Чист Истиқлол? Яъне Тоҷикистон доштан!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 391
Истиқлол неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишони барҷастаи симо ва шахсияти таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувияти миллӣ ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошад. Истиқлол барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.
Дар замони соҳибистиқлолӣ эъмориҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ки киш вари мо дар ин самт бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст, қабл аз ҳама, ташаккули шохаҳои мустақили ҳокимият ва ниҳодҳои давлатии мутобиқ ба принсипҳои демократии давлатдориро тақозо менамояд. Дар даврони истиқлолият тавассути ислоҳоти амиқи сиёсиву ҳуқуқӣ заминаҳои мустаҳками давлатдории муосири миллӣ фароҳам оварда шуд. Мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳими давлатдорӣ мебошад, ки фаъолияти он ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона гардидааст.
Ҳамин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, дар маҷмӯъ, мусбат арзёбӣ намуда, чунин таъкид намудаанд: “Ҳанӯз аз оғози даврони истиқлолият кормандони прокуратура бо хизмати содиқонаи худ намунаи олии хизмат ба Ватанро нишон дода, дар шароити муқовимати шадиди мусаллаҳона дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифаи муқаддаси хешро дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ сарбаландона иҷро намуда, дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки волоияти қонун асоси онро ташкил медиҳад, саҳми арзанда гузоштанд”.
Маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ин ниҳоди калидӣ бо биноҳои маъмурӣ пурра таъмин гардида, биноҳои мақомоти прокуратура дар аксар шаҳру навоҳии мамлакат таъмиру азнавсозӣ, инчунин, барои беҳтар намудани шароити манзили кормандон ва маблағгузории прокуратура аз ҳисоби буҷети давлатӣ як силсила иқдомоти ҷиддӣ амалӣ карда шудаанд.
Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик хушбахтист ва танҳо бо роҳи ваҳдат ва меҳнати ҳалол метавонем Истиқлоли давлатиро ҳифз намоем ва Ватани азизамонро ободу зебо гардонем. Ин ҳадафҳо танҳо ба воситаи илму дониш, ақлу заковат ва меҳнатдӯстӣ муяссар мегардад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри ин падидаи нодири таърихӣ расем, зеро Истиқлол барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбӣ меоварад.
Абдураҳим РАҲИМЗОДА,
прокурори вилояти Хатлон
Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои бузург тарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди аҳамияти ин санаи таърихӣ чунин ибрози андеша намудаанд: “Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихиеро фароҳам овард, ки ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи
мардумамонро ба роҳ монем”.
Воқеан, баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуда, баҳри пешгирӣ ва аз байн бурдани коррупсия дар ҷомеа тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намудааст.
Ҳамин буд, ки 10 январи соли 2007 Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси Агентӣ ба тасвиб расид ва ҷиҳати тақвияти шаффофияти раванди идоракунии давлатӣ, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои пешгирикунанда дар соҳаи хизмати давлатӣ, муқаррар кардани ҷавобгарӣ барои содир намудани тамоми шаклҳои рафтори коррупсионӣ ва ошкору пешгирӣ намудани чунин амалҳо заминаҳои боэътимод фароҳам оварда шуд. Ҳамзамон, ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт Шурои миллии муқовимат бо коррупсия ва дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ ду стратегияи миллии муқовимат бо коррупсия қабул карда шуд, ки дар онҳо чораҳои маҷмӯии хусусияти ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангидоштаи вобаста ба муқовимат бо коррупсия пешбинӣ гардидаанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ Агентӣ тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ, назорат ва риояи қатъии интизоми молиявӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд амал намуда, дар давраи фаъолият ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.
Карим ИБРОҲИМЗОДА,
генерал – майори адлия, сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Хатлон
Истиқлоли давлатӣ яке аз муқаддастарин дастоварди таърихи навини миллати куҳанбунёди тоҷикон ба ҳисоб рафта, шаҳодат аз он медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сокинони ин сарзамини куҳанбунёд аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, соҳиби давлати тозабунёди демократӣ ва ягона мебошанд.
Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар кишвари азизамон таҳавулоти гуногун гузаронида, тамоми соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ аз тарафи Ҳукумати тозабунёди Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давра ба давра ба тартибу низом дароварда шуда, тавонист Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ ва буҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ барорад.
Замони истиқлолият ин замони расидан ба ормонҳои миллӣ, расидан ба қуллаҳои баланди иқтисодиву иҷтимоӣ, ноил шудан ба мақомҳои байналмилалӣ ва таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба роҳи бунёдкориву созандагӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ аст.
Мустаҳкам кардани ҳифзи сарҳадот, таъмини амнияти мардуми кишвар, коҳиш додани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ, пешгирии экстремизму терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддир ҳадафии асосии Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, маҳз ба воситаи ҳокимияти судӣ, ҳамчун шохаи ҳокимияти давлатӣ, адолати судиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пойдор кард.
Ҳокимияти судӣ дар замони Истиқлол ба дастовардҳои гуногун ноил шуд. Маҳз дар давраи истиқлол судҳои ҷумҳурӣ аз лиҳози таъмину ташкили фаъолияти судӣ тавонистанд масъалаҳои техникиву кадрии худро ҳаллу фасл намоянд ва шароити мусоид барои таъмини адолати судӣ фароҳам оваранд.
Дар замони Истиқлол бо мақсади рушди фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ барномаҳои ислоҳоти судӣ таҳия ва тасдиқ карда шуданд, ки ин барномаҳо тавонистанд барои фаъолияти минбаъдаи судҳои ҷумҳурӣ шароит фароҳам оваранд ва барои таъмини адолати судиву таъмину ташкили фаъолияти судҳо заминае гузоранд.
Аз ин рӯ, мо - сокинони кишвар бояд Истиқлоли давлатиамонро дар ҳама ҳолат нигоҳ дошта, дар якҷоягӣ баҳри ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ ва ҳимояи сохти конститутсионӣ содиқонам ба халқу Ватани худ хизмат намоем.
Нуриддин РАСУЛЗОДА,
раиси Суди вилояти Хатлон
Миллати тамаддунофари тоҷик асрҳо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳангӣ, ҳувияти миллӣ, забони модарӣ, илму адабиёти оламгирашро ҳифз намудааст.
Истиқлол низ яке аз неъматҳои бебаҳову нодире ҳаст, ки бо заҳмату ҷоннисориҳои мардуми саодатманд ва сарбаланди тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Имрӯзҳо бо боварии комил метавон тамоми дастоварду арзишҳои миллии кишварро ба Истиқлоли давлатӣ вобаста донем.
Воқеан, кормандони милитсияи тоҷик дар даврони истиқлол аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан, дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90-уми асри сипаришуда вазифаи ба уҳдаи онҳо гузоштаро бошарафона иҷро карданд ва якҷо бо ҷузъу томҳои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд.
Дар ин росто Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид доштаанд: “Вақте ки ба таърихи фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистони соҳибихтиёр назар мекунем, мебинем, ки он пур аз саҳифаҳои корнамоиву фидокорӣ ва ҷасорату ҷоннисориҳои фарзандони содиқ ба миллату Ватан мебошад. Зеро онҳо дар тӯли соҳибистиқлолӣ ба хотири ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлол, ҳифзи шараф ва зиндагии ороми сокинони мамлакат ва обрӯи халқу давлати худ дар сафи пеши мубориза қарор доштанд. Натиҷаи хизмати содиқонаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аст, ки имрӯз шаҳрвандон дар симои кормандони милитсия ҳимоятгарони таъмини амнияти давлату миллати худ, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодӣ, моликият ва суботу оромии ҷомеаро мебинанд ва бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд”. Ҳукумати кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ ба таъминоти моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди вазифаҳои хизматӣ ва боз ҳам беҳтар гардонидани ҳифзи иҷтимоии кормандон ва хизматчиёни ҳарбии мақомоти милитсия тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Мавриди зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон низ дастовардҳои назаррас ба амал омад. Бунёди даҳҳо иншоотҳои нав, муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифт, ки барои фаъолияти кормандони милитсия шароитҳои мусоид фароҳам овард. Соҳибдавлатӣ барои ҳар як инсони комил бахту иқболи бузург аст.
Файзулло Нозимзода, сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...