Ифтитоҳи бунгоҳи тиббӣ дар Данғара
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 1 688
Муовини якуми раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода ва намояндагони Ҳукумати мамлакат дар маросими ифтитоҳи бунгоҳи тиббии деҳаи Боғпарвари ноҳияи Данғара ширкат варзиданд. Ин бунгоҳ дар доираи иқдомҳои созанда ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд шуда, ба 2 ҳазору 468 нафар аҳолии деҳаи Боғпарвар хизмат мерасонад.
Дар бунгоҳи тиббӣ ҳуҷраҳои бақайдгирӣ, қабули беморон, ҳуҷраи момодоя, ҳуҷраҳои доругузаронӣ ва эмгузаронӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошанд.
Раиси вилоят иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Қиёмиддин Чориқуловро, ки дар бунёди иншооти мазкур саҳм гузоштааст, қобили таҳсин ва намунаи ибрат хонд.
Дар ҳамин замина дар Ҷамоати деҳоти “Лолазор”-и ноҳияи Данғара 2 ҳавзи моҳипарварии Кооперативи истеҳсолии “Каёнуш” мавриди ифтитоҳ қарор ёфта, дар он панҷ намуди моҳиҳо, аз қабили моҳии амури сафед, зағорамоҳӣ, карп парвариш шуда истодааст. Моҳипарварон иқдом доранд, ки дар оянда ҳавзҳои моҳиро дар майдони 20 гектар афзоиш диҳанд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...