Ташаббусҳои Пешвои миллат дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 426
Дар замони имрӯза рушди бемайлони иқтисодиёти ҷаҳонӣ, илму техника, соҳаи саноату кишоварзӣ боиси афзудани партовҳо ва дигар омилҳои таъсиррасонии инсон ба муҳити зист мешавад, ки ба ташаккул ва инкишофи соҳаи ҳуқуқи экологӣ мусоидат менамояд. Бо дарназардошти таъмини илман асосноки қонеъгардонии манфиатҳои экологӣ, яъне нигоҳдорӣ, таҷдид ва барқарорсозии сарватҳои табиӣ ва муҳити зисти солим барои ҳаёт ва саломатии инсон, инчунин муҳайё кардани шароити хуби қонеъгардонии эҳтиёҷоти моддии шаҳрвандон ҳуқуқи экологӣ ҳамчун соҳаи банизомдарорандаи муносибатҳои ҷамъиятии экологӣ ба вуҷуд омад.
Бо ин назардошт, аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат нисбати беҳсозии вазъи экологӣ ва ҷилавгирӣ аз оқибатҳои номусоиди таъсири инсоният ба табиат тадбирҳои муайян амалӣ гардонида мешаванд. Яке аз чунин ҳолатро мо аз муайяншавии масъалагузориҳои соҳаи экологӣ дар стратегияи асосии муайянкунандаи самтҳои дохиливу хориҷии кишвар бараъло мушоҳида карда метавонем.
Ҳанӯз дар соли 2002 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид гардида буд: «Пешгирии хатарҳои экологӣ, сарфаҷӯии захираҳои оби нӯшокӣ, рафъи гуруснагӣ ва дигар проблемаҳои дорои хусусиятҳои умумибашарӣ мавҷуданд, ки танҳо дар сурати пешбурди оқилонаи сиёсати хориҷӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳар фарди бедордили сайёра ҳал шуда метавонанд».
Солҳои охир яке аз проблемаҳои муосири илмҳои табиӣ-риёзӣ, экологӣ ва ҳуқуқи экологиро омӯзиши ҳолати обшавии пиряхҳо ва дар ин замина, тағйирёбии иқлим ташкил менамояд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳарорати миёнаи кураи замин то 150С боло рафтааст, ки дар садсолаҳои охир ин бесобиқа арзёбӣ карда мешавад. Дар як рӯз зиёда аз 1 миллион тонна пирях об мешавад, ки ҳолати мазкур яке аз нишондодҳои баландтарин арзёбӣ мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар соли 2015 таъкид ба амал оварда буданд: «Обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйири иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Гуфтан кофист, ки аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд, дар давоми 30 соли охир беш аз 1000 пирях ба нобудӣ расидааст». Ҳолати болозикр гувоҳӣ аз он медиҳад, ки ба масоили ҳифзи пиряхҳо ҳамчун заминаи бунёдии захираҳои обии кишварҳо тадбирҳои чашмрас ба анҷом расонида шаванд.
Дар фазои илмӣ низ роҷеъ ба аҳамияти пиряхҳо дар ҳифз ва нигоҳдории олами табиӣ ва таъминоти инсоният бо оби нӯшокӣ ғояҳои гуногун пешниҳод карда шудаанд.
Албатта, омӯзиши пиряхҳо махсусияти байнисоҳавиро доро мебошанд. Зеро ки барои нигоҳдории захираҳои мавҷудаи пиряхҳо ҳамчун манбаи об асосан муҳаққиқон ва олимони риштаи геоэкология, иқлимшинос, табиатшиносон, экологҳо ва дар умум намояндагони илмҳои табиӣ-риёзӣ сарукор мегиранд.
Барои аз лиҳози идоракунии давлатӣ, таъмини бехатарӣ, ҳифз ва амалӣ намудани тадбирҳои дохилидавлатӣ ва байналмилалӣ, ки хислати расмӣҳуқуқиро доранд, аз ҷониби намояндагони илми ҳуқуқшиносӣ ва кормандони он чораҳои зарурӣ андешиву мавриди таҳқиқ қарор дода мешавад.
Аз ҳамин нуқтаи назар дар фазои ҳуқуқӣ яке аз проблемаҳои муосире, ки намояндагони илми ҳуқуқшиносии назариявиро ба худ ҷалб намудааст, ин масоили ҳолати ногувори экологӣ дар давлатҳои алоҳида, минтақа ва ҷаҳон мебошад.
Ҳоло давлатҳои ҷаҳон баҳри ҳалли проблемаҳои экологии глобалӣ, наҷот додани сайёра, талош доранд.
Мутобиқи маълумоти омории пешниҳодгардида, акнун зиёда аз 3 миллиард аҳолии кураи замин аз норасоии оби тоза танқисӣ мекашанд ва тибқи пешгӯиҳои олимон ин шумора то соли 2025 қариб ба 4 миллиард нафар мерасад. Ҳар рӯз, бино ба нарасидани оби тоза дар кураи Замин аз 800 то 1000 кӯдаки то 5-сола мефавтанд. Бояд гуфт, ки яке аз сабабҳои асосии зудтар об шудани пиряхҳо тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва баландшавии ҳарорати миёнаи ҳаво буда, инчунин бо сабаби истифодаи ғайриоқилонаи оби тоза, хусусан дар кишоварзӣ (то 78 дарсад оби тоза барои кишоварзӣ сарф мешавад) миқдори оби тоза коҳиш ёфта истодааст.
Бо назардошти ин 14-уми декабри соли равон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77- ум қатъномаи соли 2025 — «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо мувофиқати умум пазируфт. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарафдории 153 кишвари аъзои СММ пазируфта шуд.
Илова бар ин, бо ҳамоҳангии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар доираи муқаррароти қатъномаи мазкур Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимод ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис дода мешавад, ки ҳадафи усулии он таҳқиқоти бунёдӣ оид ба масоили омӯзиши пиряхҳо мебошад. Бидуни шубҳа, қабули ин гуна қатънома ба вуҷуд омадани платформаеро замина мегузорад, ки олимон, сиёсатмадорон ва аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонанд, масъалаи роҳҳои омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳоро коркард ва татбиқ намоянд.
Таъкид намудан ба маврид аст, ки дар асоси иқдомоти Пешвои миллат дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, инчунин Муассисаи давлатии «Маркази омӯзиши пиряхҳо» таъсис дода шуд, ки дар он таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар самти идораю истифода ва ҳифзи манобеи обӣ, инчунин ҳолати обшавии пиряхҳо гузаронида мешаванд.
Дар ҳақиқат, манобеи обӣ, хусусан пиряхҳои Тоҷикистон як мавзеи нотакрор ва майдони нодире ҳастанд, ки таҳқиқоти муштараки байналмилалиро тақозо доранд.
Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён бори дигар исбот намуд, ки мамлакати мо дар тамоми самтҳои барои башарият созгор ҷонибдор ва ташаббускор буда, хоҳони ҳаёти осудаи наслҳои ояндаи инсоният дар кишварҳои алоҳида, минтақа ва ҷаҳон мебошад.
Мирзоқодир ҚОДИРЗОДА,
омӯзгори кафедраи ҳуқуқи граждании Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Сафармурод СОҲИ БОВ,
ҳуқуқшиноси давлатӣ
дар шаҳри Бохтар
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...