Бо коррупсия оштинопазир бошем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 830
Коррупсия яке аз масъалаҳои мушкили замон, доғи ҷомеаи имрӯзаи тамоми мамлакатҳои ҷаҳони муосир маҳсуб гардида, садди роҳи рушду инкишофи давлатҳо мегардад.
Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххаси қонунӣ андешад. Барои пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва мубориза бо коррупсия санаи 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул шуда, 9 декабри соли 2003 зиёда аз 100 давлати дунё ба Конвенсияи мазкур имзои худро гузоштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар давлатҳо санаи 25 сентябри соли 2006 ба Конвенсияи мазкур имзо гузошт.
Бо иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракуни давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратӣ, ҳанӯз аз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун мақоми махсусгардонидашуда таъсис ёфт.
Мафҳуми «коррупсия» на танҳо ришвахӯрӣ, балки амалҳои дигари иртиҷоӣ, аз қабили порадиҳӣ, харидани шахсони мансабдор, туҳфаҳо ба роҳбарону ҳокимон, протексионизм (муҳофизати) ҳангоми ҳалли масъалаҳо ва пешбарии одамон ба вазифаҳои идораи давлатӣ ва ҷамъиятӣ бештар дар заминаи афзалияти аломатҳои хешу таборӣ, табақавию қавмӣ ё ҷонфидоии шахсӣ, иштироки бевоситаи шахсони мансабдор дар тақсими даромадҳо ва манфиатҳои шахсӣ, иштироки ҳокимон ё амалдорони дигар дар фаъолияти ғайриқонунӣ ба воситаи шахсони дигар, иттиҳодияҳои дигар ва ғайраҳо фаҳмида мешавад».
Коррупсия – ин зуҳуротест, ки на танҳо хосияти ҳуқуқӣ, балки хусусияти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро доро мебошад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди падидаи мазкур танҳо ба воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ имконнопазир аст. Коррупсияро наметавон танҳо як ҳодисаи ҷиноӣ унвон кард, зеро падидаи мазкур доираи васеи муносибатҳоро дар худ фаро мегирад.
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо коррупсия муборизаи беамони худро бурда истода ва нисбати ин масъала диққати махсус доранд. Аз ин сабаб, Роҳбари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 қайд намуданд:
Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норозигии шаҳрванд аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад.
Ҳарчанд бо мақсади муборизаи оштинопазир бурдани мардум, кормандони мақомоти ҳифзу ҳуқуқ ва дигар мақомоти назоратӣ ба муқобили коррупсия ва амалҳои коррупсионӣ якчанд қонун, аз ҷумла аз 7 августи соли 2020 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияву Барномаҳои давлатӣ дар мамлакат тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ пайи амал қарор дошта бошад ҳам, вале ҳанӯз ҳам амалҳои коррупсионӣ дар шаклу намудҳои нав ба вуқуъ омода истодааст.
Пеши роҳи нафси саркашро гирифтан шарти муҳими мардӣ мебошад. Панди устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро бояд сармашқи кори ҳаррӯзаи хеш қарор диҳем, ки гуфта: «Гар ба сари нафси худ амирӣ, мардӣ». Модоме, ки бузургони миллати мо амалҳои коррупсиониро сахт мазаммату маҳкум кардаанд, чаро имрӯз ворисони онҳо боз ба амалҳои фалокатбори коррупсионӣ даст мезананд. Мо аз хурдӣ насли ояндасози миллатро бояд дар рӯҳияи эҳтиром ва гиромидошти забон, таърих, фарҳанги миллӣ, ватандорию ватандӯстӣ, дур будан аз ҳама гуна амалҳои зишт ба камол расонем. Тарбияро дар оила, кӯдакистонҳо, мактаб, коллеҷу донишгоҳҳо дуруст ба роҳ гузошта, насли худогоҳу хештаншинос, дӯстдори обу хоки сарзаминро ба камол расонем, то фардо онҳо парчамбардори давлату миллати худ гарданд.
Аксари аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд ва ин нишондод рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии босуръатро талаб менамояд. Шахсони дорои қобилияти корӣ ва ё ҷавонони 14-30 - сола дар тӯли истиқлолият то ба 60% афзоиш ёфтаанд ва теъдоди онҳо имрӯз (дар аввали соли 2022) 2.7 миллион нафарро ташкил медиҳад (35 %-и аҳолӣ), ки ин инъикосгари ҷавон будани аҳолии кишвар аст. Аз ин рӯ, пешгирӣ ва кам намудани коррупсия шарти муҳимми беҳтар намудани сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар, паст намудани сатҳи бекорӣ ва беҳтар сохтани ҳаёти иҷтимоии мардум, аз ҷумла ҷавонон мегардад.
Коррупсия дар Тоҷикистон миёни қишрҳои аҳолии кишвар ҷудоиро зиёд мегардонад, соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва тандурустиро заиф намуда, чолиши фирори мағзҳоро ба вуҷуд меорад. Барои рушди соҳаи хусусӣ ва давлатӣ монеа эҷод мекунад. Аз ҳама муҳим, мавҷудияти коррупсия боиси кам шудани эътимоди мардум на танҳо ба хизматчиёни алоҳидаи давлатӣ, балки ба кулли низоми идории кишвар мегардад.
Аз рӯӣ таҳлилҳои муҳаққиқони кишвар дар ҷомеаи имрӯза дар сатҳи муносибатҳои коррупсионӣ кам даст задани бонувон эътироф шудааст. Яъне, ҳузури занон дар мансабҳои марбут ба сиёсат аст, ки ба коҳиши фасод дар кишвар таъсир мерасонад. Шумораи заноне, ки дар корҳои идоравӣ ба фасод рабт надоранд, муайян карда шудааст.
Аз ин лиҳоз роҳбари давлатамон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як эҳтироми баланд қайд намудааст, ки «Имрӯзҳо дар ҷомеаи мо нақш ва мавқеи занон бағоят назаррас аст. Ҳамагуна масоили аҳамияти иҷтимоӣ-сиёсӣ дошта, ки мо даст назанем, ҳалли он бидуни иштироки фаъоли занон, бидуни назардошти андеша ва пешниҳоди онҳо аз имкон дур аст».
Дар ҳолати се арзиш: пиндор, гуфтор ва рафтор бо ҳам ихтилоф дошта, мувофиқат нанамоянд, коррупсия нобуд намешавад. Аз ин ҷо, мушкилӣ на дар коррупсия, балки дар худи одамон аст. Одамон муҷиби пайдоиши коррупсия шуданд ва танҳо онҳо метавонанд онро нобуд намоянд.
А. Ашӯрзода, котиби ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсияи назди
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...