Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дастгирии соҳибкорӣ - асоси рушди иқтисодиёт


Дастгирии соҳибкорӣ - асоси рушди иқтисодиёт



Баъди пош хӯрдани муносибатҳои маҷбурии иқтисодии нақшавии даврони шуравӣ дар ҷумҳурӣ шаклҳои гуногуни моликият эътироф гардида, дар замони навин асоси иқтисодиётро иқтисодиёти бозоргонӣ ташкил медиҳад. Барои фаъолияти муътадил ва самараноки он, пеш аз ҳама, фаъолияти иқтисодӣ бояд озод бошад ва ягонагии фазои иқтисодӣ дар тамоми қаламрави Тоҷикистон таъмин карда шавад.

Дар ташаккули иқтисоди бозоргонӣ давлат нақши асосиро иҷро намуда, пеш аз ҳама, қоидаҳои рафтори озоди иқтисодиро бо роҳи қабули қонунҳо, меъёри фаъолияти иштирокчиёни иқтисодӣ ва хоҷагиро муайян менамояд ва ин меъёрҳо ба ҳамаи иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқии иқтисоди озод баробар паҳн мегарданд.

Бояд қайд кард, ки барои фаъолияти озод ва рушди иқтисоди бозоргонӣ дар ҷумҳурӣ заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла дар моддаи 12-и Конститутсия омадааст: «Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад». 

Ҳамчунин, дар ҷумҳурӣ як қатор қонунҳо, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ», «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд», «Дар бораи кооперативҳо», «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», «Дар бораи сармоягузорӣ», «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва ғайра қабул карда шудааст, ки барои рушду дастгирии соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам овардаанд.

Дастгирии давлатии соҳибкорӣ боз дар сол ба сол зиёд шудани имтиёзҳо барои соҳибкорон, аз қабили сода гардонидани ҷараёни бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, мукаммал ва дақиқ гардонидани қонунгузории андоз, ба муҳлати муайян эълон шудани мораторияҳо ба санҷиши давлатии фаъолияти соҳибкорон, имтиёзҳо барои ворид намудани технологияҳои муосири истеҳсолӣ, ҷорӣ кардани қарзҳои бонкӣ бо фоизҳои кам ва дастрас, зоҳир мегардад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ" аз 23 декабри соли 2022 қайд гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ барои дастгирии соҳибкорию сармоягузорӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, то имрӯз ба онҳо беш аз 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод шудааст. Шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин самт ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст. Дар натиҷа, соли 2022 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ба 339 ҳазор расидааст, ки нисбат ба соли 2018 беш аз 76 ҳазор зиёд аст.

Қайд гардид, ки соҳибкорони мамлакат дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав саҳми назаррас гузошта истодаанд ва аз ин рӯ ба соҳибкорони бонангу номуси Ватан миннатдории бевоситаи худро иброз намуданд.

Ҳукумати мамлакат вазифадор гардид, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, махсусан сармоягузории мустақим, таъмин намудани иҷрои кафолату имтиёзҳо ва чораҳои дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии соҳибкорон, инчунин рушди инфрасохтори сармоягузориву соҳибкорӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд.

Роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки бо мақсади идома додани ислоҳоти соҳа ва танзими муносибатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ қонунгузории соҳа такмил дода шуда, муносибатҳои зикршуда дар доираи як санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим ва шумораи онҳо то 60 фоиз ихтисор карда шавад, ки дар ин самт корҳо идома доранд.

Ҳамчунин Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молия, Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ва «Саноатсодиротбонк» вазифадор шуданд, ки ҷиҳати ҳавасмандгардонии пасандозгузорон ва паст намудани фоизи қарзҳои ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, махсусан, ба соҳибкорони истеҳсолӣ пешниҳодшаванда, инчунин бо фоизи дастрас афзоиш додани пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ чораҷӯӣ намоянд.

Дар вохӯрии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо соҳибкорону сармоягузорон, рӯзи 17 марти соли ҷорӣ, қайд гардид, ки фаъолияти соҳибкорӣ дар вилоят бомаром рушд намуда истодааст. Саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва таъмини аҳолӣ бо шуғл мутаносибан то 70 фоиз ва 68 фоиз дар соли 2022 афзоиш ёфтааст. Дар ин асос раиси вилоят пешниҳод намуд, ки бо мақсади дастрасии васеи соҳибкорон ба сарчашмаҳои нисбатан арзони қарзӣ дар вилоят «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» таъсис дода шавад.

Дастгирии давлатии соҳибкорон буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии «Пешбурди соҳибкорӣ-2020» (Doinq Bisiness 2020) 20 зина боло рафта, аз 190 кишвари раддабандишуда дар ҷойи 106 қарор гирифт. Дар асоси ин раддабандӣ, Тоҷикистон яке аз кишварҳои беҳтарини ислоҳотгар дар пешбурди соҳибкорӣ шинохта шуд.

Имрӯзҳо шумораи кишварҳои хориҷие, ки мехоҳанд бо кишвари мо муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ дошта бошанд ва дар иқтисодиёти Ватанамон сармоягузорӣ намоянд, мунтазам меафзояд. Соҳибкорон ва сармоягузорони асилро зарур аст, ки аз ин фурсати муносиб истифода бурда, бо роҳи ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, ворид намудани технологияҳои муосири истеҳсолӣ ва таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва бо ин васила дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзанда гузоранд.

Сайдалӣ Сироҷиддин,
судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода