Қиматфурӯшонро чӣ интизор аст?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 410
Бо мақсади шарҳи фазилатҳои моҳи Рамазон, аҷри амалҳои нек дар ин моҳи шариф ва роҳнамоии хурду бузург барои пешгирӣ аз амалҳои носавоб бо муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Усмоналӣ Нурзода суҳбате оростем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандаи азиз мегардонем.
- Нахуст, моҳи шарифи Рамазонро ба Шумо ва тамоми мардуми Хатлонзамин шодбош мегӯем. Рамазонро моҳи аҷру савоб ва парҳезкорӣ мегӯянд. Каме шарҳ медодед, ки дар ин моҳ инсоният бояд аз чӣ бипарҳезад?
- Дар ҳақиқат, Рамазон моҳи савобу амалҳои нек, дасти мадад дароз кардан ба якдигар ва гирифтани дасти барҷомондагону ятимон мебошад. Дар ин моҳ ҳар як мусалмон бояд на танҳо аз хӯрдан, балки аз тамоми амалҳои бади инсонӣ парҳез намояд. Ҳар нафаре, ки танҳо аз хӯрдан парҳез мекунаду ба амалҳои зишт ва гунаҳовар даст мезанад, пас рӯзаи гирифтаи ӯ қабул нахоҳад шуд.
Шахси парҳезгарро ҳамагон чун инсони комил, хушрафтору боэҳтиром, хушгуфтору самимӣ ва хайрхоҳ эътироф менамоянд. Яъне, агар дар воқеъ худро мусалмон меҳисобему талаботи моҳи шарифи Рамазонро ба ҷо овардан мехоҳем, пас бояд ба ҳамаи самтҳои он диққат намоем. Кӯшиш кунем, ки дар ин моҳ ва умуман дар зиндагӣ бо наздикону пайвандон, ҳамкорону ҳамсояҳо ва аҳли ҷомеа хушрафтору хушгуфтор бошем.
Аз ҳазрати Абуҳурайра ривояте ҳаст, ки касе рӯзаро аз рӯйи имондорӣ ба пуррагӣ адо мекунад, Худованд гуноҳи ӯро мебахшад. Ҳар нафаре, дар ин моҳ бо қаҳру ғазаб амал мекунаду нисбати атрофиён муносибати хуб надорад ва амалҳои бадро раво мебинад, агар рӯзадориро ҳам ба ҷо оварда бошад, вале рӯзаи ӯ қабул нахоҳад шуд.
Ҳамзамон, аз ҳазрати Аннас бини Молик ривояте ҳаст, ки ҳар кас бояд ҳар чизеро, ки барои худаш қабул медорад, барои дигарон низ дӯст дорад.
- Бо фаро расидани моҳи Рамазон гарон шудани нархи маҳсулоти мавриди ниёзи мардум давоми чандсоли охир «ба ҳукми анъана» даромадааст. Новобаста ба фасли сол ва вазъи зиндагии мардум, савдогарон бесабаб нархи маҳсулотро боло мебардоранд. Мехостем, ки роҷеъ ба ҳамин масъала андешаи худро баён мекардед.
- Аз ҳазрати Абуамома ривоят аст, ки он нафаре ҳаққи касеро мехӯрад, пас бар гуноҳ мемонад. Агар мо гарон фурӯхтани маҳсулотро мисол биёрем ва маҳсулотро аз арзишаш дида болотар мефурӯшем, ин ҳаққи касеро хӯрданро мемонад. Зеро ҳангоме ки маҳсулотро бо нархи гарон пешниҳод мекунанд ва харидор бо сабаби эҳтиёҷ доштанаш норозиёна маҳсулотро харидорӣ мекунад, албатта, ин ҳаққи касеро хӯрдан мебошад. Пас, маълум мешавад, ки дар ҳоли ба бародари худ дар моҳи муборак раҳм накардану ҳаққи ӯро хӯрдан ба гуноҳ олуда мешавем. Паёмбари Худо мегӯяд, ки беҳтарин шахс ҳамон нафаре ҳаст, ки манфиаташ ба ҷомеа мерасад.
Бояд соҳибкорон низ дар муносибат бо тиҷорат аз ҷумлаи чунин ашхос бошанд ва дар пешниҳоди маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум боинсофона амал кунанд. Маҳсулотро бо нархи дастрас пешниҳод намоянд, ки тамоми қишрҳои ҷомеа имкони харидорӣ кардани онро пайдо карда тавонанд.
- Дар хусуси хайру савоб дар моҳи шарифи Рамазон чанд сухан мегуфтед.
- Худованд дар сураи «Ҳаҷ» мефармояд: «Шумо ба хайру эҳсон ва ба накӯӣ машғул шавед, то ин ки растагор шавед». Инчунин, дар сураи «Изозулзилат» баён мекунад, ки нафаре агар заррае хайру эҳсон кунад, аз Худованд ҳамон хайрро мебинад. Хуш ба ҳоли он нафароне, ки дар ин моҳи шариф ба кори хайру савоб даст мезананд. Ҳар нафар, новобаста ба рӯзу моҳҳо, бояд дар фикри кумак кардан ба як шахси эҳтиёҷманд бошад. Бахсус, дар ин моҳи муборак ҳамагон баҳри ба даст овардани аҷру савоб дар некии дигарон бошем ва ба ятимону барҷомондагон, маъюбону эҳтиёҷмандон дасти мадади худро расонем.
Дар охир гуфтани ҳастам, ки бо Қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон садақаи фитр аз гандум 7 сомон ва аз мавиз 80 сомонӣ муайян шудааст.
Ҳаҷми закот бошад, аз нафаре, ки 32 ҳазору 300 сомонӣ дорад, 800 сомонӣ закот медиҳад. Закот ба нафари эҳтиёҷманд, дастнигар ва маъюбу ятиму барҷомонда бояд дода шавад. Яъне, маблағ ба дасти хайргирандаи аслӣ расонида шавад.
Мо - мардуми Тоҷикистон бояд аз тинҷиву осоиштагии меҳан, фаровонӣ ва сулҳу субот ҳамеша шукргузор бошем ва дар ҳаққи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуогӯ бошем. Чунки Пешвои миллат доиман дар фикри пешрафти давлату миллат ва шукуфоиву рушд мебошанд.
Умедворем, ки суҳбати мо бетаъсир намемонад.
С. АЗИЗЗОДА,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00