Рӯзи душанбе нишастҳои матбуотӣ оғоз меёбанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабарҳо, Боздид 1 133
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП-1729, тибқи ҷадвали замимагардида дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2021, аз 31 январ то 17 феврали соли ҷорӣ бо намояндагони васоити ахбори омма нишастҳои матбуотӣ доир мегарданд.
Тибқи нақшаи тасдиқшуда, рӯзи душанбе, 31 январи соли 2022, нишастҳои матбуотӣ дар Раёсати маорифи вилоят, Раёсати тандурустӣ, Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бурӣ Воҳидов, Сарраёсати хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят,Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят, шуъбаи хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ, Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, идораи пиллаи вилоят, КВД мубориза бар зидди малах, инчунин дар шаҳри Кӯлоб рӯзи 31 январ роҳбарони ҶСШК «Шабакаҳои барқи Кӯлоб»,Раёсати назорати давлатии энергетикӣ дар минтақаи Кӯлоб, муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кӯлоб,Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Кӯлоб, Раёсати муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар минтақаи Кӯлоб, Филиали КВД Маркази сертификаткунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёти минтақаи Кӯлоб, КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб», филиали Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва бозрасии савдои минтақаи Кӯлоб барои намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ барпо мекунанд.
Ҳангомаи ИСМАТ, “Хатлон”