Левакант дурнамои истеҳсоли пахтаро иҷро кард
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 321
Хоҷагиҳои пахтакори шаҳри Левакант дурнамои солонаи ҷамъоварии пахтаро пурра ва барзиёд иҷро кардаанд. Имсола майдони кишти пунбадона дар Левакант 1030 гектарро ташкил дода, дурнамои ҷамъоварии ҳосили “тиллои сафед” беш аз 100 фоиз таъмин гардид. Ба нуқтаҳои қабул аз тарафи кишоварзони Левакант 2426 тонна (дурнамо - 2410 тонна) пахта супорида шудааст.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди вилоят дар нуҳ моҳи соли 2023 ба кулли пахтакорони Левакант ин дастоварди меҳнатиро шодбош гуфта, ба роҳбарияти шаҳр Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро супорид.
Маврид ба зикр аст, ки то 10 октябр инчунин Ҷамоатҳои деҳоти “Ориён”-и ноҳияи Кӯшониён, “Нури Вахш” ва “20-солагии Истиқлолият”-и ноҳияи Дӯстӣ, “Заркамар”-и ноҳияи Қубодиён аз иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта мужда додаанд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...