Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 35-солагии Истиқлолро сазовор истиқбол мегирем


35-солагии Истиқлолро сазовор истиқбол мегирем



Муъминобод.

Ноҳия яке аз ноҳияҳои сайёҳии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи иқтисодӣ дар семоҳаи аввали соли 2023 мардуми шарафманди ноҳия аз имконияту захираҳои дохилӣ истифода намуда, нақшаи даромади буҷети маҳаллиро 102 фоиз таъмин намуданд, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 87 ҳазору 854 сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 763 ҳазору 886 сомонӣ зиёд аст. Нақшаи андоз аз ҳисоби андоз аз даромад 100,4 фоиз, андоз аз арзиши иловашуда 115,5 фоиз, андоз аз соҳибони нақлиёт 117,4 фоиз иҷро гардидааст. Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ- «Саноатикунонии босуръати кишвар» сохтмони корхонаи коркарди сангу шағал ва заргарӣ идома доранд.

Дар ҳамин давра тавассути нақлиёти автомобилӣ ба миқдори 125 ҳазор тонна бор, 131 ҳазор мусофир кашонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан аз 100,8 то 108,7 фоиз рост меояд. Дар се моҳи соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои чакана дар ҳамаи соҳаҳо 24 миллиону 603 ҳазору 800 ҳазор сомонӣ расонида шуд.

Хизматрасонии пулакӣ дар ҳамин давра дар ҳамаи соҳаҳо ба 14 миллиону 200 сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 102,7 фоизро ташкил намудааст.

Дар се моҳи соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 5 миллиону 842 ҳазору 300 сомонӣ маблағҳо аз худ карда шуда, корҳои сохтмону васлгарӣ бошад, дар ҳаҷми 5 миллиону 749 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 216 ҳазору 400 сомонӣ зиёд аст. 16 иншооти хизматрасонию маишӣ бо маблағгузории соҳибкорон ва буҷети ҷумҳуриявӣ сохта ба истифода дода шуд.

Айни ҳол дар ноҳия аз ҷониби буҷети ҷумҳуриявӣ ва сармоягузории асосии буҷети давлатӣ сохтмони муассисаҳои таълимии №33, 54, 57, сохтмони бинои Бойгонии байниидоравӣ дар маркази ноҳия, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти ба номи Шамсиддин Шоҳин, муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникӣ» барои 200 хонанда ба маблағи умумии 54 миллиону 612 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои сармоягузории хориҷӣ муассисаҳои таълимии №5, 7, 10, 37, сохтмони бинои фурӯши маҳсулоти ширию гӯштӣ дар назди Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию каммуналии ноҳия ба маблағи 16 миллиону 641 ҳазор сомонӣ, инчунин аз тарафи соҳибкори ватанӣ сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 ба маблағи 8 миллион сомонӣ оғоз гардида, корҳо дар ин самт бо маром идома доранд, ки ҷамъи умумии маблағи онҳо 79 миллиону 253 ҳазор сомониро дарбар мегирад.

Соҳаи маориф дар ин ноҳия нақши меҳварӣ дорад. Дар ноҳия 47 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 1 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 2 гимназия, 1 мактаб-интернати ятимон ва бепарасторон, 4 муассисаи томактабӣ аз ин 2-тоаш хусусӣ, маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ, муассисаи таҳсилоти иловагӣ, маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар маҷмуъ 66 муассисаи таълимӣ ва 59 маркази инкишофи кӯдак фаъолият доранд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар соли таҳсили 2023 дар  се зинаи таҳсилот 22 ҳазору 14 хонанда (нисбати соли гузашта 803 нафар зиёд аст) ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Дар олимпиадаҳои фаннӣ соли сипаригардида хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар сатҳи вилоятӣ 60 медал, аз ҷумла 15 медали тилло, 12 медали нуқра, 38 медали биринҷӣ ва 38 ҷойи ифтихориро сазовор гардиданд.

Соли ҷорӣ 35 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба гирифтани стипендияи президентӣ, 2 нафар ба гирифтани стипендияи раиси вилояти Хатлон, 60 нафар ба гирифтани стипендияи раиси ноҳия, 37 нафар ба гирифтани стипендияи Соҳиб Шуҳратиевич Табаров сазовор гардидаанд.

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия барои тарбияи сиёсӣ ватандӯстӣ, тарбияи ҷисмонӣ, пешгирии омилҳои номатлуб дар байни ҷавонон аз ҳама захираву имкониятҳо самаранок истифода бурда истода, ба дастовардҳои калон ноил гардидааст.

Варзишгарони ноҳия давоми се моҳ дар 3 мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори 10 медал, аз ҷумла 2 медали тилло, 5 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ гардиданд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 медал зиёд мебошад.

Ҳамчунин дар 3 мусобиқаи минтақавӣ варзишгарони ноҳия иштироки фаъолона намуда, сазовори 51 медал аз ҷумла 20 медали тилло, 17 медали нуқра ва 14 медали биринҷӣ гардидаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 24 медал зиёд мебошад.

Ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии умҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои Маркази ҷавонон ба анҷом расидааст, ки туҳфаи арзандаест ба кулли ҷавонони ноҳия ба ифтихори ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

То имрӯз дар ноҳия 4 харитаи сайёҳӣ, 14 мавзеъҳои сайёҳӣ, 4 лавҳаи ахборотдиҳӣ, 1 маркази иттилоотии сайёҳӣ, 3 тарабхона, 12 маркази хизматрасонии бонкӣ ва банкоматҳо, 5 меҳмонхона, 2 ширкати сайёҳӣ фаъолият дошта, дар хизмати сайёҳон қарор доранд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта имкониятҳои сайёҳии сохташуда ба маротиб зиёд мебошанд.

Дар се моҳи аввали соли равон ба ноҳияи Муъминобод 370 сайёҳ ворид гардид, ки 20-нафари онро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, тараққиёти воқеии ҳаҷми маҷмӯи маҳсулотҳои кишоварзӣ таъмин гардида, дар се моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳо ба 55 миллиону 497 ҳазору 700 сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 123 ҳазору 100 сомонӣ зиёд ё 100,2 фоиз расонида шуд, ки ба соҳаи чорводорӣ 5 миллиону 497 ҳазору 700 сомонӣ рост меояд.

Дар се моҳи соли ҷорӣ кишоварзон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар майдони 7304 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ аз он дар майдони 6987 гектар ғалладонагиҳо, 125 гектар картошка, 150 гектар зироатҳои техникӣ, 42 гектар сабзавот гузаронида шуд ва кишти зироатҳои кишоварзӣ идома доранд.

Тибқи дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ дар майдони 1240 гектар кишти картошка нақшабандӣ гардида, ба масъулини ҷамоатҳо ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия иҷрои он вогузор карда шудааст.

Темурмалик.

Ноҳия дар аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии ноҳияи Темурмалик дар соли 2022 комилан таъмин гардид.

Нақшаи даромадҳои буҷети ноҳияи Темурмалик ба андозаи 123 фоиз иҷро гардидааст, яъне ба ҷойи 4 миллиону 883 ҳазору 660 сомонии пешбинишуда ба буҷет 5 миллион 999 ҳазору 622 сомонӣ ворид шудааст. Нақшаи андози иҷтимоӣ дар маҷмуъ 99 фоиз таъмин гардида, иҷрои нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 103 фоизро ташкил дод.

Аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 8 миллиону 337.0 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо ва ворид карда шудааст.

Ба ҳолати 1 апрели соли 2023 қарзи корхонаю ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо (бо назардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) 6 миллиону 378 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба аввали сол ба маблағи 105.3 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Айни ҳол дар ноҳия 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, аз ҷумла, “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, марҳилаи 4”, “Барномаи мутобиқгардонӣ ва кам кардани оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи баҳри Арал”, “Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ”, “Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ бар зидди бемории “COVID-19”, “Ҳифзи саломатии модару кӯдак ва беҳтар намудани самти ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон” амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии дар доираи онҳо азхудшуда 2,1 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 5 миллиону 392,2 ҳазор сомонӣ расид, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта 21.5 фоиз афзоиш ёфта, 959,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонӣ ба 411,4 тонна бо афзоишӣ 0,5 фоиз, орд ба 1163,6 тонна бо афзоиши 61,9 фоиз, равғани растанӣ ба 13,2 тонна бо афзоиши 4,8 фоиз, гӯшт ба 68,7 тонна бо афзоиши 1,2 фоиз, либоси мактабӣ 2142 дона бо афзоиши 0,1 фоиз, пойафзол 4,1 ҳазор дона бо афзоиши 16,9 фоиз, истеҳсоли хишти сементӣ ба 27,2 метри мураббаъ бо афзоиши 7,9 фоиз дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардиданд.

Давоми се моҳи сипаришуда маблағгузорӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо дар ҳаҷми 26 миллиону 680,7 ҳазор сомониро ташкил дода, корҳои сохтмону васлкорӣ ба маблағи 25 миллиону 366 ҳазор сомонӣ иҷро гардид. Корҳои пудратӣ ба маблағи 12 миллиону 852,4 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида шуда, ҳамзамон дар ин давра ба маблағи 964,6 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта, дар масоҳати 1770 метри мураббаъ манзилҳои шахсии истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли 2022-юм 625 метри мураббаъ зиёд мебошад.

Барои рушди соҳаи маориф аз буҷет 8 миллиону 270,8 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Ҳоло дар ноҳия 54 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 5 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 4 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 35 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 гимназия барои хонандагони болаёқат, 4 муассисаи томактабӣ, 1 интернати наздимактабӣ, 1 мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастор, маркази таҳсилоти иловагӣ, маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, маркази технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ва маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият менамоянд.

Дар семоҳаи сипаригардидаи соли равон олимпиадаи мактаббачагон аз рӯи 11 фанни таълимӣ байни хонандагони синфҳои 9-11, олимпиадаи наврасон байни хонандагони синфҳои 5-8 гузаронида шуда, ғолибон ба даври вилоятӣ сафарбар карда шуданд. Дар даври олимпиадаи вилоятӣ хонандагони синфи 11 соҳиби ду ҷойи ифтихорӣ ва 2 медали биринҷӣ, хонандагони синфи 8-ум ва 10-ум сазовори 11 ҷойи ифтихорӣ ва 9 медали биринҷӣ гардида, 2 нафар соҳиби роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ гардиданд.

Айни ҳол бо маблағгузории Бонки рушди Олмон азнавсозии шуъбаҳои таваллудхона ва ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳия идома дорад. Теъдоди умумии майдончаҳои варзишӣ 44 адад, толори варзишӣ 8 адад, дигар иншооти махсуси варзишӣ 5 адад ва маҷмааи варзишӣ 1 ададро ташкил медиҳанд. Муассисаҳои варзишии ноҳия фаъолияти худро аз рӯйи 10 намуди варзиш дар 123 гурӯҳ ба роҳ мондааст, ки дар ин маҳфилҳо зиёда аз 1300 кӯдакону наврасон ва ҷавонони ноҳия ба тамрини гуногуни варзишӣ фаро ва ҷалб гардиданд.

Ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои гуногуни варзишии сатҳи минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, дар маҷмуъ соҳиби 20 медал, аз он 7 медали тилло, 4 медали нуқра ва 9 медали биринҷӣ гардиданд.

Дар ноҳия 2 меҳмонхона, 2 шифохонаҳои табобатию истироҳатӣ фаъолият менамоянд. Дар ин давра 225 нафар сайёҳи хориҷӣ ва 950 нафар сайёҳи дохилӣ ба ноҳия ворид гардида, фаъолият намуда ва табобат гирифтанд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳия бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири 150 иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ва 61 иншооти иловагӣ ба нақша гирифта шуда, дар маҷмуъ 211 иншоотро дар мегирад. Ба ҳолати 1 апрели соли 2023 дар маҷмуъ 47 иншоот сохта ба истифода дода шуда, дар 126 иншоот корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Ҷаҳонгиршоҳ РУСТАМШОҲ,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода