ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 646
Ҳамдиёрони арҷманд!
Аз рӯзи қабули Конститутсия, ки дастоварди бузурги мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз маҳсуб меёбад, бисту ҳашт сол сипарӣ гардид.
Бо камоли ифтихору сарфарозӣ сокинони вилояти Хатлон ва тамоми мамлакатро ба муносибати ин санаи бузурги таърихӣ табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар фарди Ватан сулҳу осоиш ва ба ин санади муқаддас – бахтномаи миллат умри ҷовидонӣ орзу менамоям.
Мардуми Тоҷикистон хуб медонанд, ки баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, давраи бисёр вазнини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ боиси на танҳо ру-куди иқтисоди мамлакат, балки фалаҷ гардидани шохаҳои ҳокимияти давлатӣ гардид. Аммо бо саъю талош ва заҳмати бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рукнҳои давлатдорӣ ва сохторҳои заифшудаву аз фаъолият бозмондаи давлатӣ барқарор ва то ба мақому ҷойгоҳи имрӯзаи давлати тоҷикон расид.
Дар он давраи ҳассос фақат қабули Конститутсия барои ҳифзи истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин, ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам меовард.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ тарафдори давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани худро эълон карда буданд ва итминони комил доштанд, ки барпо намудани чунин давлат танҳо бо дастгирии мардум ва дар асоси Конститутсияи аз ҷониби халқ қабулшуда имконпазир аст.
Дар он солҳои душвор халқи Тоҷикистон бе ягон дудилагӣ аз шакли идораи мустаҳками президентӣ ҷонибдорӣ кард ва минбаъд ҳаёт дурустии онро собит намуд.
Тавре ки Президенти мамлакат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ ёдовар гардиданд: “Қадами тақдирсоз дар бунёди давлати муосири тоҷикон интихоби дурусти шакл ва сохти давлатдорӣ буд.
Дар асоси воқеияти таърихиву сиёсии гузаштаву муосир ва бо дарназардошти манфиатҳои имрӯзу ояндаи милливу давлатӣ халқи Тоҷикистон бо майлу иродаи худ ва бо изҳори раъйи озодона роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро интихоб намуд, ки он ҳамчун ифодаи раъйи қатъии мардуми кишвар дар моддаи якуми Конститутсияи мо барои ҳамеша муқаррар гардидааст”.
Ҳамин тавр, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид ва ин санад ҳамчун дастоварди бузурги мардуми кишвар шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад. Тавассути раъйпурсӣ қабул гардидани Конститутсия дар таърихи рушди конститутсионии кишварамон таҷрибаи нодир ва нахустин буд, зеро конститутсияҳои қаблӣ аз ҷониби намояндагони мардумӣ дар парламент қабул гардида буданд. Яъне халқи тоҷик бо роҳи ифодаи озодонаи мавқеи худ аввалин маротиба имконияти таърихии қабули бевоситаи ин ҳуҷҷати бунёдии сиёсиро бо азму иродаи хеш амалӣ намуда, барои эъмори пойдевори ҳуқуқии давлати мустақили демократӣ ва дунявии Тоҷикистон асоси мустаҳкам гузошт.
Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии халқи Тоҷикистон татбиқи сиёсати пешгириф-таашонро, ки дар иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ эълон карда буданд ва асоси ҳуқуқии он дар Конститутсия гузошта шуд, дилпурона оғоз намуданд.
Басо фараҳафзост, ки ҳоло Тоҷикистон дар ҷодаи бунёди низоми давлатдории интихобкардаи худ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Таҳаввулоте, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир мегузарад, бори дигар собит месозад, ки шакл ва сохти давлатдории мо интихоби дурусту дурбинона буда, худи ҳамин ғоя ба яке аз заминаҳои асосии ҳаёти осоиштаи ҷомеа табдил ёфтааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсози тоҷик мебошад. Дар ин санади сарнавиштсоз марому мақсади халқи Тоҷикистон, ки аз бунёди ҷомеаи адолатпарвар иборат аст, дар асоси арзишҳои милливу умумибашарӣ, аз ҷумла қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон будан, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморидан, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф кардан, дарки масъулият дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда муайян карда шуд.
Аз ин рӯ, қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки меъёрҳои дар Конститутсияи кишвар кафолатдодашуда, яъне тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро бо тамоми ҳастии худ ҳифз намоем. Конститутсия пешбинӣ намудааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад.
Итминон дорам, ки Конститутсияи мо боз садсолаҳои дароз барои рушди ҷомеаи Тоҷикистон ва оромиву осоиши ҳар як фарди Ватан хизмат хоҳад кард.
Бо ҳамин нияти хайр, бори дигар тамоми хатлониёнро ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона шодбош гуфта, таманно дорам, ки дар хонадони ҳар як тоҷикистонӣ сулҳу амонӣ, хушҳолӣ ва саодати рӯзгор ҳамеша пойдор бошад.
Саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!