Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дар саҳна - «Қалби зан»


Дар саҳна - «Қалби зан»



23-юми сентябри соли ҷорӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар мавсими нави театрӣ оғоз гардид. Дар ин рӯз дар театри вилоятии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар аввалин намоишнома зери унвони “Қалби зан” пешкаши тамошобинон гардонида шуд.

Мавзуи асосии намоишнома аз зиндагии оилае қисса мекард, ки зану шавҳар тӯли зиндагии чандсолаи хеш бо ҳам муҳаббати дуруст накарда, пайваста ҷангу ҷанҷол мекарданд.

Аммо, вақте фарзандашон оиладор мешавад, меҳру садоқати келин нисбат ба шавҳараш хушдоманро бетаваҷҷуҳ намегузорад. Маҳз амалу рафтори келину писар оилаи зиндагии чандинсола доштаро вориди дунёи рангин ва романтикӣ мегардонад...

Дар толори театр муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ва дигар роҳбарони ташкилоту идораҳо барои тамошои намоишнома ҳузур доштанд. Дар охири намоишнома Фирӯза Шарифӣ суханронӣ намуда, ҷиҳати ҳунари волои ҳунармандон, мазмуну мундариҷаи намоишнома ва таъмини фароғати тамошобинон миннатдорӣ баён намуд. 

Масъулини театри вилоятии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар изҳор доштанд, ки бо хоҳиши ҳаводорони театр, метавонанд, пайваста намоишномаҳои пурмазмунро пешкаши тамошобин гардонанд.

Н. САИДАБРОР, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода