Ваҳдатсаро
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 350
Абдураззоқ Ҳалимов соли 1943 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таваллуд шудааст. Ӯ аз наврасӣ ба санъат дил бохта буд. Дар гурӯҳи санъаткорони мактаб дутор ва танбӯру рубоб менавохт ва сурудхонӣ мекард. Баъди хатми мактаби миёна ҳамин санъатдӯстӣ ӯро ба омӯзишгоҳи маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Рӯдакӣ бурд. Пас аз хатми омӯзишгоҳ ба Хонаи маданияти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба кор омад ва дар ин ҷо кору фаъолият намуда, ба нафақа баромад.
Меҳнати ҳалолу кордониашро ба инобат гирифта, ӯро ба ҳайси роҳбари Хонаи маданияти ноҳия ба номи шодравон Гурез Абдураҳмон таъин намуданд, ки солҳои зиёд дар ин вазифа кору фаъолият намуд. Соли 1994 ансамбли тарона ва рақси «Ғунча»-и ноҳия барои иштирок намудан дар озмуни байналхалқӣ, ки дар Ҷумҳурии Полша баргузор мегардид, даъватнома гирифт.
Бо роҳбарии Абдураззоқ Ҳалимов ансамбл дар ин озмун иштирок карда, ҳунарнамоӣ намуд. Иштирокчиён ва ҳайати ҳакамонро мутрибону раққосон ва овозхонон бо оҳанг, овози форам, сару либоси миллӣ ва куртаҳои чакани духтарон мафтун намуд. Ҳамчунин, кафкӯбиҳои зиёди тамошобинонро ба инобат гирифта, ба санъаткорон холи аз ҳама баландро муносиб донистанд. Тоҷикистон ғолиби озмун дониста шуда, ансамбли «Ғунча» - и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ соҳиби мукофоти озмун«Табари тиллоӣ» гардид, ки дар ин муваффақият саҳми роҳбар ва овозхони мумтоз Абдураззоқ Ҳалимов калон буд.
Абдураззоқ Ҳалимов чун марди ҳалиму хоксор, тарғибгари санъати тоҷик ба мардум хизмати маънавӣ расонидааст. Шогирдони зиёде тарбия намудааст, ки имрӯз онҳо дар ноҳия ҳамчун санъаткорони асил писанди мардуманд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 сулҳи бебозгашти тоҷиконро овард. Абдураззоқ Ҳалимов, ки бештари сурудҳояш дар васфи дӯстӣ ва сулҳу ваҳдат буданд, месароид. Мардум низ ба чунин сурудҳо ниёз доштанд. Ӯ дар байни мардум ҳамчун овозхони ваҳдатсаро машҳур шуд.
Абдураззоқ Ҳалимов дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъол буд.
Солҳои зиёд вазифаи раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати назди Ҷамоати деҳоти “Калинин”-ро ба уҳда дошт. Дар вохӯриҳо бо собиқадорон, аҳли деҳот аз дӯстиву ваҳдат ва дӯст доштани Ватан сухан мекард. Наврасону ҷавононро барои хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят менамуд.
Хизматҳои пурсамари Абдураззоқ Ҳалимов бо мукофоти давлатӣ - ордени «Дӯстӣ» сазовор гардонида шудааст. Ӯ, инчунин бо Ифтихорномаю Сипосномаҳои зиёд қадрдонӣ гардидааст.
31 октябри соли равон Абдураззоқ Ҳалимов 80- сола мешуд. Бахши фарҳангу Шурои собиқадорони ноҳия ҳамроҳи шогирдонаш тасмим гирифта буданд, ки дар ин рӯз ҳамнишинӣ барпо намуда, бо шеъру сурудҳояшон хотири Абдураззоқ Ҳалимовро шод мегардонанд.
Вале дили пурмеҳри ваҳдатсаро, инсони комил, меҳнатдӯст 2 марти соли равон аз тапидан боз монд. Имрӯз шодравон Абдураззоқ Ҳалимов дар байни мо нест. Вале номи неки ӯ, овози ширину оҳангҳои эљодкардааш дар қалби мардум ҷовидона боқӣ мондааст.
Сафармуҳаммад ЗАРИФӢ,
раиси Шурои собиқадорони
ҷангу меҳнати ноҳияи
Абдураҳмони Ҷомӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00