Осорхона - оинаи таърихи миллат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 695
Ҳар як халқу миллат таъриху тамаддуни хешро дошта, баҳри омӯзишу ташвиқи арзишҳои фарҳангии худ аз роҳу воситаҳои мухталиф истифода мебаранд. Тоҷикон, ки яке аз халқҳои қадимаи дорои фарҳангу тамаддуни волои хос мебошанд, барои омӯзиш, оммавигардонии арзишҳо ва ҳифзи тамаддуни хеш чораҳои заруриро меандешанд. Бозёфтҳои нодири дорои арзиши таърихие, ки аз ҷониби сокинони кишвар ва бостоншиносон гирд оварда шудаанд дар осорхонаҳо нигоҳдорию тарғиб карда мешаванд. Бахусус, дар давраи соҳибистиқлолӣ бо кӯшишу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳқиқу ташвиқи арзишҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик дар сатҳи баланд ҷараён гирифта, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносии сокинони Тоҷикистон, бахусус насли наврасу ҷавон корҳои бузурге ба анҷом расонида шудаанд.
Муассисаи давлатии осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» тибқи нақшаи корӣ фаъолият намуда, дар амалӣ намудани сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзи фарҳанги миллӣ, пос доштани таъриху тамаддуни гузаштаи миллати тоҷик ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносии миллӣ
саҳми арзанда мегузорад.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо чорабинии фарҳангӣ – фароғатии «Шабе дар осорхона» ҳамасола бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаи фарҳангӣ, сайри осорхонавӣ, намоиши ҳунарҳои дастии бонувони осорхона дар сатҳи баланд баргузор мегардад. Тамошобинон низ дар ин рӯз ройгон аз осорхона дидан мекунанд. Ҳамасола дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо озмуни вилоятии осорхонаҳо таҳти унвони «Осорхонаоинаи таърих» миёни осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардида, беҳтаринҳо аз ҷониби ҳайати ҳакамон муайян шуда, дар рӯзи байналмилалии осорхонаҳо қадрдонӣ карда мешаванд. Соли 1946 дар пойтахти Франсия - шаҳри Париж Шӯрои байналхалқии осорхонаҳо таъсис дода шуд, ки мақсади он ташкили ҳамкории судманд байни осорхонаҳои ҷаҳон ва рушди кори осорхонавӣ маҳсуб меёфт.
Соли 1977 дар конфронси 11-уми Шӯрои байналхалқии осорхонаҳо, ки дар шаҳрҳои Москва ва Петербург баргузор гашта буд, аз ҷониби директори Осорхонаи санъати тасвирии ба номи А.С. Пушкин, Ирина Антонова тасдиқи иди касбии осорхонашиносон пешниҳод карда шуд.
Бояд гуфт, ки бори аввал ҷумҳурии мо соли 2013 дар ин чорабинии бонуфуз иштирок намуд. Шабе дар осорхона – чорабинии байналмилалиест, ки барои муассир намудани нақши осорхона дар ҷомеа, ҷалби насли ҷавон ба таъриху фарҳанги куҳанбунёди мо роҳандозӣ мегардад. Ин чорабини ҳамасола дар 120 кишвари ҷаҳон ва зиёда аз 30000 осорхонаҳо гузаронида мешавад.
Маросими ифтитоҳи бинои нави осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» 10 августи соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд. Осорхона аз ду ошёна ва як зербино (маҳфузгоҳ) иборат буда, дар он 8 шуъба амал мекунад.
Муассисаи давлатии осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» тибқи нақшаи корӣ дар давоми солҳои 2021 то семоҳаи аввали соли 2023 дар самти таъсиси гӯшаҳои нав, бозсозии гӯшаҳои мавҷуда, ҷалби кормандони осорхона ба омӯзиши курсҳои такмили ихтисос, ғанигардонии фондҳои осорхона ва баргузории чорабиниҳои илмию амалӣ дар шакли конференсияҳо як қатор корҳои назаррасро ба итмом расонидааст.
Бо мақсади ҷалби бештари тамошобинон ба осорхона ва пос доштани осори ниёгон зиёда аз 6 гӯшаи нав таъсис дода, зиёда аз 7 гӯшаи мавҷудаи осорхона тармим ва азнавсозӣ карда шуданд.
Дар самти омӯзиш ва сайқал додани таҷрибаи корӣ, тақвият бахшидан ба фаъолияти кории роҳбаладон ва ходимони илмӣ, ҷалби кормандони осорхона ба омӯзиши курсҳои такмили ихтисос як қатор тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Хизматрасониҳои роҳбаладон ва ходимони илмии осорхона беҳтар гардида, шумораи тамошобинони дохилӣ ва хориҷӣ ба осорхона меафзояд.
Шуъбаи фонди осорхона фаъолияти назаррас дошта, дар ду соли охир ва семоҳаи аввали соли 2023 ба фонди осорхона бо мақсади ғанигардонии фонди осорхона ва ҷамъоварии нигораҳои таърихӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон зиёда аз 343 нигораи таърихӣ, аз ҷумла 222 адади он тариқи ройгон ворид карда шуд.
Истифодаи самараноки имкониятҳои осорхонаҳои вилоят дар тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, ватандӯстӣ, ҳисси хештаншиносӣ, эҳтиром ба мероси ниёгон нақши созгор мебошад.
Гулистон Сафарзода,
директори Муассисаи давлатии
осорхонаи таъриху кишваршиносии
вилояти Хатлон ба номи «Авасто»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...