Ёдмонтарин рӯйдодҳои 30 соли Хатлон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 700
СОЛИ 1992
Вилояти Хатлон расман 2 декабри соли 1992 бар асоси Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда аст. Вилояти Хатлон дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ буда, марказаш шаҳри Бохтар мебошад. Дар канории рӯди Вахш ҷой гирифта аст.
Вилояти Хатлон бо сарзамине 24 600 км² дар водии Вахш ҷойгир аст ва 17,2 дарсад аз сарзамини Тоҷикистонро дар бар мегирад. Ин вилоят дар шимол бо ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар шарқ бо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ҷануб бо Афғонистон ва дар ғарб бо Узбекистон ҳаммарз аст.
СОЛИ 1993
23-юми феврал Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. “Имрӯз мо метавонем бо ифтихору қаноатмандӣ иброз намоем, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузашта, рисолати хизмативу касбии худро бошарафона иҷро карданд ва Артиши миллии солҳои пеш таъсисдодаи мо ҳоло ба як сохтори воқеан боэътимод ва муназзаму муосири давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфтааст”, - Эмомалӣ Раҳмон.
СОЛИ 1994
2-юми сентябри соли 1994-ум 359 гурезаи тоҷик тавассути бандари Ҳайратон аз Давлати Исломии Афғонистон ба Ватан баргаштанд. Сардори давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи онҳо ба ноҳияи Шаҳритус рафтанд.
СОЛИ 1995
Таҷлили бошукӯҳи 680-солагӣ ва 700-солагии олим ва мутафаккири бузурги Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (соли 2015) ва баргузории як идда конронсу симпозиумҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон. «Пос доштани хотираи бузургоне мисли Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигар шахсиятҳои нотакрори илму адабамон набояд фақат ба хотири ифтихору болидан бошад. Дар ҳамон сурат эҳтироми бузургонамонро ба ҷо меорем, ки осори онҳоро омӯзем, фарзандонамонро дар рӯҳияи таълимоти онҳо тарбия кунем, фармудаҳои онҳоро дастури амал қарор диҳем, то ки дар оянда ҳам аз байни халқи мо Рӯдакиҳо, Фирдавсиҳо, Бӯалиҳо, Хайёмҳо, Мир Сайидҳо ба воя расанду мо дар рушди тамаддуни башар саҳмгузор бошем», - зикр карда буд Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш ба ифтихори 680-солагии ин мутафаккир 4
сентябри соли 1995.
СОЛИ 1996
Соли 1996 дар Тоҷикистон 675-солагии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ таҷлил гардида, ба ин муносибат дар Хуҷанд муҷассамаи он шоири тавоно гузошта шуд. «Хуҷанд Камол ва Камол Хуҷанди худро машҳури ҷаҳон сохтаанд… Дарахти андешаҳои башардӯстонаи шайх Камол мисли дарахти зиндагӣ асрҳои аср сарсабзу устувор боқӣ хоҳад монд», - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.
СОЛИ 1997
27-уми июн дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. “Ба шарофати ин санади ҳаётан муҳим мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, марҳалаи нав, яъне гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишварамон ва рушди онҳоро оғоз намоем”- Э. Раҳмон.
СОЛИ 1998
5-уми ноябр Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб мавриди истифода қарор дода шуд. Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб чорумин фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон буда, аз ҷиҳати пурҳаракати баъд аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дар ҷои сеюм қарор дорад.
СОЛИ 1999
Соли 1999 ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён барпо гардид. Бахшида ба ҳамин ҷашн муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва аксари навоҳии кишвар қомат афрохт.
Соли 1999 қалъаи таърихии Қӯрғон барқарор ва дар болояш осорхонаи кишваршиносии «Бибихонум» бунёд шуд.
Соли 1999 роҳи оҳани Қӯрғонтеппа —Кӯлоб ба истифода дода шуд. Дарозии умумии роҳи мазкур 132 километр буда, дар ин масир 5 пули калон ва 7 истгоҳу вокзал сохта шудааст.
CОЛИ 2000
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2000, № 415 дар хусуси аз таърихи 30 октябри соли 2000 ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии кишвар - «Сомонӣ», ки ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ (849-907) номгузорӣ шудааст, эълон гардид.
СОЛИ 2001
7 майи Соли 2001 ба Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода унвони олии давлатӣ - «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд. Инчунин акси он дар рӯйи воҳиди пулӣ – сомонӣ низ ҷой гирифт.
CОЛИ 2002
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.07.2002, №276 «Дар бораи Барномаи маҷмуии рушди ноҳияи Балҷувон ба сифати минтақаи туризми байналмилалӣ эълон намудани ноҳияи Балҷувон дар давраи солҳои 2002-2012» қабул гардидааст.
СОЛИ 2003
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.11.2003, №475 «Дар бораи таъсис додани Боғи табиии Сари Хосор» дар ҳайати Парки Миллии Тоҷикистон, ҳудуди 3805 га замин.
CОЛИ 2004
13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи барномаи сафари кории Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммад Ҳотамӣ ҳамроҳи меҳмонони олиқадр ба маҳали бунёди неругоҳи барқи обии “Сангтӯда” рафтанд.
Мувофиқи ёддошти тафоҳум оид ба таъсиси ширкати тарҳи “Сангтӯда-1”, ки дар ҳузури роҳбарони олимақоми Тоҷикистону Эрон аз ҷониби вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабек Нурмуҳаммадов ва вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳабибуллоҳи Бетараф ба имзо расид, ҷониби Эрон 51 дарсади хароҷоти сохтмони ин неругоҳи обию барқиро ба уҳда гирифт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммад Хотамӣ аз бахшҳои гуногуни ин иншооти стратегӣ дидан карда, бунёди ҳарчи зудтари онро боз як қадами устувори пешрафти ҳамкориҳо маънидод намуданд.
СОЛИ 2005
Дар ноҳияи Кӯшониён фабрикаи ресандагии «Истеко-текстайл» ба фаъолият оғоз намуд, ки дар расми ифтитоҳи он Президети мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок доштанд.
Ин корхона бо таҷҳизоти техникии дорои технологияи олии сохти олмонӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори коркарди 3110 тонна пахтаро дар як сол доро аст. Аз ин миқдор нахи пахта 2800 тонна риштаи аълосифат истеҳсол карда мешавад.
СОЛИ 2006
2700-солагии Кӯлоби бостонӣ дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил гардид. Дар доираи ин ҷашн дар Кӯлоб садҳо иншооти бузурги таърихӣ, меъморӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ бунёд шуданд.
СОЛИ 2007
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ва ҳайати расмии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пули азими миёни Тоҷикистону Афғонистон дар мавзеи Панҷи Поёнро ифтитоҳ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ин пул ба заминҷунбию обхезиҳои шадид тобовар буда, дар як рӯз метавонад гузашти 1000 мошинро таъмин намояд. Пули азим дар болои дарёи Панҷ сохта шудааст, ки дарозиаш 672 ва паҳноияш 11 метрро ташкил медиҳад.
СОЛИ 2008
Дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) Маҷмааи Ваҳдати миллӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар назди Маҷмааи Ваҳдати миллӣ осорхонаи Ваҳдат бунёд ёфтааст, ки дар он осори арзишманди ҳокӣ аз рӯзҳои сахту сангин ва ҳамчунин дастовардҳои сиёсати ваҳдатофарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ҷамъоварӣ шудаанд.
***
Дар мавзеи Мумираки ноҳияи Муъминобод хатти интиқоли барқи баландшиддати «Лолазор-Хатлон», ки он барои таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар қадами навбатӣ ба шумор мерафт, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Сохтмони иншооти мазкур дар доираи лоиҳаи инвеститсионӣ, ки маблағи умумии он зиёда аз 58 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ба анҷом расонида шуд. Дар натиҷа, дар масофаи 56 километр хатти интиқоли барқ кашида шуда, 4 трансформатори пуриқтидори баландшиддат, 133 адад такягоҳҳо насб ва ду зеристгоҳ – «Лолазор» ва «Хатлон», ки дорои иқтидори дар як сол аз неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Бойғозӣ», «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» ба вилояти Хатлон интиқол додани 4 миллиард киловатт-соат барқ мебошанд, бунёд гардиданд.
СОЛИ 2009
Дар ноҳияи Данғара бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев нерӯгоҳи барқии обии “Сангтӯда-1” ба истифода супорида шуд. Иқтидори умумии НБО «Сангтӯда-1» 670 МВт-ро ташкил медиҳад, ки аз ҷиҳати иқтидор севумин неругоҳи барқи обӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
***
Дар ноҳияи Данғара бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақби “Шаршар” мавриди истифода қарор гирифт.
Сохтмони нақби мошингарди “Шаршар” 20 октябри соли 2006 оғоз ёфт ва дар зарфи 3 сол бо сифати баланд ба истифода супорида шуд. Дарозиии нақб 2224 метр мебошад.
СОЛИ 2010
Дар шаҳри Сарбанд (ҳозира Левакант) бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави сементбарорӣ ба кор дароварда шуд.
Корхона бо иқтидори дар як шабонарӯз 60 тонна сементи навъи 300 истеҳсол мекунад. Роҳбарияти корхона тасмим доранд, ки иқтидори шабонарўзии онро ба 240 тонна расонанд. Корхонаи мазкур дар муддати кўтоҳ бо харҷи 12 миллиону 600 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст.
98% ашёи хом барои истеҳсоли семент, аз ҷумла сангу шағали махсус ва ангишт аз дохили кишвар дастрас карда мешавад.
СОЛИ 2011
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Осорхонаи вилоятӣ ва Китобхонаи вилояти Хатлон ба истифода супорида шуд.
Китобхонаи вилоятӣ бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат бунёд ёфтааст, ки дар он 30 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Китобхона дорои толорҳои нигаҳдории китобҳо, толори китобхонӣ бо 250 ҷойи нишаст ва бахши китобхонаи электронӣ иборат мебошад.
***
Дар ноҳияи Шӯробод (ҳозира Ш. Шоҳин) Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони 4 ва Вазири фавоиди оммаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулқуддус Ҳамидӣ бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди пули 6-уми 182-метра миёни Тоҷикистону Афғонистон оғоз бахшиданд.
СОЛИ 2012
Мавзуна Чориева, варзишгарбонуи хатлонӣ, барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистони олимпӣ Лондон — 2012 аз рӯйи намуди варзиши бокс гардид. Дар Олимпиадаи Лондон Ҷумҳурии Тоҷикистонро 10 варзишгар намоядагӣ менамуданд. Танҳо як нафар - муштзан Мавзуна Чориева ба Тоҷикистон медали олимпӣ овард. Дар воқеъ, ин севумин медали олимпии Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Бояд зикр намуд, ки дар миёни занони варзишгари Тоҷикистон Мавзуна нахустин ва ягона барандаи медали олимпӣ дар замони истиқлолияти кишвар маҳсуб мешавад.
СОЛИ 2013
Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қӯрғонтеппа нахустин пойгоҳи инноватсионии ронандагии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Пойгоҳ, ки бо харҷи беш аз 8 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта ва таҷҳизонида шудааст, аз синфҳои муҷаҳҳази дарсҳои назариявӣ ва амалӣ бо макетҳои электронии мошин, майдони махсуси мошинронӣ ва ҳамчунин мошинҳои боркашу сабукрав, автобусҳо ва мотосиклҳои нави таълимӣ иборат аст. Тибқи иттилоъ, мактабу пойгоҳи инноватсионии ронандагӣ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ нахустин аст.
***
Дар ноҳияи Ёвон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин корхонаи сементбарории Тоҷикистон, ки дар як сол 1 миллион тонна семент истеҳсол хоҳад кард, ба кор дароварда шуд.
Ин корхона бо навтарин дастгоҳҳои технологияи ҷаҳони имрӯза муҷаҳҳаз гардида, бо вуҷуди истифода аз ангишт ба ҳайси сӯзишворӣ, аз худ на чанг мебарорад ва на дуд. Умуман дар корхона истеҳсолоти бепартов ба роҳ монда шудааст, ҳатто хокистари ангишт ба ҳайси яке аз ашёи таркибии семент истифода мешавад.
***
Нақби «Чормағзак» дар масири Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб моҳи ноябри соли 2013 ифтитоҳ гардид ва баъдан бо номи Нақби «Хатлон» тағйири ном кард.
Дарозии нақби мазкур 4450 метр ва арзиши лоиҳавии он бо дарназардошти роҳҳои ба нақб пайвастшаванда беш аз 300 миллион сомониро ташкил намуда, корҳои сохтмонӣ бо сифати ниҳоят баланд иҷро гардидаанд.
СОЛИ 2014
Дар ноҳияи Ҷиликул (ҳозира Дӯстӣ) корхонаи асфалт бо техникаву таҷҳизоти навтарини соҳа муҷаҳҳаз шудааст, расман ба кор дароварда шуд.
Корхона дар майдони 4 гектар замини бекорхобидаи ноҳия дар муддати хеле кӯтоҳ бо харҷи 41 миллион сомонӣ сохта шудааст. Дар як соат дар ин корхонаи нав 36 тонна асфалт истеҳсол мешавад.
***
Дар ноҳияи Шаҳритус бо иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи абрешимресии Дук ба кор дароварда шуд, ки нахустин чунин корхона дар вилояти Хатлон мебошад.
Ин корхона бо технологияи муосири чинӣ муҷаҳҳаз шуда, имкон дорад, ки дар як сол беш аз 70 тонна пиллаи хомро коркард намуда, аз он риштаи хушсифати абрешим истеҳсол намояд.
СОЛИ 2015
700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Боғи ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
СОЛИ 2016
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Расадхонаи байналмилалии астрономии “Санглох”-и Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавзеи Санглохи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ифтитоҳ намуд.
Расадхонаи байналмилалии астрономии “Санглох” аз лиҳози диди оптикӣ ва иқлими астрономӣ беҳтарин дар ҷаҳон аст ва он дар замони соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти аҳамияти бузурги илмӣ ва байналмилалии мушоҳидаҳои астрономӣ, омӯзиш ва таҳқиқи ҷирмҳои хурди системаи офтобӣ, кометаҳо баъди 20 соли аз кор мондан, барқарор карда шуд.
Расадхонаи байналмилалии астрономии Санглох дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад ва соли 1977 сохта шудааст.
***
24 августи соли 2016 нахустин қатора аз саристгоҳи роҳи оҳани пойтахт дар самти Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб ба роҳ баромад.
Бунёди роҳи оҳани мазкур бо иштироки Сарвари давлат оғоз гардида, арзиши лоиҳавии он зиёда 165 миллион сомониро дар бар мегирад. Дар ин шоҳроҳ 3 адад нақб бо дарозии умумии 3643 метр бунёд гардида, дарозтарин нақби он 2 ҳазору 209 метрро ташкил медиҳад, ки дар шароити кӯҳистони минтақа бунёди он маҳорати баланди касбӣ ва донишу таҷрибаи мутахассисонро талаб мекард. Ҳамзамон дар ин лоиҳа 8 адад купрук бо дарозии умумии 683,2 метр бунёд гардид.
***
Дар ноҳияи Ёвон Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Чжунгтсай Моҳир Семент” ба истифода дода шуд.
Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Чжунгтсай Моҳир Семент” бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Баҳриддин Ҷӯрахонов дар майдони 22 гектар бунёд гардида, барои сохтмони он сармояи умумӣ дар ҳаҷми 958 миллион сомонӣ ҷалб шудааст, ки 35 фоизи ин маблағ саҳми соҳибкори ватанӣ ва боқимонда 65 фоиз сармояи хориҷӣ мебошад.
Иқтидори истеҳсолии корхона ба 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент дар як сол баробар аст.
***
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Театри вилоятии мусиқӣмазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бинои нави театри мазкур барои 800 нафар тамошобин пешбинӣ гардида, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо харҷи 26 миллион сомонӣ бунёд шудааст.
***
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат иштирок намуданд.
Криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат аз маҳсулотҳои асосӣ дар саноати истеҳсоли алюминий ба ҳисоб рафта, то имрӯз ин номгӯйи маҳсулот асосан аз кишварҳои назди Балтика, Белорусия, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои эҳтиёҷоти Ширкати алюминийи тоҷик ворид карда мешуд.
СОЛИ 2017
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба бунёду навсозии қитъаи «Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин»-и роҳи мошингарди «Кӯлоб-Қалъаи Хумб» оғози расмӣ бахшиданд.
Ин қитъаи роҳ 32 километрро ташкил дода, бо харҷи зиёда аз 51 миллион доллар мавриди таҷдиду азнавсозӣ қарор мегирад.
СОЛИ 2018
24 октябри соли 2018 дар феҳристи 500 мусулмони пурнуфузи дунё Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷой гирифтаанд. Феҳристи 500 мусулмони асаргузори ҷаҳонро ҳар сол Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти роҳбурдии исломии Уммон тартиб медиҳад.
***
22 октябри соли 2018 дар бахши озмуни байналмилалӣ ҷоизаи аслии кинофестивали 8-уми «Дидор» ба филми «Хаёлӣ»-и коргардон Парвиз Раҷабзода аз «Хатлонсинамо», ҷоизаи беҳтарин филми аниматсионӣ супорида шуд.
***
20 январи соли 2018 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иваз намудани номи шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ба Бохтар ва Сарбанд ба Левакант, ноҳияи Бохтар ба Кӯшониён, шаҳраки Восеъи ноҳияи Восеъ ба шаҳраки Ҳулбук имзо карданд.
СОЛИ 2019
Дар минтақаи саноатии шаҳри Норак марҳилаи аввали Корхонаи “Гидромехсаноат”-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидромонтаж” мавриди исфода қарор дода шуд.
Самти фаъолияти корхона истеҳсоли таҷҳизоти гидромеханикӣ ва металлоконструксияи неругоҳҳои барқи обӣ буда, дар Тоҷикистон ягона корхона ба ҳисоб меравад.
***
6-уми августи соли 2019 дар ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президен
ти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалингро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Роҳи автомобилгарди КангуртБалҷувон Ховалинг қариб 43 километрро ташкил дода, паҳноии он 7 метр мебошад.
***
Дар ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои навбунёди Осорхони таърихӣ-кишваршиносии Қаҳрамони халқи тоҷик Восеъро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар мавзеи хушбоду ҳавои Дараи Мухтор воқеъ дар зодгоҳи ин шахсияти бузурги миллати тоҷик сохта шудааст.
СОЛИ 2020
28 майи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои наву замонавии Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотиро ба истифода доданд.
Бинои мазкур дар кӯчаи ба номи Борбади шаҳри Бохтар қомат афрохта, аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотӣ бо тарҳи муосир ва бо назардошти санъати меъмории миллӣ бунёд гардидааст.
СОЛИ 2021
25 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Корхонаи сементбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Моҳир семент”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи мазкур ба истеҳсоли семент машғул буда, иқтидори солонаи он 600 ҳазор тонна сементи хушсифат мебошад. Дар корхонаи нав 120 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ гардиданд.
***
4 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Меҳнатободи деҳоти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии ноҳияи Восеъ маҷмааи бузурги хизматрасонии сайëҳӣ ва меҳмонхонаи “Сайëҳон”- ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
***
Дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи нав дар як сол то 34 миллион ҷуфт ҷӯроб истеҳсол намуда, ҳамчун маҳсулоти рақобатпазир ба хориҷи кишвар низ содирот карда мешавад. Дар корхонаи истеҳсоли ҷӯроб айни замон 250 дастгоҳи худкори бофандагӣ, 15 дастгоҳи истеҳсоли нӯги ҷӯроб, 6 дарзмол ва 110 дастгоҳи бофандаи ҷӯробҳо васлу насб гардида, мувофиқи талаботи харидорон, беш аз 500 навъи ҷӯроб истеҳсол менамояд.
***
21 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик Корхонаи истеҳсолии “Пойафзоли Кангурт”-ро мавриди истифода қарор доданд. Дар коргоҳ асосан пойафзоли чармӣ, ки дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ талабот ба он зиёд аст, истеҳсол мегардад.
***
29 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаҳои якум ва дуюми роҳи мошингарди дорои аҳамияти байналмилалии “Душанбе - Бохтар”- ро, ки беш аз 75 километрро ташкил медиҳанд, пас аз таҷдиду навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.
Тибқи лоиҳа, роҳ бо харҷи наздики 97 миллион доллари америкоӣ маблағҳои грантӣ ва қарзии Бонки Осиёии Рушд, Фонди ОПЕК ва беш аз 17 миллион доллар саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шуд.
СОЛИ 2022
23 октябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи байналмилалии “Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин” пули мошингузарро мавриди истифода қарор доданд.
Пули мазкур ҳамчун қисми таркибии сохтмони роҳи байналмилалии “Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Кулма” ба шумор рафта, дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат бо мақсади раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионии ҷумҳурӣ, амалӣ гашта, монеа ва мушкилоти мавҷударо дар рафту омади ҳамагуна нақлиёт бартараф месозад.
***
2 ноябри соли 2022 дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ёвон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотию фосфордори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТАЛКО Кемикал”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи нав дар як шабонарӯз 200 тонна буда, дар як сол 75 ҳазор тонна нурии минералӣ истеҳсол менамояд.
Омодасоз Фаромӯз БОБОЕВ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...