатаршиносӣ дар кишвари мо хеле ҷавон аст. Акунун ба забонҳо ҷорӣ ва сорӣ мешавад. Он илмест, ки дар бораи таҳдидҳо сухан мегӯяд, ҳушдор медиҳад. Аз неруҳои мухталифи дохиливу хориҷӣ, алалхусус минтақавию ҷаҳонӣ, террористҳо, экстремистҳо, гурӯҳҳои радикалӣ, хабар медихад, то кишвар ва миллат барои дифоъ омодагӣ бигирад, хатару таҳдидҳоро пешгирӣ намояд. Мутаассифона, касоне, ниҳоде, мутахассисоне, ки ба маънии васеъ ва тангаш ба ин масъала машғул бошанд, давлатро, ҷомеаро, халқро огоҳ намоянд, ҳануз дар байни олимону адибони мо падид наёмадаанд. Ба ин маънӣ, хатаршиносӣ ҳанӯз расмият пайдо накардааст. Лиҳозо, имрӯз зарур аст, ки он хатарҳое, ки ба миллат ва кишвар таҳдид мекунанд, ба таври ҷиддӣ мавриди омӯзиш қарор бигиранд. Албатта, мо хатарҳои табииро дар ин маврид истисно менамоем. Ҳадафи мо нишон додани хатарҳои сиёсӣ ва динию мазҳабиянд, ки нажоду миллат ва кишварҳои пурнуфусу пурнуфузи олам аз рӯи барномаҳои махсус амалӣ мекунанд ва кардан мехоҳанд. Хусусан барои мо имрӯз ба шиддат динзада шудани кишвар, минтақа ва олам, қудратҷӯӣ, бартариятҷӯӣ, аз ҷумла қударати нажодӣ, миллӣ, эпидемияи (вабои) гузаштаситезӣ, нигилизм (инкори дастовардхои миллату кишвар дар асри гузашта), бегонаситоӣ, босмачиситоӣ, бетафовутӣ, бетарафӣ, бемасъулиятӣ, дурӯӣ, чандрӯӣ, тамошогарӣ, беҳувиятӣ, яъне манкуртӣ, бехотирагӣ ва ғайра аз ҳар лиҳоз нигаронкунандаанд. Аммо, неоусмонизм (навусмонизм) аз ҳама хатарнок мебошад, ки натанҳо ба ояндаи нажоду миллати мо, балки ба нажоду миллатҳои дигари ҷаҳон низ таҳдид менамояд. Аз ин рӯ, имрӯз ин докторинаи нажодию фашистӣ на фақат мо, балки ҷаҳониёнро низ нигарон сохтааст. Бояд онро пешгирӣ ва хунсо кард. Аммо ин мавзӯи дигар аст ва баррасии алоҳидаро тақозо менамояд. Воқеан, олимону адибон имрӯз вазифадоранд, ки дирӯзи миллат, имрӯзу фардои онро аз рӯи виҷдон, мунсифона таҳқиқ намоянд ва ба риштаи тасвир бикашанд, танҳо бо бадеият, ороишу пероиш саргарм нашаванд. Ояндаи миллат, бақои кишвар ва хатарҳои мавҷударо бишиносанд, ошкор намоянд ва ба хонанда хабар бидиҳанд, чунки ба қавли нависандаи маъруф Тургенев, «давраҳое ҳастанд, ки адабиёт наметавонад танҳо бадеиёт бошад, зеро манфиатҳое ҳастанд, ки аз манфиатҳои бадеӣ болотаранд. Лаҳзаи худшиносӣ ва танқид, чунонки дар ҳаёти шахсони алоҳида зарур аст, дар зиндагонии халқ низ зарурат дорад».[27] Аз ин хотир, олимону адибон бояд дирӯзшинос, имрӯзшинос ва ояндашинос бошанд. Ҳаргиз ба бехабарӣ, бетафовутӣ, ғафлат роҳ надиҳанд, яъне ояндабин бошанд, зеро, ба қавли Низомулмулк, «ғафлат давлатро бибарад»[28] ва ба андешаи Ҷон Голсуорси, «агар аз оянда наандешед, оянда нахоҳед дошт».[29] Беҳуда шоир нагуфтааст:
Маро аз ғафлати худ бар сар ин бедод меояд,
Набошад сайд агар ғофил, чӣ аз сайёд меояд? [30]
Рӯи ҳамин асос, мо бояд дар бораи ояндаи Тоҷикистон биандешем, хатарҳое, ки пешорӯи миллат ва кишвар аст, ошкор ва кашф намоем. Зеро Тоҷикистон ҳатто нимҷазира нест, балки, ба қавли олимону адибон ҷазира аст, дони танҳост дар осиёи замона, мисли оҳуест раманда дар миёни кишварҳо:
Халқи тоҷик дар Осиёи Миёна-
Дони танҳо дар осиёи замона.[31]
Лоиқ
Дар харита мисоли оҳуест
Тоҷикистон миёни кишварҳо.
Ай Худо, доми душманаш баркан,
Ай Худо, тири душманаш бишкан![32]
Гулназар
Дар ҳақиқат, ин ҳолати миллат ва кишвари моро ҳатто ҳамзабонони мо мушоҳида кардаанду изҳори нигаронӣ намудаанд. Парвиз Нотили Хонларӣ гӯяд: «Тоҷикистон монанди ҷазирае миёни кишварҳои «дигарзабон» мондааст, агарчи он кишварҳои дигар ҳам ба забону адабиёт ва фарҳанги эронӣ бегона нестанд ва миёни эшон форсигӯй ва форсидон мондааст. Аммо тоҷик ба маънии форс ва форсизабон аст ва мардуми ин кишвар ин маъниро хуб медонанд. Як шоири ҷавони тоҷик шеъре дорад, ки мазмуни он дилбастагӣ ба забони дарӣ аст ва ман дар форсӣ шеъре дигар чунин пуршӯр дар баёни ин алоқа ба забони форсӣ (дарӣ-тоҷикӣ) суроғ надорам. Ин шеъри шурангезро дар ҳамин шумораи «Сухан» зери унвони «То ҳаст оламе, то ҳаст одаме» мехонед».[33] Дигар, Худованд доми душманонро, ки гирди мо танидаанд, намеканад, тире, ки сӯи мо рост кардаанд, намешиканад, зеро ӯ, ба қавли маъруф, оламро офарид, аммо дар он дахле надорад. Дигар, ӯ ба мо беҳтарин неъмат-ақлу хирадро арзонӣ доштааст, то худамонро, Ватанамонро аз хатарҳо эмин бидорем. Бинобар ин, ҷуз мову шумо каси дигаре доми душманонро канда ва тири онҳоро шикаста наметавонад. Лиҳозо, мо бояд ватандӯсту ҷонфидо бошем ва маргро аз зиндагӣ авлотар донем. Беҳуда нагуфтаанд:
Ба номи накӯ гар бимирам, равост,
Маро ном бояд, ки тан маргрост.[34]
Фирдавсӣ
Гар бибояд мурд, боре хезу дар майдон бимир,
Марг дар майдон беҳ аз марге, ки андар бистар аст. [35]
Маликушшуаро Баҳор
Бо як сухан, фақат мову шумо нигаҳбони ин миллат ва Ватан ҳастем. Фақат моем, ки бо ҳамаи мушкилот нигоҳ накарда, ин Ватанро аз бадхоҳон дифоъ мекунем ва дар роҳи он агар лозим шавад, ҷони худро фидо менамоем:
Дил ба ғами Ватан фигор ман накунам, кӣ мекунад,
Ҷон ба раҳи Ватан нисор, ман накунам, кӣ мекунад? [36]
Мо бояд на танҳо аз ҷасортаи миллӣ, балки ғурури миллӣ низ бархӯрдор бошем ва дар ҳар ҳолату шароит обрӯй ва иззату шарафи иноснии худро ҳифз намоем. Гузашта аз ин, мо бояд дар ҳамин гуна руҳ, яъне бархӯрдорӣ аз ғурури миллӣ ва инсонӣ таълиму тарбия ёбем, то битавонем дар мушкилтарин ҳолатҳо, пешомадҳои ногувору ногаҳонӣ, ғайримунтазир, сахтиҳои модиву маънавӣ, сиёсию иқтисодӣ ва ғайра, иззату обрӯю шарафи инсонию миллии хешро нигаҳ дорем, дур аз хиёнату ноҷавонмардӣ қарор бигирем ва ба қавли Мавлоно, косаи дӯғи хешро аз ангубини бегонагон авлотар донем ва озодиро ба бандагӣ савдо нанамоем:
Гар косаи дӯғи хеш бошад пешам
В-аллаҳ, ки з-ангубини кас н-андешам.
В-ар бебаргӣ ба марг молад гӯшам,
Озодиро ба бандагӣ нафрӯшам.[37]
Аз сӯи дигар, мо набояд имрӯз дар хоксорию тавозӯъ, нармию мадоро, ки бо сабабҳои айниву зеҳнӣ ба хӯю хислати зотии мо табдил ёфтааст, ифроту тафрит намоем, зеро ҳамин хоксорию нармии аз ҳад зиёди мо буд, ки боиси сарафкандагию хорию зории мо гардид ва мо ба таври бояду шояд натавонистем аз манфиатҳои миллию инсонии худ дифоъ намоем ва аз ҷойгоҳе, ки шоистаи миллати мост, бархӯрдор гардем. Ҳамин сифату хислати мо, яъне нармхӯии аз андоза беҳади мо буд, ки мо ҳама чизро аз даст додем, душманони худро обрӯю манзалату давлату сарвату саодат бахшидем, аммо худро хору зору бемиқдор сохтем. Имрӯз замоне расидааст, ки мо дар ин қаламрав ҳадди эътидолро риоя намоем, то битавонем иззату нафси худро нигаҳ бидорем, бозичаи дасти дигарон нашавем. Ин хитоб ва андарзҳо, ки аз қаъри асрҳо ба мо ҳушдору сало медиҳанд, имрӯз низ метавонанд ба масобаи раҳнамо бароямон хидмат намоянд. Бинобар ин, мо бояд онҳоро ҳифз намоем ва ҳамвора пешорӯи худ дошта бошем:
Як ҳамлаю як ҳамла, к-омад шабу торикӣ,
Чустӣ куну туркӣ кун, не нармию тоҷикӣ.[38]
Мавлавӣ.
Нармӣ зи ҳад мабар, ки чун дандони мор рехт,
Ҳар тифли найсавор кунад тозиёнааш.[39]
Соиб
Таназзул обро аз нармхӯист,
Баландӣ куҳро аз сахтрӯист.[40]
Нозим
Бо сангдилон шиори худ сахтӣ кун,
Бардор ба оҳан оҳани тофтаро.[41]
Бедил
Лиҳозо, мо барои ҳамаи шаҳрвандони кишвар дирӯзшиносӣ, имрӯзшиносӣ, ояндашиносӣ ва худшиносиву ифтихори миллӣ таманно менамоем, зеро, ба қавли П.А. Столипин, «қавми маҳрум аз худшиносии миллӣ, мисли поруест, ки бар рӯи он қавмҳои дигар рушду нумув хоҳанд кард».[42] Аз ин рӯ, аз забони Мавлоно мегӯем:
Ман бандаи он қавм, ки худро донанд,
Ҳар дам дили худро зи ғалат бирҳонанд.
Аз зоту сифоти хеш созанд китоб,
Феҳристи китобро аналҳақ хонанд. [43]
[1] Саид Нафисӣ. Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ. – Душанбе, 2008. – С. 20.
[2] Рӯдакӣ бояд, ки ояд бори дигар бар ҷаҳон… -Панҷекат, 19966. –С. 52.
[3] Шаҳбайтҳои «Шоҳнома». –Душанбе:Адиб, 1990. –С. 205.
[4] Васияти Ҳасани Саббоҳ. –Душанбе:Нодир, 2005. –С. 6.
[5] Носири Хусрав. Куллиёт. Деволни ашъор. –Ҷ.1. –Душанбе:Эр-граф, 2003. –С. 530.
[8] Девони Хоқонии Шарвонӣ. –Теҳрон, 1368. –С. 252.
[11] Фарҳанги забони тоҷикӣ. –Ҷ.1. –Москва, 1969. –С. 892.
[12] Девони Хоқонии Шарвонӣ. –С. 36.
[13] Маснавии маънавӣ. –Теҳрон, 2001. –С.313.
[14] Офтоби маърифат. –Душанбе, 2007. –С. 195.
[15] Ҷалолиддини Румӣ. –Девони кабир. –Ҷ.2. –Душанбе:Адиб, 1993. –С. 395.
[16] Маснваии маънавӣ. –С. 183.
[17] Хоҷуи Кирмонӣ. Хамса. –Хуҷанд:Хуросон, 2017. –С. 68-69.
[18] Садриддин Айнӣ. Куллиёт. –Ҷ.2. Шнърҳо. –Душанбе:Дониш, 2020. –С.324.
[20] Съезди дуюми нависандагони советии Умумииттифоқ. Ҳисоби стенографӣ. –Москва, 1956. –С.552.
[21] Абулқосим Лоҳутӣ. Шеърҳо ва достонҳо. -Китоби 2. –Душанбе:Адиб, 1987. –С. 187.
[22] Абулқодири Бедил. Рубоиёт. –С. 17.
[24] Карим Мусо. Ҷабри таърих. –Душанбе: Бухоро, 2013. –С. 93.
[25] Лоиқ. Фарёди бефарёдрас. –Душанбе: Адиб, 1997. –С. 97.
[26] Калими Кошонӣ. Гули хуршед. –Душанбе: Ирфон, 1985. –С. 114.
[27] Ҷамолиддин Саидзода. Тарбияи ифтихор ва худшиносии миллӣ дар дарсҳои адабиёт. –Душанбе:Ирфон, 2012. –С.88.
[28] Низомулмулк. Сиёсатнома. –Душанбе: Адиб, 1989. –С. 30.
[29] Ҷон Голсуорси. Андарзи бузургон. –Душанбе:Адиб, 2020.–С, 220.
[30] Соиб. Мунтахаб. –Душанбе: Ирфон, 1980. –С.356.
[31] Лоиқ. Фарёди бефарёдрас. –Душанбе:Адиб, 1997. –С. 97.
[32] Гулназар. Аз китоби «Лолаҳо дар ёлаҳо». Адабиёт ва санъат, 5 июли соли 2012.
[33] Парвиз Нотили Хонларӣ. Дар сарзамини Рӯдакӣ. Садои Шарқ, 1968, №4. –С. 72.
[34] Абулқосим Лоҳутӣ. Шоҳнома. –Ҷ.6. –Душанбе:Адиб, 1989. –С. 395.
[36] Ѓаффор Мирзо. Саҳифаи адабӣ. Ҷавонони Тоҷикистон, 22 сентябри соли 2022.
[37] Ҷалолиддини Румӣ. Рубоиёт. –С. 57.
[38] Ҷалолиддини Рӯмӣ. Девони кабир. – Ҷ.2.-Душанбе: Адиб, 1993. – С. 252.
[39] Соиб. Мунтахаб. –Душанбе: Ирфон, 1980. –С. 539.
[40] Нозими Ҳиротӣ. Ашъори мунтахаб. – Душанбе: Ирфон, 1967. – С.122.
[41] Абулқодири Бедил. Осор. –Ҷ.7. –Душанбе: Адиб, 2007. –С. 41.
[42] П.А. Столипин. Садои Шарқ. 2019, № . –С.
[43] Ҷалолиддини Румӣ. Рубоиёт. –Душанбе: Ирфон, 1984. –С. 35.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...