Мақсади давлат: ҳифзи ҳуқуқҳои инсон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо / Мусоҳибаи мо, Боздид 947
Дар тамоми давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода мешавад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боби дуюм “Ҳуқуқ, озодӣ вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд” ном дорад, ки аз 34 модда иборат аст. Пеш аз ҳама, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон аз Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки 10 декабри соли 1948 аз ҷониби СММ қабул гардида буд, сарчашма мегирад ва маҳз ба ҳамин хотир 10 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад.
Дар арафаи ин рӯз мусоҳибае доштем бо роҳбари намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон Ҳайдарзода Муҳаммад Ҳайдар.
Инак, муҳтавои онро пешкаши хонандагони азиз мегардонем.
Сараввал назари худро доир ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баён менамудед.
- Агар ба таҳлилҳо назар кунем, мебинем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз то рӯз ба масъалаи ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегарданд. Имрӯз давлат ва Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтару хубтар намудани шароити зиндагӣ ва ҳаёти шаҳрвандони худ аз тамоми имкониятҳо истифода намуда истодаанд. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзишҳои олӣ эълон намуда, барои ҳифзи онҳо чораҳои заруриро роҳандозӣ намудааст. Масалан, дар моддаи 5-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзишҳои олӣ мебошад. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳизф менамояд”. Ё моддаи 18-ум “Ҳар кас ҳуқуқ ба ҳаёт дорад”. Пас аз оне ки мо Конститутсияро қабул намудем, давлат дар тамоми қонунҳои қабулнамудаи худ ин принсипро ҷорӣ ва амалӣ менамояд.
Соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон пешниҳод намуданд, ки дар кишвар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шавад. Бо дастгирӣ ва роҳнамоиҳои бевоситаи Пешвои миллат дар як муддати кӯтоҳ мақомоти Ваколатдор таъсис ёфта, имрӯз фаъолияти пурсамар дорад.
- Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон имрӯз дар кадом сатҳ фаъолият дорад?
- Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон фаъолияти худро дар асоси қонунгузории кишвар ба роҳ монда, барои беҳтару хубтар намудани вазъи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дар вилояти Хатлон ҳамарӯза кору фаъолият намуда истодааст. Дар семоҳаи охир намояндагӣ 45 муроҷиати сокинони вилоятро баррасӣ намуд. 8-тои он ба таври мусбат ба фоидаи сокинон ҳал гардидааст. Муроҷиати шаҳрвандон асосан ба масъалаҳои мусоидат намудан дар мушкилоти оилавӣ, вобаста ба замин, иштирок дар мурофиаҳои судӣ, холисона баровардани ҳукми судӣ, ҷудошавии оилаҳо, дастрасӣ ба иттилоот, боздошт ва ё қатъ намудани хешовандӣ, масъалаҳои маъюбӣ, кумакҳои молиявӣ, дастрасӣ ба мақомотҳои давлатӣ, зӯроварӣ дар оила, кумакҳои ҳуқуқӣ ва ғайра мебошад.
-Шумо гуфтед, ки дар се моҳи охир дар намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон 45 муроҷиати шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳамин асос сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро муайян кардан мумкин аст?
-Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сатҳи маърифати ҳуқуқии сокинони вилоят назар ба солҳои пешин беҳтар гардидааст. Солҳои қаблӣ агар шаҳрванд дар масъалаи ҳуқуқӣ танқисӣ мекашид, пас, имрӯз аллакай медонад, ки доир ба кадом мушкилот ба кадом мақомот ё идора муроҷиат намояд. Аммо, ҳастанд нафароне, ки ҳуқуқҳои худро намедонанд ва аз расмиёти конунгузорӣ огоҳӣ надоранд. Масалан, як сокини шаҳри Бохтар муроҷиат намудааст, ки дар бозор бо патент савдогар аст. Дар оила фарзандони маъюб дорад, камбизоат аст ва имконияти пардохт намудани маблағи пантенту андозро надорад. Дар натиҷаи таҳлилу баррасиҳо маълум шуд, ки фаъолияти ӯ дигар асту дар ҳуҷҷате, ки мақомоти андози шаҳри Бохтар додааст, тамоман дигар. Соҳибкор бояд ба ҳаҷми 276 сомонӣ андоз месупоридааст, ки ин барои вай гарон ва душвор буд. Аммо, баъди дахолати бевоситаи намояндагии мо ҳаҷми андоз то ба 196 сомонӣ кам карда шуд.
Бояд қайд кунам, ки бо мақсади баланд бардоштани маданият ва дониши ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷониби намояндагӣ дар вилояти Хатлон дар се моҳи охир дар вилоят 10 машварати сайёри ҳуқуқӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Хуросон гузаронида шуд.
-Доир ба ин масъала боз чӣ гуфтаниҳо доред?
-Дар анҷоми суҳбат мехоҳам ҳаминро қайд намоям, ки нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, риоя намудан ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон ва шаҳрванд калон аст. Маҳз бо дастуру супоришҳои Роҳбари давлат қонунҳои кишвар такмил ёфтаву тағйиротҳо дохил гардида, барои беҳбуд бахшидани ҳаёти инсон ва шаҳрванд дар Тоҷикистон равона шудааст. Мақсади ягонаи давлату ҳукумат ҳам ҳамин аст.
Аз сокинони вилоят даъват ба амал меорам, ки вобаста ба ҳуқуқу манфиатҳои худ дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар ба мақомоту идораҳои марбута муроҷиат намоянд. Мақомоту идораҳои давлатӣ вазифадоранд, ки муроҷиати онҳоро дар муҳлати муқарраршуда баррасӣ карда, ҷавобашро ба шаҳрвандон пешниҳод намоянд.
-Барои суҳбати ошкоро ташаккур!
-Саломат бошед!
Мусоҳиб
Толиб Толибзода,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00