Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ««ТОҶИКОН» — ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ» ШАРҲИ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ««ТОҶИКОН» — ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ» ШАРҲИ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН




Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, баргузор мешавад.

Озмун дар байни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар, ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва олимону муҳаққиқони соҳаи таърих доир мегардад.
Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Масъулони баргузории озмун — вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд. Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар тарғиби ҷараёни баргузории озмун иштирок мекунанд.
Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи феврали соли 2023 то моҳи декабри соли 2023 ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад:
  • даври якум – моҳи феврал дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
  • даври дуюм – моҳи июн дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе);
  • даври сеюм – нимаи дуюми моҳи сентябр дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;
  • даври чорум — нимаи якуми моҳи декабр барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон».
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмун масъул буда, ғолибон ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд мегардонанд.
Талабот ба иштирокчиёни озмун аз инҳо иборат мебошад:
— доштани дониши муфассал доир ба асари «Тоҷикон» ва муаллифи он академик Бобоҷон Ғафуров;
— қобилияти нақлу тафсири воқеаҳои таърихии давраҳои муайян;
— баёни лаҳзаҳои муҳимми асар, қобилияти сухандониву суханронӣ, асосноккунии рӯйдодҳои таърихӣ ва нақши онҳо дар таърихи халқи тоҷик;
— донистани санаҳои муҳимми таърихӣ, давраҳои таърихӣ ва чеҳраҳои таърихсози халқи тоҷик;
— донистани мероси таърихиву фарҳангии моддиву маънавии халқи тоҷик;
— маълумот доир ба ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихие, ки баёнгари таърихи бостонии миллати тоҷик мебошанд;
— донистани сарчашмаҳои таърихӣ ва асарҳои илмиву бадеӣ оид ба таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода