Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дар меҳмонии низомиён


Дар меҳмонии низомиён



Бо ибтикори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бахшида ба 30-юмин солгарди Артиши миллӣ таҳти унвони «Ҳомиёни Ватан» суҳбат - вохӯрӣ бо сарбозони қисми ҳарбии 07017 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён, доир гардид.

Дар чорабинии муштарак Музаффар Маҳмадшоҳзода, командири қисми ҳарбии 07017, Баротзода Файзулло, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, инчунин омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои шаҳри Бохтар иштирок доштанд.

Нахуст, ҳайати меҳмонон аз намоиши таҷҳизоти ҷангӣ дидан намуданд. 

Сипас, чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Музаффар Маҳмадшоҳзода, командири қисми ҳарбии 07017, оғоз гардида, дар он ректори донишгоҳ Сайфиддин Давлатзода, Файзулло Баротзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар, баромад намуданд.

Дар ин замина туҳфаҳои омодакардаи раёсати донишгоҳро ба сарбозони қисми ҳарбии 07017 дар вазъияти тантанавӣ супориданд.


Дар охир, дастаи фарҳангии "Левакант"-и назди донишгоҳ ва ҳунарманд Ҷаннатулло Абдуллоев барномаи рангини фарҳангиро манзури меҳмонон ва сарбозон гардониданд. Ҳамзамон, барои сарбозон дастархони идона ороста шуд.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода