Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Мардум рӯзнома мехонанд?


Мардум рӯзнома мехонанд?




Рӯзнома ташаккулдиҳандаи тафаккури инсон мебошад, тамоми ҳодисаву воқеаҳои рӯзгори инсоният тавассути рӯзномаҳо инъикос меёбад. Ҳеҷ як расонаи электронӣ ҷои рӯзномаро гирифта наметавонад, он кайфиате, ки хондани рӯзнома дорад, ягон ВАО-и дигар онро надорад.

Мутаассифона, дар минтақаҳо мардум кам рӯзнома мехонанд. Шумораи чопи рӯзномаҳо низ хеле кам буда, қисмати ками мардум ихтиёран ба матбуоти даврӣ обуна мешаванд. Аз ин лиҳоз, бо саволи “Чаро мардум рӯзнома кам мехонанд?” ба ҳамкасбонамон муроҷиат намудем.


Субҳон РАҶАБ,
сармуҳаррири нашрияи «Гулхани Восеъ»


Дар миёни рӯзномаҳое, ки бевосита дар вилояти Хатлон амал мекунанд, ҷойи шакку шубҳа нест, ки рӯзномаи вилоятии «Хатлон» рӯзномаи рақами як аст, зеро тамоми маводҳое, ки дар ин рӯзнома чоп мешавад, аз дасти якум аст. Вақте ки маводҳои дасти якум аст, вай воқеият, ҳақиқат, моҳияташ аз ҳама пеш аст.

Имрӯз муҳимтарин сабабу омиле, ки мардум ба рӯзномаҳо кам таваҷҷуҳ доранд ва кам мехонанд, ин нарасидани рӯзнома ба дасти онҳост.

Имрӯз рӯзноманигор бо ҳама ҳастӣ маводи таҳлилӣ ё дигар маводҳо менависад ва дар саҳифаҳои интернет пахш менамоянд. Вале имрӯз беҳтарин омил он аст, ки он рӯзнома ба дасти хонанда бирасад.

Вақте инсон рӯзномаро ба даст мегирад, имкон дорад, ки ором нишаста, матлаби заруриро чанд маротиба хонад, ба умқи маънии он мерасад ва ба заҳмати рӯзноманигор баҳое арзанда медиҳад, ҳамин муҳим аст.

Имрӯз 80 фисади рӯзномаҳои ноҳиявӣ ба дасти хонандаи оддӣ намерасад. Мардум рӯзнома мехонанд, аммо дастрасии онҳо ба рӯзнома хеле мушкил аст.

Барои ҳамин пешниҳод доштам, ки фаъолияти почтаҳо ҷоннок карда шавад, таҷрибаи даврони шуравӣ расонидани рӯзномаҳо «хона ба хона» рӯи кор ояд, хуб мешуд.


Раҳматулло Одинаев,
сармуҳаррири барномаҳои таҳлилии «Радиои тоҷикистон»
 


Кам таваҷҷуҳ кардани мардум ба рӯзномаҳо чанд далел дорад. Якум ин ки худи ҳамон маводе, ки дар рӯзномаҳо чоп мешавад, он тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пахш карда мешавад ва ҷомеа аз ҳамаи он воқеоту рӯйдод огоҳ аст.

Дигар ин, ки имрӯз на он қадар матлабҳое менависанд, ки дарди мардумро инъикос кунанд. Метавон гуфт, ки маводҳои таҳлилӣ кам аст. Дар нуқтаҳои фурӯш нархи як газета 3-5 сомонӣ аст, ки шакли электрониашро аксари рӯзномаҳо дар сомонаҳои худ мегузоранд ва он дастраси омма аст. Тариқи телефони мобилӣ онро боргирӣ намуда, мутолиа менамоянд, дар ин сурат ҳоҷат ба харидории рӯзнома намемонад.


Фирӯз Ҳақназарзода,
сармуҳаррири рӯзномаи «Навиди Кӯлоб»


Албатта, мо дар замони тараққии босуръати технологияҳои нав зиндагӣ дорем. Ҳама ба интернет дастрасӣ доранд, бинобар ин ба маводҳои чопӣ кам рӯ меоранд. Ба ин васила метавон хонандаро ҷалб намуд ва маҳорати эҷодии навқаламонро такмил дод, ки ин намунаи ибрати дигар рӯзномаҳо мебошад.

Яке аз василаҳои дигари ҷалби мардум, махсусан ҷавонон, ин ташкили озмунҳои эҷодӣ мебошад, ки он дар матбуоти замони истиқлол роҳандозӣ гардидааст. Дар вилоят озмунҳои эҷодии рӯзномаи “Хатлон” мисол шуда метавонад.


Исломи Раҷабалӣ, 
хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» дар минтақаи Кӯлоб


Сабаби якум ин дастрас набудани рӯзномаву маҷаллаҳо ба мардум аст. Чӣ гуна? Пештар дар шаҳру ноҳияҳо аниқтараш дар наздикиҳои бозорҳо як ё ду дӯкони рӯзномафурӯшӣ амал мекард. Дилхоҳ шаҳрванд, метавонист, ки рӯзномаву маҷалларо харидорӣ намояд. Мутаассифона, бо гузашти сол, бо кадом сабабҳое дӯкон ё нуқтаи фурӯши рӯзномаҳо имрӯз фаъолият намекунанд. Масалан, дар минтақаи Кӯлоб танҳо дар ноҳияи Фархор, дигар дар ягон ноҳияи минтақаи Кӯлоб нуқтаи фурӯши рӯзномаву маҷаллаҳо дида намешавад. Дилхоҳ шаҳрванди оддӣ дар даст телефони мобилӣ дорад ва ҳар моҳ барои хариди интернет маблағи муайяне сарф мекунад. Ҳар хабару матолибе, ки расонаӣ мешавад, ҳатман онро мехонаду мебинад ва огоҳ мешавад.

Рӯзномаву маҷаллаҳо ҳар ҳафта як маротиб рӯйи чоп меоянд, агар ин хабар дар рӯзнома нашр шавад, ки мардум аллакай аз интернет огоҳӣ доранд, моҳияташро гум мекунад. Ман намегӯям, ки ҷойи рӯзномаро интернет мегирад.


Бахтовар Қаландаров, 
сармуҳаррири рӯзномаи «Субҳи меҳнат»-и ноҳияи Муъминобод


Албатта, инкорнашавандааст, ки дар ин шабу рӯз серистеъмолтарин навъи ВАО интернет ба ҳисоб меравад, аммо бояд гуфт, ки то ҳанӯз аудиторияи дигар навъи ВАО низ побарҷост.

Қариб дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нуқтаҳои фурӯши рӯзномаҳо ғайрифаъоланд, ки ин яке аз омилҳои ба дасти хонанда нарасидани рӯзномаҳо мегардад. Баъзе аз корбарони расонаҳои иҷтимоӣ, ки қаблан муштариёни фаъоли рӯзномаҳо буданд, аз қолабию такрорӣ чоп шудани рӯзномаҳо дар шикоятанд. Қисми дигари сокинон изҳор доштанд, ки наметавонем дар рӯзномаҳо масоили ҳалталаб, таҳлилӣ, мубоҳисавӣ ва интиқоди судмандро дарёбем. Аз ин лиҳоз, бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ метавонем ҳам матлабҳои дар рӯзнома чопшударо хонем ва ҳам даҳҳо масъалаи бароямон хосро дарёбем.

Алишери Абдулмаҷид, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода