Эълони “Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 1 913
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо тасвиби як қарори худ иқдоми “Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон”- ро бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон эълон намуданд, ки аз 21 апрел то 1 июн идома мекунад.
Баргузории чорабиниҳо таҳти унвони “Чил рӯзи ҳаёти кудакон” падидаи нав дар фазои таълиму тарбия буда, дар доираи он чил навъи чорабинӣ, ба монанди мусобиқоти варзишӣ, рассомӣ, нақшдӯзӣ, иншонависӣ, шеърхонӣ, озмунҳои зеҳнӣ, маҳфилҳои адабӣ, тамошои намоишномаҳои театрӣ, сайри осорхонаву ёдгориҳои таърихӣ, озмунҳои “Ихтироъкори беҳтарин”, “Хонандаи сол-2022”, “Барномасози беҳтарин”, “Дастони моҳир”, “Дӯзандаи беҳтарин”, “Ровии беҳтарин”, “Гулпарвари беҳтарин” ва монанди ин ба нақша гирифта шудаанд.
Мақсади иқдом бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани завқи китобхонию илмдӯстӣ, шеърдӯстӣ, малакаи эҷодкории насли наврас, пешгирӣ намудан аз амалҳои номатлуб дар байни ноболиғон, дастгирии кӯдакони имконияти ҷисмониашон маҳдуд, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дарёфти истеъдодҳои беҳтарин аз миёни кӯдакону наврасон унвон мешавад.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...