П. Одинамаҳмадзода: «Коррупсия монеаи аслии рушди давлат ва ҷомеа мебошад»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 682
10 январ кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Ҷумҳурии Тоҷикистон иди касбии худро таҷлил мекунанд. Шонздаҳ сол пеш, 10 январи соли 2007 Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси Агентӣ ба тасвиб расид.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори назорати давлатии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ буда, назорати давлатии молиявиро оид ба истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ ва молу мулки давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро иҷро менамояд.
Ба муносибати иди касбии кормандони Агентӣ мусоҳибае доштем бо сарнозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, майори адлия Парвиз Одинамаҳмадзода, ки фишурдаи он манзури хонандаи рӯзномаи «Хатлон» мешавад.
- Гузашти солҳо нишон дод, ки дар воқеъ ҷиҳати мубориза бо ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ фаъолияти ин ниҳод муҳим аст. Барои таҳким бахшидани муқовимат бо коррупсия ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ кадом корҳоеро метавон ба сомон расонд?
- Қайд кардан ба маврид аст, ки мубориза бар зидди коррупсия ва паст кардани сатҳи он аз бисёр факторҳо, ба мисли дастаҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди донишу шуурнокӣ ва фаъолнокии ҳар як фарди ҷомеа, сатҳи воқеии зиндагӣ ва дигар роҳу усулҳо вобастагӣ дорад.
- Коршиносон бар он назаранд, ки коррупсия рушди умумимиллӣ, болоравии иқтисодиёт ва некӯаҳволии иҷтимоиро бозмедорад. Боварии шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедҳои ояндаи ҷавононро барҳам мезанад ва барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад. Дар ин бора чӣ гуфта метавонед?
- Дар ҳақиқат, масъалаи коррупсия яке аз масъалаҳои глобалӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, имрӯзҳо тамоми кишварҳоро хатарҳои нав ба нав, аз ҷумлаи ҷиноятҳои терроризм, экстремизм, бандитизм, одамфурӯшиву нашъамандӣ ва ғайра фаро гирифта, содиршавии ин ҷиноятҳо ба сатҳи иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфии худро расонида истода, дар баробари ин коррупсия низ шомили ин номгӯи ҷиноятҳост.
Коррупсия таърихи қадима дошта, яке аз душвортарин масъалаҳо ва мушкилоти ҳар як ҷомеа ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, то имрӯз бар ҳеҷ як давлати дунё муяссар нашудааст, ки коррупсияро пурра аз байн барад, вале аксари давлатҳои дунё тавонистаанд, сатҳи ин падидаи номатлубро то ба ҳадде коҳиш диҳанд. Албатта, коррупсия (ришвахӯрӣ) рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ, болоравии иқтисодиёт ва некуаҳволии иҷтимоиро бозмедорад, итминони шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедҳои ҷавононро ба оянда коҳиш медиҳад, табақаҳои ниёзманди аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум мекунад. Он зангорест, ки пояи ҳокимиятро, агарчи пӯлодвор мустаҳкам бошад, батадриҷ, хароб мекунад.
- Чаро Шурои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд?
- 14 декабри соли 2010 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №968 Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Таъсиси Шӯрои мазкур бо мақсади ташкил ва амалӣ намудани чораҳои маҷмӯии пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва ҷалби васеи иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо коррупсия равона карда шудааст.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки мутобиқи моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми машваратӣ буда, бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалигардонии чораҳои муқовимат ба коррупсия аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад ва ба ӯ ҳисоботдиҳанда мебошад.
Инчунин тибқи талаботи моддаи 13-и қонуни болозикр, ҷиҳати пешгирии коррупсия дар маҳалҳо дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода мешавад.
- Мақсади Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар чӣ аст?
- Мақсад ва вазифаи асосии амалисозии Стратегия аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмӯъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст.
Барои амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои болозикр бояд чунин тадбирҳо роҳандозӣ карда шаванд: муайян намудани роҳҳои муосири пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия; баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти муқовимат ба коррупсия ва дар ин замина фароҳам овардани шароити тоқатнопазирии ҷомеа бо падидаи коррупсия; бо дарназардошти пешрафти муносибатҳои ҷамъиятӣ мунтазам такмил додани қонунгузории зиддикоррупсионӣ; муайян намудани самтҳои афзалиятноки муқовимат ба коррупсия; пешбинӣ кардани чорабиниҳои мушаххас ҷиҳати пешгирии коррупсия, инчунин муайян намудани иҷрокунандагон ва муҳлати он; муайян намудани тартиби назорати иҷрои чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ; тақвияти низоми ҳамоҳангсозии мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат ба коррупсия; муайян кардани шаклҳои баҳодиҳии вазъи коррупсия дар ҷумҳурӣ; баланд бардоштани самаранокии тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ дар ин самт; ташаккули мавқеи ҳуқуқии шаҳрвандон барои ҳалли масъалаҳои коррупсия; муайян, ошкор ва кофтукови даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва мусодираи он, тақвият бахшидани ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт; такмили низоми қонунгузории зиддикоррупсионӣ ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ; татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҷиҳати муқовимат ба коррупсия дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Мулоқоту вохӯриҳо аз ҷониби кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон бо кормандони ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон то чӣ андоза ба роҳ монда шудааст?
- Дар ин бобат тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва дигар қонуншиканиҳо аз ҷониби кормандони раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон пайваста вохӯриҳои таблиғотию ташвиқотӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон гузаронида мешавад.
Тазаккур бояд дод, ки дар ин асно ҷадвалҳои тасдиқнамудаи сардори раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон оид ба баргузории вохӯриҳо бо кормандон ва шахсони масъули мақомотҳо, корхона ва ташкилотҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар нимсолаи 1-ум ва 2-юми соли 2022 ба тасвиб расонида шудаанд ва аз ҷониби кормандони раёсат пайваста дар тамоми вохӯриҳои баргузорнамуда дар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди вилоят дар бароробари пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ, хатару оқибатҳои ҷиноятҳои трансмилӣ, яъне пешгирии ҷиноятҳои террористӣ, экстремистӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва лавозимотҳои ҷангӣ низ ба диққати хизматчиёни давлатӣ ва дигар кормандони идораву ташкилотҳо ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиашон фаҳмонида дода мешавад.
Суҳбаторо Ф. Давлат, “Хатлон”
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
24-11-2022, 11:33
Вилояти Хатлон расман 2 декабри соли 1992 бар асоси Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил...