Аз истеъмоли ғизои заҳролудшуда худдорӣ кунед
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 469
Ҳамасола дар фасли баҳору тобистон бар асари истеъмоли ғизои заҳролудшуда ҳолатҳои ба бемориҳои сироятии мавсимӣ гирифтор шудани шаҳрвандон ба қайд гирифта мешавад. Истеъмоли дурусти ғизо ва ташаккули тарзи ҳаёти солим яке аз роҳҳои асосии ҳифзи саломатӣ мебошад, зеро табиби ҳар шахс худи ӯ буда, ҳар нафарро мебояд ба хӯроки истеъмолмекардаи худ аҳамияти аввалиндараҷа диҳад.
Асосан заҳролудшавии одамон аз истеъмоли ғизоҳое, ки нодуруст коркард ва захира мешаванд, ба амал меояд. Ҳамасола дар ҷаҳон тақрибан 600 миллион одамон аз истеъмоли ғизои заҳролудшуда заҳролуд гардида, тақрибан 420 ҳазор нафарашон мефавтанд. 43 фоизи заҳролудшавӣ ба кӯдакон рост омада, қариб 125-126 ҳазор кӯдак аз истеъмоли маҳсулоти заҳролудшуда ба ҳалокат мерасанд. Аз ин рӯ, бехатарии маҳсулоти ғизоӣ барои бехатарии саломатии инсон нақши бузург дорад.
Бино ба таҳлили мутахассисон, сол то сол дар замин истифодаи маводи химиявӣ зиёд гардида истодааст, ки заҳролудшавии маҳсулот аз ин ҷо аз истеҳсолот, яъне хоҷагии қишлоқ оғоз меёбад. Бехатарии ғизо дорои занҷирае мебошад, ки он аз замин ба корхонаи саноатӣ, аз корхонаи саноатӣ ба нуқтаи савдо ва аз он ба истеъмолгар интиқол меёбад. Агар дар ин занҷира бехатарии ғизо нигоҳ дошта шавад, пас, метавон гуфт, ки ба дастархони аҳолӣ ғизои солим ворид мешавад. Инчунин ҳангоми харидории маҳсулоти ғизоӣ харидорро лозим аст, ки ба санаи банду баст ва муҳлати истеъмоли он сахт таваҷҷуҳ намояд. Бехатарии ғизо натанҳо вазифаи сохторҳои марбута аст, инчунин он вазифаи ҷонии ҳар як нафар мебошад.
Ба андешаи коршиносон, агар маҳсулоти аз мағоза ва бозорҳо овардашуда ҳангоми ворид кардан ба хона безарар гардонида шаванд, хеле хуб аст. Зеро ҷаҳони имрӯза бо бемориҳои гуногуни сироятӣ даст ба гиребон буда, истеъмоли ғизои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва сервитамин ба манфиат мебошад.
Дар мавриди истифодаи ғизо табиби халқии мамлакат Муллозуҳур Тоҳирӣ иброз медорад, ки тарзи дурусти истифодаи ғизо аз овони хурдсолӣ оғоз меёбад. Сабзавот ва меваҳо манбаъҳои асосии витаминҳо ва минералҳо мебошанд. Аз ин рӯ, бештар истифода бурдани онҳо ба саломатии ҳар як шахс муфид хоҳад буд. Истеъмоли мева, сабзавот ва маҳсулоти шириву донагӣ иммунитети одамро баланд намуда, аз гирифторшавӣ ба ҳар гуна бемориҳо эмин нигоҳ медорад. Дуконҳои пухтупази «тезтайёр» дар кӯчаву хиёбонҳо фаъолият намуда, дар онҳо бештар хӯрокҳои бирёну серравған тайёр карда мешаванд, ки аз он бештар ҷавонону кӯдакон истеъмол мекунанд. Ба зикри мутахассисон, истеъмоли хӯрокҳои тезтайёру чарбдор, нӯшокиҳои газноки ширин, қандҳои одӣ ва намак ба саломатии инсон хатарнок буда, он ба сатҳи инкишофи бемориҳои музмин мусоидат менамояд.
Нафароне, ки ба омода намудани ғизо машғул мешаванд, бояд меъёрҳои санитариву гигиениро риоя кунанд. Инчунин лавозимоте, ки бо онҳо ғизо омода карда мешавад, бояд тоза бошанд. Пеш аз истифода ҳатман онҳоро бо оби гарм обгардон бояд кард. Тахтаю корде, ки бо он меваю сабзавот реза карда мешавад, аз тахта ва корди дар гӯшт истифодашаванда бояд ҷудо бошад.
Азиз Маҳмадуллозода,
директори Маркази назорати давлатии
санитарию эпидемиологии шаҳри Бохтар
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00