Забон хишти аввали кохи миллат аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 373
Олитарин зуҳурот ва нишони мавҷудияти ҳар як миллат забон аст. Миллатеро ба ҳама шукуҳу шаҳомат, урфу анъана, маърифату фарҳанг, ахлоқ, биниш ва ғайра бе забони халқаш шинохтан душвор аст.
Муҳаббат ба забони модарӣ як ҷузъи муҳаббати Ватан аст ва касоне, ки забонро пушти по мезананд ва ба он ҳурмат надоранд ва наомӯхтанд, ба халқу Ватан эҳтироми бардурӯғ доранду бас. Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимии дунё ба ҳисоб рафта, таърихи бузург дорад. Имрӯз он забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд биомӯзанд.
Вазифаи ҳар як тоҷикзабон, пеш аз ҳама, аз он иборат аст, ки барои поку беолоиш ва орӣ аз камбудиву нуқсонҳои ғайр нигоҳ доштани забони модарӣ саҳмгузор бошад. Ҳар як инсон пеш аз оне ки бо забонҳои дигар сухан ронад, бояд донандаи забони модарии хеш бошад. Воқеан, агар кас забони худро донад, омӯхтани дигар забонҳо барояш осон мегардад. Беҳуда нагуфтаанд:
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.
Бо ифодаи Турсунзодаи бузург «Забони мо хеле устувор аст, мо имрӯз ҳам ашъори устод Рӯдакиро аз нусхаи аслаш мутолиа мекунем». Пас, аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки забони тоҷикӣ чун лафзи фасеҳу равон, содаву фаҳмо, ҳанӯз дар замонҳои зиндагии устод Рӯдакии бузург вуҷуд доштааст ва дар ташаккули забони порсии дарии тоҷикӣ ӯ саҳми босазое гузоштааст.
Мо насли имрӯз хушбахт аз онем, ки забони мо дорои таърихи куҳан ва ганҷинаи бебаҳост. Бо қарори Созмони Милали Муттаҳид 21-уми феврали соли 2002 Рӯзи байналмилалии Забони модарӣ эълон гардидааст. Аз соли 1989, 22-юми июл бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ давлатӣ эълон гардид. 5-уми октябри соли 2009-ум таҳти №553 қонун дар бораи забон бори дигар қабул шуд, ки вазъи ҳуқуқии забонро муайян мекунад.
Мувофиқи ин қарор коргузории тамоми корхонаву муассисаҳо ва тамоми соҳаҳо бо забони давлатӣ сурат мегиранд.
Мо-тоҷикзодагони асил ҳамеша пайи он мекӯшем, ки забони миллати хешро пок, беолоиш ва пойдор нигаҳ дорем. Нагузорем, ки эҳтироми ин забони бузург, лафзи поки модар коста бигардад. Пояндагии забони модарӣ ба мо соҳибзабон вобастагӣ дорад.
Чуноне ки Президенти кишвар дар Паёми худ гуфтанд: «Забони миллӣ симо ва пайкараи миллати мо мебошад. Аз ин рӯ, ин симо бояд зебо ва ин пайкар тавоно бошад. Гузашта аз ин умри миллат ба умри забон вобаста аст, яъне бақои забон бақои миллат аст. Забон хишти аввалини кохи миллат аст. Забон нишонаи муҳимтарини миллат ва пайвандгари наслҳо мебошад».
Хулоса, забони модарӣ шаҳди ҳаёт аст, ки мо-тоҷиконро бо шири модар бурун омада ва баробари ошомидани шири сафеду лазизи модар дар дилу дида ва мағзи устухону ҷон самар дода, он муқаддасу гуворо ва азизу муътабар буда, тоҷиконро болу пар бахшида аст. Имрӯз фарди тоҷик бо ин болу пари бузурги хеш дар парвозҳои баланд аст, зеро ин забонро ҷаҳониён эътироф мекунанд.
Агар истиқлоли давлатии тоҷиконро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асоси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гузошта бошад, ин натиҷаи бузурги таърихӣ аз сухани шакарбору тамаддунофари гуҳарбори устод Рӯдакӣ сарчашма мегирад. Забони тоҷикӣ он кохи бегазандест, ки Пешвои миллати мо онро то ба кохи бузурги Созмони Милали Муттаҳид муаррифӣ карданд.
Даврон Самадзода,
судяи Суди ҳарбии гарнизони Хатлон
-
19-01-2023, 07:48
Муқаддима Дар таърихи навтарини миллати тоҷик Паёми Роҳбари давлат – маҷмуи таҳлил, арзёбӣ, як навъ...
-
20-01-2023, 13:07
(андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат)...
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...
-
29-08-2023, 09:44
Зуҳури инсон дар табиат падидаи фавқулода ва истисноист. Зеро он ягона мавҷудоти соҳибшуур мебошад,...
-
26-01-2021, 14:00