Маводи табиие, ки дар поксозии ҷигар аҳамияти муҳим дорад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Арсаи кишоварзӣ / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 414
Ҷигар баданро аз ҳама чиз-заҳру вирусҳо ва бактерияҳо, ки талош мекунанд ба бадани шумо ворид шаванд, муҳофизат мекунад. Тамоми чизҳое, ки вориди бадани инсон мегарданд, ҳам маводи ғизоии муфид ва ҳам анвои заҳр, бояд аз ҷигар убур кунанд. Ҷигар дар ҳақиқат дарвозабони ниҳоии бадан аст.
Маҳз ҷигар тасмим мегирад, ба чизе ки вориди бадани шумо мешавад ва аз он хориҷ мегардад. Бо анҷоми ин кор, ҷигар ба поксозии хун ва аз байн бурдани анвои олояндаҳои хатарнок кумак мекунад. Аммо бо масрафи тартиби ғизоии ғайритабиӣ, ки шомили ғизоҳои ғайритабиӣ ва асосан бидуни ҳеҷ арзиши ғизоӣ мебошанд, ҷигари шумо бояд беш аз ҳад кор кунад, то баданро аз осебҳои олудагиҳои беруна ҳифз намояд. Ҳатто ҷигар, бовуҷуди ин, ки як қаҳрамон аст, маҳдудиятҳое дорад ва метавонад дар ин мубориза шикаст хӯрад. Ҳар замоне, ки битавонем аз маводи ғизоии табиӣ истифода кунем, ин кор як имтиёзи мусбат барои бадан ба шумор меравад. Бинобар ин, мо бархе аз роҳҳои табиӣ ва бехатарро муаррифӣ мекунем, то ба шумо дар таъмини маводи асосии мавриди ниёз барои поксозии ҷигар кумак кунанд.
1. 70 фоизи бадани инсонро об ташкил медиҳад. Ин ба он маъност, ки барои коркарди матлуби бадан бояд об бинӯшед. Об ба хориҷ кардани заҳрҳои номатлубе, ки ҷигар барои ҳалли онҳо неруи зиёде сарф мекунад, кумак мерасонад ва ба таври ҳамзамон маводи ғизоии муфидро дар тамоми бадан паҳн мекунад.
Вақте ташна ҳастед, яъне бадани шумо дучори камобист ва бинобар ин, дар давоми рӯз ба таври доимӣ об нӯшед.
2. Лимӯ дар анвои беҳтарин меваҳои табиӣ қарор дорад. Он метавонад на фақат ба ҳифзи саломатии шумо кумак кунад, балки мушкилоти бемориҳо, ҳатто саратонро ҳам метавонад дармон кунад. Шумо метавонед ҳар бор оби лимӯро ба обе, ки менӯшед, илова кунед. Аммо таҳқиқоти охир нишон медиҳад, ки фоидаи воқеии лимӯ танҳо бо истеъмоли тамоми қисматҳои он ба даст меояд.
3. Тибқи гузоришоти таҳқиқоти пизишкӣ зардчӯба дар қатори фоидаҳои зиёд, бофтаҳои осебдидаи ҷигарро низ бозсозӣ мекунад. Шумо метавонед миқдоре аз зардчӯбаро болои ғизои худ бипошед, ё онро ба шакли капсул истеъмол кунед.
4. Буттамеваҳо дар таркиби худ миқдори зиёди маводи ғизоии солим, фибрҳо ва антиоксидонт доранд. Истеъмоли як мушт аз анвои буттамеваҳо ҳар рӯз метавонад ба фаъолнокии ҷигар кумак кунад.
5. Сирко як маводи асосӣ барои аз байн бурдани заҳрҳо мебошад. Агарчи масрафи сиркои тоза беҳтар аст, аммо бо ин ҳол метавонед мукамилҳои сиркоро низ истифода кунед.
6. Грейпфрут меваи дигарест, ки дорои миқдори зиёди антиоксидонт мебошад ва як антиксидонти хос бо номи норинҷирин дар таркибаш вуҷуд дорад. Норинҷирин ба унвони зиддиилтиҳобии фавқулода шинохта мешавад, ки дар пешгирӣ аз бемориҳои зиёде муассир аст. Грейпфрут ҳамчунин метавонад дар ҷигар вокунише эҷод кунад, ки боиси ҳал шудан ва барои пешгирӣ аз захираи чарбӣ дар ҷигар низ кумак расонад.
7. Себ. Шояд ин ҷумларо шунида бошед, ки истеъмоли як дона себ дар як рӯз шуморо аз муроҷиат ба табиб бениёз хоҳад кард. Далели ин маводи фоидаоваре дар себ бо номи пектин аст, ки ба ҳазми хуб кумак хоҳад кард ва боиси беҳтар шудани кори ҷигар мегардад.
8. Чойи кабуд дар таркибаш миқдори зиёди маводе бо номи кочин дорад. Ин мавод антиоксидонте мебошад, ки ба беҳбуди кори ҷигар, чарбисӯзӣ кумак мерасонад ва захираи чарбиҳоро дар ҷигар камтар
мекунад.
Таҳияи Гесу
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...