Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РӮЗИ ХАНДА ё назаре ба таърихи пайдоиши он


РӮЗИ ХАНДА ё назаре ба таърихи пайдоиши он



1 апрел ҳамчун рӯзи ханда ба ягон тақвими санаҳои муҳим ва ҷашнҳои миллӣ мансуб нест, аммо онро ба анъанаҳои байналмилалӣ нисбат додан мумкин аст. Чунки он дар Россия, Олмон, Англия, Фаронса, Скандинавия ва кишварҳои Шарқ таҷлил карда мешавад.  Дар баъзе кишварҳо 1-уми апрелро рӯзи аблаҳӣ ва дар баъзеи дигараш рӯзи ханда меноманд.

  

Дар ин рӯз одамон бо дӯстони худ масхарабозию дурӯғгӯӣ карда, шодию хурсандӣ мекунанд ва ҳеҷ кас ба масхара кардани дигаре зид намешавад. 


Рӯзи ханда имрӯз дар Тоҷикистон низ чун анъана маъмул аст, ки мардум онро рӯзи «дурӯғгӯӣ»  меноманд. Дар ин рӯз мардуми тоҷик ба ҳамдигар шӯхӣ карда, дар ҳолати «рақиб»-ашонро бовар кунонданд, худро муваффақ меҳисобанд. 


     Дар бораи таърихи пайдоиши ин одат дар ҳар минтақа ривоятҳои мухталифу аҷибе мавҷуд аст. Одати шӯхӣ дар рӯзи якуми апрел дар Фаронса пайдо шудааст ва метавонад бо мавқуф гузоштани Соли нав рабт дошта бошад.  То нимаи дуюми асри ХVl дар Аврупо, дар давоми ҳафтаи Соли нав, ки аз 25-уми  март то 1 апрел давом мекард, одамон аз таҳти дил шодӣ мекарданд. Ба аёдати якдигар рафта, тӯҳфаҳо медоданд. Таҷлили Соли нав рӯзи 1 апрел баргузор мешуд.  Соли 1582 ислоҳоти тақвим гузаронида шуд (тақвими григорӣ бо тақвими Ҷулиан иваз карда шуд) ва оғози соли нав аз 1 апрел ба 1 январ мавқуф гузошта шуд.


Аввалин маҳфили бузурги ҳаҷвии якуми апрел дар соли 1703 дар Маскав баргузор шуда буд.  Санъаткорон дар кӯчаҳо гашта, ҳамаро даъват мекарданд, ки ба намоиши «1 апреля - никому не верь» (иҷрои гӯшношунида) оянд.  Тамошобинон хело зиёд буданд.  Ҳама дар интизори тамошои намоиши ғайримуқаррарӣ менишастанд. Ҳангоме ки намоиш оғоз мешавад ва парда дар соати таъиншуда кушода шуд,  дар саҳна овезаеро бо навиштаи «1 апреля - никому не верь!»  (Якуми апрел – ба касе бовар накунед!) диданд. Бо ҳамин намоиш ба поён расид.


Мувофиқи назарияи ҷомеашиносон сабаби пайдоиши ин гуна анъана муҳит буд. Одамон кӯшиш мекарданд, ки табъи баҳори обу ҳаворо бо шӯхӣ ором кунанд.


Тахминан беш аз 70% одамон ба шахсоне, ки онҳоро мешиносанд, шӯхӣ кардан мехоҳанд.  Пас, эҳтиёт бошед, як ҳисси мазҳака, маҷмӯаҳои шӯхии тоза ва рубоиҳои хандаоварро захира кунед, аз шӯхиҳои имрӯз хафа нашавед, балки ба онҳо ҷавоб диҳед.  Умуман, ҳаловат баред, зеро ханда маълум аст, ки умрро дароз мекунад.


Лафзи хӯш гуфтан хӯш гар шахс одат мекунад,

Ҷисму ҷони кас зи ҳарфи дӯст роҳат мекунад.

Дар ҳузури дӯстон гӯянд суханҳои латиф,

Ханда ҳам доруст, инсонро табобат мекунад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода