Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҳосилнокӣ бояд афзун гардад


Ҳосилнокӣ бояд афзун гардад



Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ҳамроҳ бо роҳбарони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ вобаста ба истифодаи оқилонаву самараноки замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ ва аз ҳар қитъа гирифтани се-чор ҳосил аз ноҳияҳои Носири Хусрав, Қубодиён ва Шаҳритус боздид ба амал оварданд.

Зимни шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзии ноҳияҳои мазкур барои истифодаи самараноки ҳар қитъа замин, интихоби навъҳои ҳосилхезу минтақабоби тухмиҳо, сари вақт гузаронидани коркарди агротехникии майдонҳои кишт, ҳамкории доимӣ бо кишоварзон ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо ба масъулин дастурҳои зарурӣ ва ба деҳқонон тавсияҳо дода шуданд.

Ба роҳбарияти ноҳияҳо ва масъулини соҳаҳои дахлдор дастур дода шуд, ки ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои холимонда ва партов, таъмиру тармими босифати насосҳои обкашӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои қатъӣ андешанд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода