ШАШМАҚОМ ЁДГОРИИ БЕГАЗАНДИ САНЪАТИ МУСИҚИИ МИЛЛИСТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 563
Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба муносибати Рӯзи шашмақом, 12 майи соли 2023
Ҳамдиёрони азиз!
Фарҳанг рукни муҳимтарини тарбияи маънавӣ ва муаррифгари сарнавишту таърихи бостонии миллати тоҷик буда, воқеан, оинаест, ки дар он симои аслии халқу миллати соҳибтамаддун таҷассум меёбад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки амиқи моҳияти сиёсию иҷтимоии фарҳанг дар фосилаи кӯтоҳи таърихӣ як силсила тадбирҳоеро рӯйи кор гирифт, ки бо шарофати онҳо дар мамлакат барои эҳё, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ фазои мусоид фароҳам оварда шуд.
Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик падидаи муҳим ва дастоварди бесобиқае дар интиҳои асри бист ба шумор меравад. Аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар гиромидошти фарҳанги миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи он ба самти муҳимтарин ва афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта, зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Баҳои арзишманди Пешвои муаззами миллат, ки фарҳангро ҷавҳари ҳастии миллат арзёбӣ кардаанд, ҳақиқати воқеии таърихӣ, асолати фарҳанг ва нақши бузурги онро дар рушди маънавиёти ҷомеа, таҳкими худшиносӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллиро ифода мекунад.
Мақоми ҷаҳонӣ касб кардан ва ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО шомил намудани санъати суннатии “Шашмақом”, “Фалак” номинаи “Чакан” ва ёдгориҳои бостонӣ бори дигар аз таъриху тамаддуни пурифтихори тоҷикон гувоҳӣ медиҳад.
Эълон гардидани 12 май ҳамчун Рӯзи шашмақом дар кишвар далели равшани таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии сиёсии кишвар нисбат ба ин жанри санъати миллӣ буда, дар партави ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишвар кулли мардуми Тоҷикистон ба ин ҳунари мардумӣ, ҳамчун мусиқии классикии миллӣ рағбат ва арҷгузорӣ менамоянд.
Маҳсули ҳамин иқдоми Президенти кишвар буд, ки шашмақом чун акси садои дили ҳазорон фарҳангиёни тоҷик дар самои Тоҷикистони азиз аз нав ба хурӯш омада, марзи кишварро убур карда, дар ҷаҳон муаррифӣ гардида истодааст.
Шашмақом маҳсули дастранҷи садҳо устодони забардасту хушилҳони тоҷик мебошад, ки тайи қарнҳову замонҳои мухталиф дар ҳамбастагӣ бо дигар анвои ҳунарҳои зебо, қабл аз ҳама, бо нозуктарин падидаҳои назми классикии тоҷикӣ инкишоф ва ташаккул ёфтааст.
Ҳунари мусиқии ҳирфаӣ, ки мақомхонӣ маҳсул ва падидаи пурҷилотарини он ба шумор меравад, ҳанӯз дар замони ҳукмронии Сосониён (асрҳои 3-4) ба расмият ворид гардид ва тавассути ҳунари волои устодони хушовозу навозандагони чирадаст то замони мо омада расидааст.
Маҳз сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат имконият дод, ки мардуми мо дубора мусиқии классикии тоҷик, шашмақомро ба пуррагӣ омӯзанд ва боиси ифтихор аст, ки ин санъати мусиқии миллии моро ҷаҳониён ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳанги миллати тоҷик эътироф менамоянд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду такомули ин жанри миллӣ диққати хоса зоҳир намуда, бобати эҳё ва идомаи мактаби мусиқии шашмақомхонӣ шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам меорад. Дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ансамбли “Шашмақом” фаъолият дорад, ки ҳунармандони он дар ҳама тадбирҳои сиёсию фарҳангӣ ҷалб карда мешаванд ва нақши онҳо баҳри баланд бардоштани камолоти маънавии мардум, тарбияи зебоипарастии насли наврас, рушди ёдгории бегазанди санъати мусиқии «Шашмақом» беназир аст.
Ёдовар бояд гардид, ки бо мақсади ҳифзи мероси мусиқии суннатии тоҷик тадбирҳои судманд амалӣ гардида, ҷиҳати ҷалби наврасону ҷавонон ба ин жанр дар заминаи мактаби суннатии “устоду шогирд” дар мактабҳои мусиқӣ ва санъат, инчунин дар назди ансамбли “Шашмақом” дастаҳои ҳаваскорон тарбия карда мешаванд.
Санъати маъмули шашмақом аз ҳар ҷиҳат ба шунаванда ҳаловат, осоишу роҳат бахшида, дари муъҷизаи худро боз намуда, ӯро ба олами волои худ раҳнамун месозад.
Мусиқидонону мақомхонони барҷастаи миллати тоҷик дар замони худ тавонистанд, ки ин жанри мусиқии миллиро устуворона ва қавӣ ҳифз намоянд, ки аз ҳеҷ гуна ақоиду андешаҳои ботил газанд нахоҳад ёфт. Ин пайвандии навоҳои асили миллӣ, дар маҷмӯъ, яке аз омилҳои тавонои минбаъд низ устувор гардидани пояҳои истиқлолият ва фарҳангу тамаддуни миллат хоҳад гардид.
Итминони комил дорам, ки шашмақом чун рукни таърихи миллат аз насл ба насл гузашта, фасеҳтару қавитар мегардад ва чун арзиши миллӣ умри ҷовидона хоҳад ёфт.
Бигузор, доимо дар фазои сулҳу суботи меҳан ёдгории бегазанди санъати мусиқии миллат - Шашмақом танинандоз бошад.
Бо ҳамин нияти нек, кулли ҳаводорони ин санъати волои миллӣ ва аҳли ҳунари вилоятро ба муносибати таҷлили Рӯзи Шашмақом табрику таҳният гуфта, рӯзгори осуда ва суботи кишварро таманно менамоям.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...