Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҷон ба раҳи Ватан нисор, ман накунам, кӣ мекунад?


Ҷон ба раҳи Ватан нисор, ман накунам, кӣ мекунад?



Барои ҳар як шаҳрванд ватандорӣ ин шараф ва бахти бузург ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин муҳаббат ба Ватан масъулияти бузургеро ба дӯши мо вогузор менамояд. Воқеан ҳам мардуми сарбаланду шарафманди тоҷик аз қадимулайём ҳамчун миллати бофарҳанг, ватандӯсту бомаърифат, созандаю бунёдкор ва  ҳимоятгари марзу буми аҷдодӣ миёни мардуми тамоми ҷаҳон шинохта шудааст. Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ҳисси хештаншиносӣ ва муҳаббату садоқат ба Ватани азизамонро боз ҳам қавитар намуд.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҳарбӣватандӯстии шаҳрвандон», ки декабри соли 2022 қабул гардид, ҳар як шахси бонангу номусро водор месозад, ки Ватани маҳбуби худро дӯст дорад ва дар ободию рушди босуботи он саҳми арзандаи худро гузорад. 

Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси
шаҳрванд аст».

Хизмат ба Модар - Ватан вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Оре, бояд ҳар як шахси ватандӯст барои ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ ҷони худро дареғ надорад ва онро аз ҷон қиматтар донад. Имрӯз маҳз ҳамин сарбозони шуҷоъ, бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ марзу буми кишвари азизамонро дифоъ менамоянд:
То бихобад миллате осуда дар болини ноз,
Аскаре бояд, ки санги хораро бистар кунад.


Моро зарур аст, ки ватандӯстию ватандорӣ ва муҳаббати беандоза доштан ба Ватанро аз Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биомӯзем ва ба ташаббусҳои наҷиби ӯ доир ба созандагӣ ва ободониҳои Ватани азизамон пайравӣ намоем.

Бо таваҷҷуҳи пайваста ва сиёсати бунёдкоронаю маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат дар тӯли соҳибистиқлолии кишвар наздики 4 000 муассисаи наву замонавии таҳсилоти миёнаи умумӣ бунёд гардид.

Корҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ дар ҳамаи соҳаҳои халқ боиси он гардид, ки дар тӯли начандон дарози таърихи Тоҷикистони азизи мо ба гулистон табдил ёфт. Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст, ки мегӯяд: «Тоҷикистон Ватани маҳбуби ҳамаи мост ва онро ба ғайр аз худи мо дигар касе обод карда наметавонад».

Хеле хуб дар хотирам нақш бастааст, ин суханони оташини Пешвои миллат, ки бо ҷасорату иродаи қавӣ ҳангоми гузоштани санги асоси сохтмони нақби Анзоб иброз намуда буд: «Ба нохун бошад ҳам, бояд аз дили санги хоро роҳ кушоем, то дарвозаи вилояти Суғд дар чор фасли сол ба рӯйи мардум кушода бошад».

Ҳарчанд сохтмони ин нақб ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ бо номи нақби «Уштур» бунёд мегардид, аммо бо сабабҳои ба ҳама маълум сохта нашуд.

Пешвои муаззами миллат ҳамеша чунин таъкид менамояд: «Аз Ватани аҷдодӣ ношукрӣ кардан гуноҳи азим аст, зеро ватандорӣ як гӯшаи имондорӣ мебошад. Ҳар яки мо бояд ба қадри Ватан расем ва доимо кӯшиш кунем, ки Тоҷикистони азизамонро ободу пешрафта ва сарсабзу хуррам гардонида, нуфузу обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем».

Корҳои созандагию бунёдкориҳо ва рушди босуботу бемайлони кишвар дар тӯли 32 соли Истиқлолият ба комёбиҳои як аср баробар аст.

Ҳанӯз 250 сол пеш Наполеони оламгир ба мардуми Фаронса муроҷиат намуда, гуфта буд: «Муҳаббат ба Ватан фазилати аввалини инсони мутамаддин аст».

Ё бубинед, ки дар кишвари Исроил аз меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватани хеш ягон нафар шаҳрванд (ҳатто духтарон низ) аз даъват барои хизмат ба артиш саркашӣ намекунанд.

Ёд дорам, якчанд сол қабл бо як ҳамкасбам (он вақт дар мактаби миёна ба ҳайси омӯзгор фаъолият доштам) бо роҳхати иттифоқи касабаи шуъбаи маорифи ноҳия барои истироҳат ба осоишгоҳи «Лазуревий берег»-и шаҳри Геленжики кишвари Россия рафтем. Ин шаҳр хеле зебою дилрабо ва дорои табиати хушбоду ҳаво буда, дар соҳили баҳри Сиёҳ воқеъ гардидааст.

Баъди чанд рӯзи истироҳату фароғат дар ин осоишгоҳ бо як зани миёнасолу меҳрубон, ки дар шуъбаи маъмурӣ кор мекард, вохӯрдаю суҳбат намудем. Дониши баланду ҷаҳонбинии васеъ доштааст. Чун фаҳмид, ки мо аз Тоҷикистони офтобрӯя ҳастем, бо мо унс гирифт. Барояш як миқдор меваҳои шаҳдбор - себу ноку чормағзу ангур ва як дона тарбузи калон додем. Ниҳоят хурсанд шуду гуфт, ки шумо хушбахт ҳастед ва Ватани аҷдодии зебо дореду дар он ҷо зиндагӣ мекунед. Баъд авзояш ҷиддӣ шуда, маъюсона суханашро идома дод. «Ватани ман Юнон аст. Соли 1949 дар он ҷо инқилоб ва табаддулоти сиёсӣ рӯх доду ҷангу нооромиҳо тамоми мамлакатро чун абрҳои тираю тор фаро гирифт. Мо чанде аз хешу таборон маҷбур шудем Ватанро тарк намуда, бо азобу машаққатҳои зиёд бо қаиқу киштиҳо ба шаҳри барои мо бегонаи Геленжик расидем. Сарнавишти талх моро ба кӯи ғарибию номуродиҳо овард. 

Шавҳарам баъди чанде аз дунё гузашт. Ман бо азобҳои зор фарзандонамро калон кардам. Гарчанде рӯзгорам дар ин ҷо он қадар бад нест, вале ҳамеша дар ёди Ватан ҳастам, месӯзам. Ҷои меҳри Ватанро ҳеҷ чиз иваз карда наметавонад». Гиря гулӯгираш карду давоми қиссаро нақл карда натавонист. Аз чашмонаш ашк ба монанди «хуни сафед» ба рухсораҳояш ҷорӣ шуд…

Ман бо рафиқам ӯро дилбардорӣ карда, худамон ба умқи андешаҳо фурӯ рафтем. Воқеан ба моҳияти ватандорию ватандӯстӣ, меҳру вафодорӣ ва садоқат ба Ватани аҷдодиро эҳсос намудем. Мисраҳои шеърии шоири шаҳири эронӣ Нодири Нодирпур ба ёд омад:
Ин хона қашанг аст,
вале хонаи ман нест,
Ин хок чӣ зебост,
вале хоки Ватан нест…

Ҳикмати ҳаёт ҳамин будааст: ғарибон ҳамеша дар ёди Ватан мисли шамъ месӯзанд ва ба қавли Шоири халқии Тоҷикистон Озар Салим «ғариб ёди Ватан мекунад, на ёди биҳишт».

Дар шароити кунунии ҷаҳон, ки бисёр мураккабу печида гардидааст, тарбияи хештаншиносӣ, муҳаббату вафодорӣ ба Ватан, ҳифзи марзу буми он ва таҳкими Истиқлолияту ваҳдати миллӣ, илму дониш омӯхтан ва соҳибмаърифат намудани насли наврас ва ҷавонон дар мадди аввал меистад. Баргузории озмунҳои «Шоҳномахонӣ» дар ҳамаи зинаҳои муассисаҳои таълимӣ ҳисси ватандӯстии насли наврасро бедор месозад. Бубинед, ки ҳар як мисраи «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ бӯи меҳру садоқат ва вафодорӣ ба Ватанро дорад. Пас аз мутолиаи «Шоҳнома»-и безавол ҳар як шахс ба Ватан муҳаббати беандоза пайдо мекунад ва Ватани худро сидқан дӯст медорад. Ҳаргиз онро ба касе намедиҳад. Тавре ки шоираи ширинкалом Гулрухсор овардааст:
«Шоҳнома» Ватан аст,
Ватани бемаргӣ.
Оре, оре, «Шоҳнома» Ватан аст!
Ватане, к-аз ману ту,
Наметавонанд ба шамшеру ба тазвир рабудан…
 

Хушбахтона, Паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи маърифату садоқатмандию вафодорӣ, меҳру муҳаббати беандоза ба Ватан буда, ҳар фарди ватандӯстро барои хушбахтӣ ва фатҳи қуллаҳои баланди зиндагӣ ҳидоят менамояд.

Месазад, ки ҳар яки мо Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем ва бо синаҳои пур аз меҳр барояш ҷонфидо бошем. Бояд барои ҳар фарди воқеан ватандӯст ин мисраъҳои шеърии шоир шиори зиндагӣ бошад:
Мунаввар қалби поки хеш, аз меҳри Ватан кардам,
Дар ин роҳи Ватандорӣ, фидо ман ҷону тан кардам.


Аъзам Бобоев,
узви Иттифоқи журналистони
Тоҷикистон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода