Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Содироти 7576 тонна маҳсулоти кишоварзӣ


Содироти 7576 тонна маҳсулоти кишоварзӣ



Дар нуҳ моҳи соли равон аз ҳудуди вилояти Хатлон ба хориҷи мамлакат 7576,0 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 5749 тонна тавассути мошин ва ҳавопаймо, 1914 тонна тариқи роҳи оҳан содирот карда шудааст.

Тавре ки ба рӯзномаи “Хатлон” аз Сарраёсати кишоварзии вилоят иттилоъ доданд, ғайр аз ин, тавассути дидбонгоҳҳои гумрукии вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 64935 тонна маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон ба хориҷи мамлакат содирот гардида, дар маҷмуъ 72511 тоннаро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки соли ҷорӣ дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон дар майдони 350391 гектар кишти зироати кишоварзӣ, аз ҷумла 137027 гектар ғалладонагӣ якҷоя бо тирамоҳӣ, 132568 гектар зироати техникӣ, аз ин 123251 гектар пахта, 5778 гектар картошка, 21195 гектар сабзавот, 13296 гектар полезӣ ва 15690 гектар зироати хӯроки чорво кишт карда шуда, дурнамои кишти ғалладонагиҳо 114 фоиз, сабзавот 103 фоиз, картошка 72 фоиз, полезӣ 111 фоиз, зироати техникӣ 100 фоиз, аз ҷумла пахта 100 фоиз, зироати хӯроки чорво 156 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар маҷмуъ 1845 гектар зиёд мебошад.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода