Қасри Арбоб - қасри тақдирсози миллат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 595
Қасри муҳташами Арбоб, ки ба мисли як зумра иншооти нодири ҷаҳон - Кремлу Тоҷмаҳал ва аҳромҳои Мисру манораи Эйфел чун мавзеи таърихиву фарҳангӣ, илму маърифат ва зиёратгоҳи сайёҳон аз кишварҳои дуру наздик ва меҳмонон аз манотиқи гуногуни кишвар машҳур гаштааст. Воқеан Қасри Арбоб бо шарофати баргузор гаштани Иҷлосияи таърихи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳбубияти баландро соҳиб гашта, вирди забони хурду бузург гардидааст. Имрӯзҳо мавзеи Қасри Арбоб мақоми таърихӣ, ҷойи истироҳатӣ ва тамошогоҳи сокинони маҳалливу хориҷӣ гардидааст. Бахшида ба 25-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати эҷодии рӯзномаи «Хатлон» барои тамошо ба Қасри Арбоб рафтанд.
Санги аввали бино соли 1951 аз тарафи Қаҳрамони Тоҷикистон алома Бобоҷон Ғафуров гузошта шудааст. Соли 1957 ба муносибати 40-солагии ғалабаи Инқилоби Октябр ин қасри муҳташам мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Роҳбари умумии сохтмон раиси овозадори хоҷагӣ, ду карат “Қаҳрамони меҳнат” Саидхӯҷа Урунхоҷаев ва сармеъмор Ҳикмат Юлдошев буданд. Дар бунёд ва сохтмони ин қасри бошукӯҳ кранҳои борбардор ва техникаи замонавиро истифода накардаанд, балки бо усули халқӣ сохта шудааст.
Бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 20-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои асосии қаср бо назардошти арзиши бузурги меъмориву таърихии офаридаҳои устоҳои пешина азнавсозӣ гардид. Сохтмончиён кӯшиш карданд, ки нақшу нигор ва рангубори аслии сақф ва деворҳои онро нигоҳ доранд. Наққошону кандакорон ба ҷойи музди кор номҳояшонро дар сақфи биноҳо нақшбандӣ намудаанд.
“Ман ба шумо сулҳ меорам”
Дар Муассисаи давлатии Қасри фарҳанги Арбоб бахшида ба Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон толори осорхонаи “Тоҷикистон дар масири Истиқлолият” бунёд ёфтааст. Дар осорхона иқтибос аз суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамияти Иҷлосияи таърихӣ, аксҳои бақайдгириву баромади вакилони мардумӣ, меҳмонон дар толор, нишоти вакилон дар “Оши оштӣ”, баррасии лоиҳаи Парчам ва Нишони давлатӣ, аксҳои намояндагони ВАО, дастгоҳҳои наворбардориву аксбардорӣ ва дигар ашёҳое, ки дар рафти Иҷлосияи таърихӣ истифода шудаанд, имрӯз чун нигораҳо дар толор маҳфузанд.
Ҳамзамон, дар осорхона суханони раиси Шӯрои Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус Алексадр Павлов, котиби генералии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои мустақил Михаил Кротов, намояндаи давлати Канада Ҷорҷ Гейт ва дигарон гирд оварда шудаанд, ки ҳар яке таассуроти худро аз Иҷлосияи таърихӣ баён кардаанд.
Нигораи “Ман ба шумо сулҳ меорам” аз тарафи рассом Абдураҳим Ҷабборов хеле моҳирона тасвир ёфтааст, диққатҷалбкунанда ҳам мебошад. Гӯшаҳои фарҳангу маориф, кишоварзиву саноат, сохтмону энергетика ва ғайраҳо бозгӯи дастовардҳои таърихи даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор рафта, дар қалби бинанда эҳсосоти пурнишотеро бедор менамоянд.
Чойхона - нодиртарин иншооти меъморӣ
Бахшида ба Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Чойхонаи миллии Арбоб сохта шуд. Чойхонаи миллии Арбобро метавон нодиртарин иншооти меъморӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар номид. Зеро Чойхонаи миллии Арбоб маҷмааи меъморӣ ва ҳунарӣ буда, дар он намунаҳои барҷастаи санъати миллӣ, аз ҷумла наҷҷорӣ, кандакорӣ, наққошӣ, кошинкорӣ, paccoмӣ, гираҳпечӣ, оинабандӣ, нуқракӯбию тиллокорӣ, рехтагарию симкорӣ ва дигар намуду усулҳои ҳунарварӣ истифода шудаанд.
Дар китоби “Қасри Арбоб – нахустин қасри Пётр дар Хуҷанд” оварда шудааст, ки чойхона аз лиҳози ҳунар ва назокати санъати меъморӣ на кам аз Қасри таърихии Арбоб аст ва он намунаи барҷастаи пайванди асрҳо, омезиши услубҳои классикии ороиши девору сутунҳо ва намои муосири деворнигораҳову технологияи ороишии замон буда, бо истифодаи техника ва технологияи нави муҳандисию бинокорӣ бунёд гардидааст. Вайро метавон идомаи усули тозае дар санъати меъмории миллии тоҷик ҳисобид.
Чойхонаи боҳашамати миллӣ 1200 ҷойи нишаст дошта, дорои толорҳои расмӣ, толор барои қабули меҳмонон, толори гуфтушунид, пешайвонҳои баҳоронаю тобистона, ҳуҷраи фарҳангӣ, ошхона ва дигар иншооти хизматрасонӣ аст, бо истифода аз санъати меъмориву қадимаи миллӣ оро дода шудаанд.
Амфитеатр идомаи усули тозае дар санъати меъмории миллат 23 марти соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Амфитеатрро ифтитоҳ намуданд. Амфитеатри маҷмааи Арбоб, ки шакли нимдоира дорад, дар масоҳати умумии 3,5 га ҷойгир шуда, дорои 7000 ҷойи нишаст мебошад.
Ин иншооти зебои фарҳангию варзишӣ, ҳамчунин дорои толор барои тамошобинони олимақом, ҳуҷраҳо барои омодашавӣ ва машқу тамрини ҳунармандон, 2 маҷлисгоҳ ва утоқҳои дигари ёрирасон мебошад.
Андозаи саҳна 80х54 метр буда, барои чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва дигар гӯшаҳои Амфитеатр бо сутунҳои зебо, нақшу нигор оро ёфтааст. Даромадгоҳи Амфитеатрро, ҳамчунин фаввораи даврашакл ҳусни дилкаш мебахшад.
Дар атрофи бино дарахтони ороишӣ ва гулу гулбуттаҳо шинонида шудаанд, ки онҳо ба саҳни Амфитеатр зебу зиннат медиҳанд.
Қасри Арбоб дар тақдири иҷлосия
Вақто ки кишвар дар остонаи нестӣ буду миллат дар гирдобӣ парокандагӣ ғутта мезад, сиёсатмадорон роҳи наҷотро танҳо дар даъват кардани Иҷлосияи вакилони халқ донистанд, то ин ки дар якҷоягӣ фишангҳои фалаҷгардидаи давлатдориро барқарор намоянд.
Вале масъалаи ҷойи баргузории Иҷлосия норӯшан меистод. Дар марказ гузаронидани он номумкин буд, чунки аламҳои гаравгонгирӣ дар иҷлосияҳои пешин ҳанӯз тоза нашуда буд.
Дар ҷануби мамлакат низ имкон набуд, зеро задухӯрдҳо ҳанӯз давом доштанд. Ҳамин тавр, ҳамагон ба хулосае омаданд, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шимоли мамлакат баргузор карда шавад. Азбаски дар Иҷлосияи мазкур ба ҷуз вакилон, инчунин тарафдорони ду гурӯҳи ба ҳам муқобил иштирок мекарданд, ҷойи мувофиқ - қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд интихоб гардид. Сафҳаҳои таърихии ҷараёни Иҷлосияро шоҳидони воқеаву таърихнависон батафсил навиштаанд ва борҳо аз барномаҳои телевизионӣ низ онро тамошо кардаем. Дар он лаҳзаҳои ҳассос баҳри барқарор кардани Ҳукумати қонунӣ сарвари ҷонфидову ҳайати ватандӯсте лозим буд, ки бори вазнини ин масъулиятро ба дӯш гиранд.
Хушбахтона, бо амри Яздонӣ фарзанди фарзонаи миллат, аз табақаи деҳқони одӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ақлу идроки азалӣ, қобилияти роҳбаридошта, хубу бади замонаро дар ниҳодаш эҳсоскарда ва дар зинаҳои роҳбарӣ мактаби таҷрибаи худро пайдокарда ин масъулияти баландро ба зимма гирифту вакилон дар интихобаш хато накарданд. Гузашти солҳо нишон дод, ки ҷавони деҳотӣ метавонад сафинаи бе нохудо мондаро идора кунад ва ба соҳили мурод расонад. Дар як муддати кӯтоҳ, тамоми гурезаҳо ба ватан баргаштанд, ангҳои беамон хотима ёфтанд, силоҳдорон хатои худро фаҳмиданд ва бо ҷаҳду талош, азхудгузаштанҳо, тарафи муқобилро бовар кунонида тавонист, ки мо як миллатем ва ин мулки вайронаро танҳо худамон обод менамоем.
Ҳамин буд, ки он субҳи умед ҳам расид. Баъди чандин гуфтушуниду музокирот, оқибат 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ баста шуд ва ин аҳднома дар сафҳаҳои таърихи башарият бо унвонии "Сулҳи тоҷикон" машҳур ва мавриди омӯзишу корбарӣ қарор гирифт.
Дар баробари пешравиҳое, ки кишвари мо дар давоми ҳамагӣ сӣ сол ба даст овард, ҳамчунин мардуми ақсои олам ҳамчун кишвари амну осоишта, макони сайру саёҳат, дорои ёдгориҳои беназири миллӣ шинохтанд ва ҳар сол ҳазорҳо-ҳазор сайёҳон аз манзараҳои зебову дилкаш, ёдгориҳои таърихӣ боздид ба амал меоранд.
Мавриди тазаккур аст, Қасри Арбоб, ки ҳамакнун Муассисаи давлатии вилоятии "Қасри Арбоб" номгузорӣ шудааст, низ макони тамошобобе мебошад ва таърихи бою аҷибе дорад, дар бунёдаш, ки болотар қайд гардид. Дар инҷо мутахассисони сайёҳӣ фаъолият доранд, ки барои сайёҳон аз оғози бунёди ин бинои муҳташам, раванди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон бо забонҳои гуногун, аз ҷумла русиву англисӣ маълумоти пурра медиҳанд. Дар ин маврид ҳаминро ёдрас мешавем, ки ҳайати эҷодии рӯзнома "Хатлон" низ дар арафаи ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ ва омодагиҳо ба 30-солагии баргузории Иҷлосияи тақдирсоз ба инҷо сафар доштем. Як нукта бисёр ҳам боиси таваҷҷуҳ гардид, ки дар ҳамин қасри боҳашамат баргузор гардидани Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон бо чанд рақами худ гӯё хости Худовандӣ бошад. Дар даромадгоҳи қаср 16 сутуни боҳашамат мавҷуд аст, ки ҳар кӣ вориди он мегардад, бе таваҷҷуҳи хоса наметавонад гузар кунад. Дигар ин ки Иҷлосияи 16-ум 16-уми ноябр ба кори худ оғоз бахшид ва расо 16 рӯз давом кард.
Аз он рӯзҳои хотирмон 30 сол мегузарад ва ҳар кӣ ба тамошои ин пойгаҳҷойи давлати навини тоҷикон-кишвари соҳибистиқлол меояд, ҳамаи он лаҳзаҳоро аз расму хотираҳое, ки чун рамзи ёдгорӣ толору деворҳои қасрро оро медиҳанд, мебинаду аҳсан мехонад.
Ф. Бобоев, И. Ҳасанов,
Бохтар-Б. Ғафуров-Бохтар