Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
12 апрел дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят дар моҳҳои январ-марти соли 2023 баргузор гардид.
Раиси вилоят зимни ифтитоҳи ҷаласа қайд кард, ки аксари нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ мусбат ҷамъбаст гардиданд.
Дар гузориши муовини раиси вилоят Акрам Сулаймонзода вобаста ба нишондиҳандаҳои рушд қайд гардид, ки дар 3 моҳи соли ҷорӣ Маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба 4 миллиарду 429,5 миллион сомонӣ (афзоиш 8%) расонида шуд.
Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти минтақавӣ ҳиссаи соҳаҳои кишоварзӣ 13,9 фоиз, саноат 26 фоиз, сохтмон 7 фоиз, савдои яклухт, чакана ва хизматрасонӣ 25,7 фоиз, нақлиёт ва алоқа 10,8 фоиз ва ба дигар соҳаҳо 16,6 фоиз рост меояд. Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101,9% таъмин ва ба буҷет 542,4 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбати нақша 9,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Гуфта шуд, ки дар ин давра маблағи бақияпулиҳои андоз нисбат ба аввали сол 2,8 миллион сомонӣ кам гардид. Бо мақсади коҳиш додани бақияпулиҳо 2353 қарори маҷбуран ситонидани қарзи андоз ба маблағи 70,9 миллион сомонӣ қабул гардида, иҷрои 1296 қарор таъмин ва аз ин ҳисоб ба буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо 32,2 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шуд.
А. Сулаймонзода афзуд, ки дар семоҳаи якуми сол, тибқи ҳисоботҳо, ба соҳаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 609 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст, аз ҷумла, ба соҳаҳои маориф 367,3 миллион сомонӣ, тандурустӣ 152,1 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 4,1 миллион сомонӣ, фарҳанг 18,2 миллион сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ 11,4 миллион сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия 1,8 миллион сомонӣ ва сохтмон 5,5 миллион сомонӣ маблағи буҷетӣ равона карда шудааст.
Дар вилоят музди миёнаи меҳнат ба 1469,3 сомонӣ баробар шуда, дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 21,5 фоиз афзоиш ёфт. Қарзи музди меҳнат дар соҳаҳои ғайрибуҷетӣ бо назардошти солҳои гузашта ба 1 марти соли ҷорӣ 729,5 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 миллион сомонӣ
кам гардидааст.
Тайи се моҳи гузашта дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 3225 ҷойи нави корӣ ва барқароршуда таъсис дода шуд. Инчунин, 118 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуда, дар ин замина 1486 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Дар маҷмӯъ, 1836 сокини корҷӯи вилоят ба шуғл фаро гирифта шуданд.
Қобили зикр аст, ки нишондиҳандаҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2023-2027, дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 20,7 фоиз иҷро шудааст.
Дар давоми семоҳаи якуми соли 2023 барои ҷалби сармояи хориҷӣ тадбирҳо андешида, ба вилояти Хатлон 71 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 60,8 миллион доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад. Гуфта шуд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса нисбат ба соли 2021-ум 2,4 баробар ё ин, ки 43,2 миллион доллар зиёд мебошад.
Ба вилояти Хатлон аз 29 давлати хориҷӣ сармоя ворид гардида, бештари маблағҳо ба давлатҳои Россия (41,7%), Чин (33,1%) ва Эрон (19,1%) рост меояд. А. Сулаймонзода афзуд, ки дар вилояти Хатлон 43 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ шуда, маблағи азхудшуда ба 863,0 миллион доллари амрикоӣ баробар мебошад.
Таъкид шуд, ки тибқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025, татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8 миллиарду 459 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. То ин замон 116 лоиҳа ба маблағи 3188,2 миллион сомонӣ (38%) иҷро гардида, дар 97 лоиҳа корҳо идома доранд.
- Бонкҳои вилоят ба соҳаҳои иқтисодиёт 965,7 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 248,2 миллион сомонӣ зиёд аст, - зикр кард муовини раиси вилоят.
- Аз маблағҳои ҷудогардида ба соҳаҳои кишоварзӣ 339,9 миллион сомонӣ (35,2%), саноат 38,3 миллион сомонӣ (4,0%), сохтмон 23,1 миллион сомонӣ (2,4%), нақлиёт 2,3 миллион сомонӣ 0,2%), хӯроки ҷамъиятӣ 1,0 миллион сомонӣ (0,1%), хизматрасонӣ 77,1 миллион (8,0%), савдои хориҷӣ 92,3 миллион (9,6%), истеъмолот 378,9 миллион сомонӣ (39,2%) ва дигар соҳаҳо 12,7 миллион сомонӣ (1,3%) равона карда шудааст.
Гардиши савдои хориҷӣ ба 96,5 миллион доллари амрикоӣ расида, ба қадри 36,2 миллион доллар содирот ва 60,2 миллион доллар воридоти молу маҳсулот сурат гирифтааст. Чун солҳои гузашта, аз вилоят бештар калобаи ресандагӣ, неруи барқ, нахи пахта, шираи камол ва семент содирот гардида, ба вилоят асосан нуриҳои минералӣ, сӯзишворӣ ва шакар ворид шудааст.
Дар ҷаласа қайд гардид, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд ва истифодаи самарабахши замин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 1 миллиарду 140 миллиону 305,9 ҳазор сомонӣ расонида шуд. Афзоиши он нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 62 миллиону 891 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 5,8 фоизро ташкил менамояд. Шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, М.С.А. Ҳамадонӣ, А. Ҷомӣ ва Хуросон ба суръати афзоиши истеҳсоли сабзавот таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, онро аз 115 фоиз то 2,4 баробар таъмин карданд.
Тибқи маълумотҳо, ба ҳолати 1 апрели соли равон, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 37,5 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда кишти сабзавоти барвақтӣ гузаронида шуда, аз ин ҳисоб 493 тонна, аз ҷумла 139,5 тонна помидор, 73,6 тонна бодиринг, 280,3 тонна дигар намуди сабзавот истеҳсол гардид.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба раисони шаҳру навоҳӣ дастур дод, ки дар моҳҳои минбаъдаи сол ҷиҳати афзоиши истеҳсоли сабзавот бо истифода аз гармхонаҳои мавсимӣ ва доимӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, вобаста ба ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқониро ҳисобу китоби дуруст анҷом диҳанд.
Қайд гардид, ки кишоварзони вилоят дар ин давра дар майдони 10044 гектар кишти пиёз гузаронида, дурнамои кишти пиёзро 93,9 фоиз таъмин намуданд. Соли равон, тибқи дурнамо, кишоварзони вилоят дар майдони 8000 гектар кишти картошкаро ба нақша гирифта, мувофиқи маълумот, дар ин давра дар 5854 гектар кишт гузаронида шудааст.
- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки аз ҳисоби зиёд кишт намудани ғалладонагиҳо, кишти дигар зироатҳоро кам накарда, ҷиҳати сифатан таъмин намудани таркиби кишти зироатҳои кишоварзӣ аз ҳисоби заминҳои боир ва байни қаторҳои боғҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд, - масъалагузорӣ намуд раиси вилоят.
Кишоварзони вилоят ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ аҳамияти хоса зоҳир намуда, ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят 177,4 гектар, аз он 166,6 гектар боғу токзорҳои нав, аз ҷумла дар заминҳои лалмӣ 161 гектар бунёд гардид. Ҳамин тавр, иҷрои нишондиҳандаи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ 6,5 баробар таъмин гардид. Инчунин, дар ин давра 255,7 гектар боғ ва 112,5 гектар токзор барқарор карда шуд.
Дар ҷаласа вобаста ба дастовардҳои соҳаи саноати вилоят қайд гардид, ки дар се моҳи соли равон ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст. Дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 231,7 миллион сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш дар сатҳи 10,7 фоиз таъмин гардидааст.
- Дар давоми се моҳи соли равон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 52 корхона ва коргоҳи саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд, - иттилоъ дода шуд дар ҷаласа.
Мувофиқи омори расмӣ, дар давоми 3 моҳи соли равон 73 корхона ҳаҷми истеҳсолро ба маблағи 130,7 миллион сомонӣ коҳиш додаанд. 49 корхонаи соҳаи хӯрокворӣ фаъолият накарданд. Раиси вилоят Давлаталӣ Саид роҳбарияти КФ “Идораи хӯрокворӣ”-и вилоят, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро муваззаф намуд, ки ҷиҳати ба эътидол овардани ҳолати мусбати нишондиҳандаҳо, инчунин фаъолгардонии корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, ордбарорӣ, равғанбарорӣ, макаронбарорӣ, нӯшокиҳо ва парандапарварӣ тадбирҳои судманд андешанд.
Дар соҳаи сохтмон азхудкунии маблағгузориҳои асосӣ аз ҳамаи манбаъҳо 521 миллион сомонӣ иҷро гардидаааст. Дар 3 моҳи соли 2023, аз ҷумла, дар 4 мактаб 28 синфхона барои 690 ҷойи хониш, 3 дармонгоҳ барои қабули 30 бемор, ҳамчунин 343 хонаи истиқоматии шахсӣ дар масоҳати 65228 метри муррабаъ мавриди истифода қарор дода шудааст.
Баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», тибқи нақшаи пешакӣ, дар вилоят бунёду азнавсозии 6260 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. Давоми соли 2022 ва 3 моҳи соли 2023, тибқи маълумоти оморӣ, 1200 иншоот, аз ҷумла дар се моҳи соли ҷорӣ 276 иншоот мав риди истифода қарор дода шудааст, ки ин 19,2 фоизи нақшаи умумии пешбинигардидаро ташкил медиҳад.
Зикр гардид, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, ҷиҳати дастгирӣ ва рушди соҳа дар вилоят таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Имрӯз шумораи умумии муассисаҳои томактабӣ ба 164 адад ва маркази инкишофи кӯдак ба 1320 адад расида, дар ин зинаи таҳсилот ҷамъан 70698 нафар кӯдакон (17,2%) ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шудаанд.
Тибқи «Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027», соли ҷорӣ 9 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Восеъ, Кӯшониён, Шаҳритус, Данғара, Фархор ва Темурмалик бояд сохта ба истифода дода шавад.
Дар соҳаи тандурустии вилоят 4540 табиб ва 20935 кормандони миёнаи тиб (бо дарназардошти муассисаҳои фаъолияти хусусии тиббӣ) фаъолият карда истодаанд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва соҳибкорону шахсони эҳсонкор давоми се моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 7 иншооти соҳа бо таҷҳизоти муосири тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Теъдоди муайяни марказу бунгоҳҳои тиббӣ аз ҷойҳои ҷамъиятӣ бароварда шуда, вазъи хизматрасонии тиббӣ дар деҳот беҳбуд ёфтааст.
Дар ҷаласа қайд гардид, ки давоми семоҳаи аввали соли равон варзишгарони вилояти Хатлон дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 439 медал, аз ҷумла 129 медали тилло, 157 медали нуқра ва 153 медали биринҷӣ гардиданд. Нишондоди мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 67 медал зиёд мебошад.
- Бо вуҷуди нишондиҳандаҳои мусбати иҷтимоию иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо на аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда, ки ба рушди минбаъдаи иқтисодиёту иҷтимоиёт, беҳтаршавии сатҳи зиндагии аҳолӣ нигаронида шудаанд, самаранок истифода намуданд, - таъкид кард раиси вилоят Давлаталӣ Саид. - Бо назардошти ин, моро зарур аст, ки аз камбудиҳо хулосаи зарурӣ бароварда, бо истифода аз захираҳои мавҷуда иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти барномаю стратегияҳо, нақшаю дурнамоҳои рушдро пурра таъмин намоем.
Н. Ма ъмурзода,
«Хатлон»
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.