Омӯзгорӣ муқаддастарин пешаи рӯйи олам аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 3 178
Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода бахшида ба Рӯзи омӯзгорон
Соли равон иди касбии омӯзгорон дар рӯҳияи баланди инсондӯстӣ, ватандорӣ, ифтихор аз амалҳои созандагӣ ва ободкорӣ дар татбиқи сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашнҳои фархундаи Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаҳои муҳими таърихӣ қайд карда мешавад.
Тамоми омӯзгорон ва аҳли илму маорифи вилоятро ба муносибати иди касбӣ - Рӯзи омӯзгорон табрику таҳният гуфта, бароятон пеш аз ҳама саломатӣ, саодату сарбаландӣ, зиндагии шоиста, навҷӯию тозакорӣ ва расидан ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ, илмиву омӯзгорӣ ва эҷодиро таманно менамоям.
Ҳар гоҳе номи омӯзгор, муаллим ва ё устодро ба забон меорем, пеши назари мо нафари меҳрубон, хоксор, илмдӯсту маърифатпеша, шахсе, ки аз волидонамон зиёд барои мо дилсӯз аст, намоён мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому нақши омӯзгорро дар ҷомеа баланд арзёбӣ намуда, таъкид менамояд: “Омӯзгорӣ муқаддастарин пешаи рӯйи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад. Миллате, ки ба илму дониш ва фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, миллати ояндадор ва тавонову соҳибтамаддун аст.
Ҷомеае, ки ба аҳли маориф, ба устод - омӯзгор, зиёӣ эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад”.
Воқеан дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои бевоситаи Роҳбари давлат дар кишвар таваҷҷуҳ ба бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор гирифтааст. Ба андешаи созандаи Роҳбари давлат, бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбати маориф сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободу босаодати ватан мебошад.
Маҳз ин баёния шаҳодати он аст, ки обрӯ ва эътибори омӯзгор дар ҷомеа мунтазам боло рафта, ҳамчун хазинаи тиллоии миллат ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор гирифтааст. Тавассути сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлатамон музди маоши омӯзгорон давра ба давра зиёд мегардад. Аз ҷумла, аз санаи 1 июли соли равон дар ҳаҷми 20 фоиз зиёд гардидани маоши омӯзгорон боз як ғамхории навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати зиёиён маҳсуб меёбад.
Бояд зикр кард, ки дар соҳаи маорифи вилояти Хатлон дар доираи имкониятҳои мавҷуда барои вусъат бахшидани амалигардонии барномаҳои давлатии марбут ба соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, дониши хонандагон, ҳамзамон, мустаҳкам кардани заминаҳои таълимӣ дар ҳамаи намуди зинаҳои таҳсилот, амалигардонии имтиёзҳои муқарраршудаи омӯзгорони ҷавон, дастгирию ҳавасмандсозии омӯзгорони варзидаю эҷодкор ва хонандагони аълохон, корҳои муайяне анҷом мерасад, ки натиҷаи дилхоҳ дода истодаанд. Бо мақсади ҳавасмандии омӯзгорони соҳибмактаб, пайдо намудани рағбати омӯзгорон ба таълиму тарбияи нишонрас шогирдон, ташкили дарсу машғулиятҳои иловагӣ, ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии дохил ва хориҷи кишвар, сафарбарии шогирдон ба олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ Гранти раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф таъсис дода шуда, ҳамасола 10 нафар беҳтарин омӯзгорон тибқи талаботи Низомнома бо маблағи 10 ҳазор сомонӣ қадр карда мешавад.
Воқеан, мо масъулият ва талошҳои рӯзафзуни омӯзгорони вилоятро дарк мекунем ва ба хизматҳояшон аҳсант мехонем. Донишманди тоҷик Ҳусейн Мазоирӣ дар нисбати заҳмати омӯзгорон мегӯяд: “Муаллим бояд кори худро бидонад ва ба масъулияти сангини худ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дошта бошад. Омӯзгор метавонад шахсони шоиста тарбия намояд, ӯ қодир аст, ки ҳатто одами бадкирдорро некӯ гардонад. Ҳеҷ ибодат беҳтар аз муаллим нест”.
Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим-омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон пайваста боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд.
Ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки фармудаанд: “Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст”. Яъне, омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун раҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи миллат дар замони пурҳаводиси ҷаҳонишавӣ масъул аст.
Вобаста ба таҳлил ва дурнамои вазъи омӯзгор дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон метавон қайд намуд, ки имрӯз фаъолияти касбии омӯзгорӣ дар даврони гузариши низоми маорифи кишвар ва раванди мутобиқгардонии он ба стандартҳои ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ аст, ки ҳолати мазкур аз шахсияти омӯзгор фаъолияти бештари касбӣ ва садоқату самимиятро талаб менамояд.
Лозим ба қайд аст, ки имрӯз таваҷҷуҳи бевоситаи давлату Ҳукумат, хосатан Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф равона гардида, маорифро омили калидии амнияти миллӣ арзёбӣ намуда, омӯзгорро дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи хеш қарор додааст.
Дар ин ҷода мо ба ақлу заковат, донишу маҳорат ва малакаҳои касбии омӯзгорон, майлу рағбати ба дониш, илм ва касбомӯзӣ доштаи шогирдон, таваҷҷуҳу масъулиятшиносии падару модарон ва самимона ба мактабу маориф рӯ овардани ҳамдиёрон умед баста, итминон дорем, ки ҷашнҳои дар пешистодаро кормандони соҳа бо навҷӯию тозакорӣ ва дастовардҳои назарраси меҳнатӣ, илмӣ ва эҷодӣ истиқбол мегиранд.
Бори дигар Шумо - омӯзгорон ва устодони гиромиро ба ифтихори иди касбиатон табрику таҳният гуфта, бароятон сарфарозӣ, рӯзгори ободу осуда, фазилатҳои неки илму адаб, дониш ва касбу ҳунаромӯзиро таманно менамоям.
Иди касбӣ муборак, устодону омӯзгорони азиз!
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...