Тарзи омодасозӣ ва чӣ гуна худро аз сироятёбӣ эмин нигоҳ дорем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 384
Бо фарорасии фасли гармо меваю сабзавот фаровон шуда, нархи он низ дастрас мегардад. Дар ин айём тайёр кардани консерва дар шароити хона оғоз меёбад. Мутаассифона, тарзи риоя нагаштани қоидаи тайёр кардани он боиси заҳролудшавии маҳсулот мегардад. Дар ҳолати истеъмоли ин гуна хӯришҳо онҳо боиси гирифторӣ ба бемориҳо, ба монанди ботулизм, бемории сироятии меъдаю рӯда, заҳролудшавӣ, домана, зардпарвин ва дигар намуди беморӣ мегарданд.
Ҳаким Қурбон, мутахассиси Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, барои пешгирӣ аз сироятшавӣ ба ин бемориҳо ба хонандагони рӯзномаи “Хатлон” якчанд тавсияи муфид дод.
-Тобистони вилояти Хатлон бениҳоят гарм аст. Меваю сабзавот фаровон пухта мерасад ва сокинон барои зимистон аз онҳо консерва омода мекунанд. Дар бисёр ҳолатҳо қоидаҳои тайёр кардани консерва дар шароити хона риоя намешавад, инчунин ҳамин гуна консерваҳо метавонад барангезандаи микроорганизмҳое, ки бемориҳои сироятиро ба вуҷуд меоранд, гарданд.
- Одатан, дар фасли тобистон талаботи мо ба оби ошомиданӣ зиёд мегардад. Вале на ҳамаи сокинон аз оби ҷӯшонидаи безарар истифода мебаранд. Қариб дар ҳамаи гӯшаи бозорҳо ё хиёбону роҳравҳои серодам нуқтаи фурӯши обҳои газнок ба мушоҳида мерасад. Дар таркиби он моддаҳо хушбӯйкунанда ва рангҳо илова мекунанд ва талаботи организмро, ки ба об ниёз дорад, қонеъ карда наметавонад. Истеъмоли онҳо боиси вайрон гардидани фаъолияти меъдаю рӯда мегардад. Дар фасли гармо, ки корҳои саҳроӣ зиёд магардад, ба онҳое, ки ба ин кор машғуланд, тавсия дода мешавад, аз обҳои наҳру кӯлҳо истифода набаранд, бо худ оби тозаи ҷӯшонидашуда гирифта, истеъмол кунанд.
Ҳамзамон, дар ин айём сафарбарии кӯдакон ба истироҳатгоҳҳои тобистона оғоз меёбад. Аз ин рӯ, бояд назорат ба онҳо бештар гардад, то аз истифодаи ҳар гуна обҳои нӯшокӣ даст кашанд.
-Омили дигари гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ истифодаи маҳсулоти хӯроквории муҳлати истеъмолашон гузашта, аз қабили ширу маҳсулоти ширӣ мебошад. Ба ин гуна маҳсулотҳо бояд нури офтоб нарасад. Дар шароити нодуруст нигоҳдошти он муҳлати истифодаашон ба зудӣ мегузарад. Онҳоро бояд дар дараҷаи +2 - +8 0C нигоҳ дошт. Танҳо дар ин ҳолат метавон маҳсулотро дар шароити хуб ва безарар ба муддати дуру дароз нигоҳ дошт. Ҳамчунин, маҳсулотҳои ба ин монанд, аз қабили қаннодӣ ва шириниҳо мебошад, ки дар таркибашон креми ширинӣ (торт) маҳсулоти барангезандатарини микроорганизмҳои стафилакҳо ва стрептакҳо мавҷуд аст. Дар ҳолати гузаштани муҳлати истеъмолашон на танҳо сироят, балки ба заҳролудшавӣ оварда мерасонад, ҳушдор дод мутахассиси Раёсати тандурустии вилоят Ҳаким Қурбон.
Чун мавсими захираи сабзавот ва меваҷот тавассути банкаҳои консерва оғоз гардидааст, ба қоидаҳои гигиенӣ риоя кардани ҳар як кадбону айни муддао мебошад. Чӣ гуна бояд банкаҳоро захира кард ва аз кадом намуди маҳсулот истифода бурду дар кадом ҳолат ин корро анҷом дод, мутахассиси Раёсати тандурустии вилоят ба кадбонуҳо якчанд тавсия ва дастурамалро пешниҳод намуд.
*Аввалан бояд қоидаҳои гигиениро риоя кард.
*Баъдан бояд маҳсулоти тару тоза ва бенуқсонро истифода бурда, бо оби тоза шуста шавад.
*Ба ин кор бояд кадбонуи таҷрибадор ҷалб шавад.
*Маконе, ки дар он ҷо дар банка консерва карда мешавад, тоза нигоҳ дошта шавад ва ҳашарот мавҷуд набошад.
*Мева ва сабзавоте, ки консерва карда мешавад, кадбону бояд аз дастпӯш, асбобҳои чангакмонанд истифода барад, чун дар ҳоли кор метавонад дасти кадбону ба маҳсулоти дигар олуда шавад ва сабаби афтидани микроб гардад.
*Дар консерваи маҳсулотҳое, ки кадбонуҳо аз сирко (уксус) истифода мекунанд, бо диққат бошанд, чун дар ҳолати каму зиёд истифода, бурдани он ба системаи узвҳои ҳозима хатари ҷиддӣ ба вуҷуд меояд.
*Ниҳоят пас аз анҷоми кор кадбону ба муддати як ҳафта ҳолати зарфи консервашударо назорат кунад, то ранг ва шакли он тағйир наёбад.
Дар урфият гуфтаанд: “Пешгирӣ беҳтар аз табобат аст”. Пас, тавсияҳои мутахассисро истифода намоед, саломатии худ ва дигаронро эҳтиёт кунед, маҳсулотҳои тару тозаро истеъмол карда, аз истеъмоли маводҳои ғизоии муҳлати истифодааш гузашта худдорӣ кунед, саломатии худ ва атрофиёнро ҳифз намоед.
Фарида Баротова,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00