Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Садоқат ба Ватан шиори мост


Садоқат ба Ватан шиори мост



Дӯст доштани Ватан аз эҳтиром доштан ба арзишу фарҳанги миллии халқи хеш шаҳодат медиҳад. Дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат ватандӯстӣ арзиши меҳварӣ буда, тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, эҳтиром ба Ватан, худшиносӣ, худогоҳиро ҳамеша ба халқи тоҷик, бахусус ба ҷавонон талқин менамояд.

Ватан ин маконест, ки мо дар он ҷо чашм ба олами ҳастӣ кушодаем, диёрест, ки нахустқадамҳои худро дар рӯйи замини муқаддаси он гузоштаем, сарзаминест, ки аз оби чашмасорон ва меваҳои шаҳдбори он бузург шудаем. Аз ин рӯ, мо Ватанро чун модари азиз дӯст дорем. Агар модар моро ба дунё оварда бошад, пас, мо дар домони ин хоки куҳан бузург гаштаем. Пас беҳуда нест, ки мегӯянд: “Ватан модар аст”. Муҳаббат ба Ватан аз давраи кӯдакӣ зоҳир мегардад ва минбаъд ташаккул меёбад. Ҳиссиёти ватандӯстӣ ин худ садоқат ба Ватан, саъю кӯшиши ба нафъи вай хизмат кардан мебошад.

Доир ба масъалаи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд ва моро ҳамеша ба худогоҳӣ, хештаншиносӣ ва дӯст доштани Ватан, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги хеш ва пос доштани онҳо ҳидоят менамояд. Аз ҷумла дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат қайд карданд, ки «Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Мафҳуми ватандӯстиро шиори кору пайкори худ қарор диҳем ва ҳамеша дар фикри ободӣ, пешрафт ва дастгирии ҳамватанонамон бошем».

Аз ин рӯ, дар шароити имрӯза, ки раванди ҷаҳонишавӣ босуръат идома дорад, ҳар як халқу миллат бояд арзишҳои миллии худро аз вартаи нестшавӣ ҳифз намояд ва ягона роҳи расидан ба ин ҳадаф, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24 декабри соли 2022, №1920 низ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар шароити кунунии вазъи пуртазоди ҷаҳони муосир ватанро беш аз ҳарвақта дӯст дошта, арзишҳои миллии онро бояд ҳифз намуд.

Тибқи моддаи 1 Қонуни мазкур «Тарбияи ватандӯстӣ фаъолияти мураттаб ва мақсадноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ, оила ва шаҳрвандон, ки барои ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан нигаронида шудааст».

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҷавон буда, қариб 70%-и аҳолии кишварро нафарони то 35-сола ташкил медиҳанд. Бо ин мақсад, тарбияи ҷавонон дар сиёсати кишвар самти афзалиятнок ба ҳисоб рафта, сол то сол ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад. Бо ин мақсад Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки ояндаи ин кишвар дар дасти ҷавонон аст. Ин сухан аз мо-ҷавонон масъулияти баланди ватандорӣ металабад. Зеро тақдири минбаъдаи ин кишварро бузургон ба мо-ҷавонон бовар намудаанд.

Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамчун муассисаи таълимӣ дар рушд ва ба камол расонидани мутахассисони ҷавон дар миқёси ҷумҳурӣ мавқеи намоён дошта, маҳз натиҷаи заҳмату талоши кормандони ин даргоҳи илму маърифат буд, ки соли равон зиёда аз 300 нафар донишҷӯён, пас аз супоридани имтиҳонҳои хатм, ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуданд.

Мафҳуми ватандӯстӣ барои халқи тоҷик падидаи нав набуда, ниёгони мо ҳамеша ватандӯст буданд ва ватандӯстиро ҳамеша дар эҷодиёти худ талқин менамуданд. Чунончи, Фирдавсии бузугр гуфтааст.
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.


Дар ин росто пешниҳод менамоям, ки ҷиҳати бедор намудани ҳувияти миллии ҷавонон бояд миёни онҳо дар баробари озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ҳамасола озмуни беҳтарин хонандагони асарҳои ватандӯстӣ, ки дар онҳо бештар далерию матонат ва шуҷоату нотарсӣ инъикос шудааст, ба монанди «Шоҳномахонӣ» ташкил ва баргузор карда шавад. Зеро дар ин шоҳасари безавол таъриху фарҳанг ва анъанаҳои мардуми форс, аз ҷумла тоҷикон ва болотар аз ҳама, ватандӯстию далерӣ таҷассум ёфтааст. Дар ин росто адабиётшиноси тоҷик Ҷамолиддин Саидзода дар васфи «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ бе далел чунин нагуфтааст:
Ҳар он кас шоҳномахонӣ кунад,
Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.


Дар маҷмуъ, гуфтан мумкин аст, ки дар шароити муосир таваҷҷуҳ ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон омили муҳим ба ҳисоб рафта, дар пос доштани арзишҳои миллӣ, худогоҳии ҷавонон, якпорчагии Ватан, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва пешгирии насли ҷавон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна гурӯҳҳои хатарафзо нақши бисёр муҳим мегузорад.

Алишер Шоев,
омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода